Самараҳои ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол
Санаибисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиќлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва таќдирсоз, яъне рўзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабтшудааст.
Воќеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муќаддасе мебошад, китамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рўзгори мардумон аз он ибтидо мегирад.
Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардид ва марҳилаи ниҳоят душвору ноороми солҳои аввали истиқлолияти кишвар паси сар монд. Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози солҳои истиқлолият дар натиҷаи фитнаву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд ва хавфи воқеъии аз харитаи сиёсии ҷаҳони муосир нест шудани Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба миён овард. Дар чунин вазъияти ҳассос Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16-уми ноябр то 2-уми декабри соли 1992 дар қасри фарҳангии Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва вакилони мардумӣнисбатиинтихоби Сарвари ояндаи давлат- дурандешона ва оқилона рафтор карда, яке аз вакилони фаъоли Шӯрои Олӣ, ҷавони сарсупурдаи миллат, фарзанди асилзодаи тоҷик, инсони боиродаву ҷасур Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд.
Сарвариҷавону тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмоннахустин бор ба ҳайси Сардори давлат баромад карда, ба вакилони мардумӣ ва тамоми мардуми кишварамон изҳор доштанд: “ Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем”.
Бо ҳидояти Сарвари давлатва ибрати шахсии ӯ роҳбарони қувваҳои мухолифинПарчами нав қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯсида, дар сари дастархони оши оштӣ ҷамъ омаданд,ки ин ҳама оғози кори сулҳоварӣ буд. Маҳз қавииродагӣ ва ҷасурию хайрхоҳии Сардори давлат буд, ки ҷонибҳо баъди гуфтушунидҳои зиёд ба шартҳои ҳамдигар розӣ шуда ба ваҳдат расиданд. 20 сол муқаддам, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Ин санади сарнавиштсози миллӣ ба раванди тақвияти сулҳ, амнияти воқеӣ дар мамлакат, ноил шудан ба дастовардҳои бузурги кишвари мо роҳи васеъ кушод.
Дар Муроҷиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаиумумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонаҳамияти бузурги таърихииин рӯйдоди фараҳбахшро барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён таъкид намуда, гуфта буд: “Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳо барои нигоҳ доштанидавлати милли тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик, ҳарчанд аввал пешпо хӯрд. Имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад. Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳия, деҳоти дурдаст ва оилаҳо интизор будем, фаро расид”.
Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққатҳои зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.Онволотарин шоҳасари миллӣ маҳсуб ёфта, мавриди омӯзиши кулли мардуми сулҳхоҳи олам қарор дорад. Чунон ки худи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Беҳуда нест,ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъминисулҳ,ба Ватан , ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмониамният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, воқеъбинонаарзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодирисулҳоварӣ эътироф гардид».
Имрӯз Ваҳдати миллӣва таҷрибаи сулҳофариитоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлатаст, аз ҷумлаи сабақҳоибасо арзишмандест, ки натанҳодар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низмавридиистифода қарор гирифтааст.
Ваҳдат арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамоӣ сохт, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиро дар мамлакат таҳким бахшид. Танҳо баъд аз ба имзо расиданиСозишномаи умумииистиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва аввалин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ин баргардонидани фирориён ба ватан буда, то соли 2000 ин иқдоми наҷиб хуб ҷамъбаст гардида, дар натиҷа “мо ба марҳилаи рушд ворид шудем ва пешрафти босуботи иқтисодиёт,беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем”.
Имрӯзҳо сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат, қабл аз ҳама, ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан баҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона гардидааст.
Ҳар чи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии кишвар таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон нақши муҳим доранд.
Бунёди нерӯгоҳҳои хурду азим: нерӯгоҳи барқии обии «Помир – 1» сохтмони нерӯгоҳҳои барқии – обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб – Шимол», хатти интиқоли барқи 220 – киловатаи «Лолазор – Хатлон», оғози бунёдисарбанди нерӯгоҳибарқии обии “Роғун”боиси шукру сарфарозии хурду бузурги кишвар гардид.
Ҳамчунин,тавре аз Паёми Сарвари давлат бармеояд, таҷдиди нерӯгоҳи барқии обии “Сарбанд”бо маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли 2017 марҳилаи якуми барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқӣ обии“Норак” дар ҳаҷми 3 миллион сомонӣ ва “Қайроққум” ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад.
Дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020»дар қаламрави мамлакат сохтмони 190 нерӯгоҳи хурди барқии оби дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи-обии «Сангтӯда-2» идомаи корҳои барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла Норак, Қайроққум, силсиланерӯгоҳҳои барқии обӣ дар ҳавзаи дарёҳои Варзобу Вахш ва сохтмони дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст. Қабули “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020” раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат таккони тозае бахшида ҷиҳати амалигардонии онҳо ҷалб ва истифодаи 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сохтмони шоҳроҳҳои байналмилалӣ аз қабили роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Қулма, Душанбе – Нуробод, Ҷиргатол – Саритош (сарҳади Қирғизистон), азнавзозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд- Чаноқ, сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол», нақбҳои Шаҳристону Шаршар, силсилапулҳои азим дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон самараҳои файзбахши истиқлол ва сулҳу ваҳдат буда, дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди бемайлони иқтисодии кишвар дастовардҳои беназир мебошанд.
Мусаллам аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон таъмини амнияти озуқавории кишвар мавқеи ҳалкунанда дошта, ҳамзамон манбаи асосии таъминиаҳолӣ бо маводи озуқа, корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом ва самти муҳимтарини таъмини шуғли аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Солҳои нахустини истилолият бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар бахши кишоварзӣ вазъи душвори иҷтимоӣ, бекормонии оммавӣ, пастшавии музди меҳнат, беқурбшавии пул, ба қарз фурӯ рафтани деҳқонон ҳукмфармо буд. Танҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаиПрезиденти кишвар 75ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон ҷудо шуд, ки дар кори бо маҳсулоти озуқа таъмин намудани аҳолӣ нақши мунир гузошт. Қобили зикр аст, ки дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бамаблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.
Дар даврони истиқлолият ва расидан ба ваҳдати миллӣ бо иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 2500 биноҳои таълимӣ, 9 мактаби Президентӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин замина танҳо дар соли 2016 201 бинои таълимӣ бо маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Шумораи мактабҳои олӣ аз 13 ба 39 адад расид. Барномаҳои давлатии рушд, кампютеркунонӣ, омӯзиши забонҳои русию хориҷӣ қабул гашт. Маркази миллии тестӣ ташкил шуд.
Бо мақсади тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пас аз таҳия ва муҳокимаи умумихалқӣ қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид.Қонуни мазкур барои дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардию ахлоқи ҳамида ба воя расонидани ҷавонон, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ нақши муҳимбозида истодааст.
Ҳар як шаҳрванди бошарафи Тоҷикистон ба туфайли истиқлолият ва ваҳдат имрӯз хуб дарк намудааст, ки Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолияту ваҳдатва дастовардҳои он, пос доштани хотири неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст.
Таҷлили ҷашну бузургдошти шахсиятҳои ҷаҳоншумули адабӣ, илмӣ сиёсиву мазҳабӣ ба монанди1100 - солагии давлати Сомониён, 2700- солагии «Авасто», 2500- солагии шаҳри Истаравшан, 2700- солагии шаҳри Кӯлоб, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150- солагии зодрӯзи поягузори шеъри тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, таҷлили солгарду нашри осори безаволи Носири Хисрав, Умари Хайём, Муҳаммад Ғаззолӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ ва бузургони дигар барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, зинда ва мустаҳкам намудани хотираи таърихӣ, дарки масъулияти ватандорӣ, омӯзишу ҳифзи фарҳанги бумӣ мусоидат карда, дастоварди беназиру саҳифаҳои пурарзиши давлатдории навини тоҷиконмаҳсуб меёбанд.
Эълон гардидани соли 2009 ҳамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам шаҳодати аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ҳифзу эҳёи на танҳо арзишҳои миллӣ, балки поксозиву эҳтироми дину мазҳаб низ ба ҳисоб рафта, он аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистону берун аз он далели муҳаббату иродат ва эътиқоди олии Президенти кишвар ба дини мубини ислом, мазҳаби ҳанифӣ ва арзишҳои миллӣ дониста мешавад.
Соли 2010 бо ташаббуси бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар тибқиҳуҷҷатномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон «Наврӯзи Аҷам» мақоми байналмилалиро соҳиб гашт. Мусаллам аст, ки «Наврӯзи Аҷам» соф оини мардумӣ буда, ба ҳеҷ дине ё мазҳабе мутааллиқ нест ва дар тӯли қарнҳо бо шукӯҳу шаҳомати хосаи худ дар фарҳанги мо ҷойгоҳу мақоми шоистаи хешро пайдо намудааст. Наврӯзи Аҷамэҷоди табиату тафаккури халқи тамаддунофари мо буда, бо ҳамаи забонҳои бузурги ҷаҳонӣ пазируфта шудани воҷаи «Наврӯз» ва иди ҷаҳонӣ гардидани он мояи ифтихори ҳар фарди тоҷик аст.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. ДарВатани маҳбубамон раванди босуръати ободониву созандагӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвари шаҳрвандӣ, пешрафти рӯзафзуни илму маориф, фарҳангу маънавият, болоравии ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ пайгирона амалӣ шуда истодааст, ки ҳамаи он неъмати шакарборибоғи ваҳдат аст.
Имрӯз вазифаи ҳар як сокини мамлакат ҳифзи сулҳу субот ва расидан ба қадри ваҳдати миллист. Мо бояд ба авзои нобасомони кишварҳои ноором бо дидаи ибрат нигариста, сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби ОлӣЭмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Н. Маҳмудова, н.и.т.,дотсент