Саидюнус ва ҳизбҳои худхонд
Саидюнуси Истаравшанӣ яке аз саркардаҳои ҲНИ, ки чандин маротиба ба маҳбас рафта бо сабаби ҷиноятҳои дуздӣ номи худу оилаашро бадном карда, баъдан чизҳои дуздидаашро дар роҳи татбиқи сиёсати ҲНИ сарф мекунад, ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул аст. Ӯ дар яке аз сомонаҳои террористӣ аз номи Файзулло Баротзода, мудири Маркази исломшиносӣ, ки дар гуфтугӯи ахираш бо хабаргузории “Ховар” тасреҳ кардааст, ин ҳарфи ӯро иқтибос гирифта ба таври худаш шарҳу тафсир сохта, ҷомеи Тоҷикистонро ноором карда истодааст. Матлабе, киФайзулло Баротзодадар ин маврид баён кардааст чунин мебошад:“ба назари мо, ҳоло раванди динзадагӣ ва шефтаи масҷиду меҳроб будан дар ҷомеаи мо тамоюли пастравӣ дорад...”. Воқеан дураст аст, ки афкори динзадагии ифротиро, ки асосгузораш Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИ ба ҳумор меравад, имрӯз рӯ ба коҳиш ниҳодааст, ки натиҷаи сиёсати дурусти ҳукумати ммалакат мебошад. Дар ҷамъият мо ҳизбҳое фаъолият мебаранд, ки маънои зиндагии инсониятро аз номи дини мубини Ислом рӯирост хато маънидод менамоянд ва чашмони ташкилкунандагони чунин ҳизбҳо ташнаи ҳирси пулу моли бедардимиён ва хуни мардуми орому осоишта мебошад.
Ҳоло таассубу ҳурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз тарафи аъзоёни он ҳизбҳои ба ҷамъият бегона ташкил ёфта истодааст. Ҳар як шунавандаи мафҳумҳои авзои беҷои ҷаҳони муосир, куштор, одамрабоӣ, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, кинаву адовату бадгумонӣ ва амсоли инҳо дар ҷамъиятамон, албатта дар бораи ҳизбҳои ба ҷамъият бегонаи дини мубини Исломро сиёҳкунанда фикр мекунад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҷамъият бе камбудиву мушкилот намешавад ва ин нофаҳмиҳоро бо якдигарфаҳмӣ бартараф кардан мумкин аст, вале он сиёҳкунандагони дини мубораки мо ба ҷои бартараф намудани норасогиву камбудиҳои халқи худ, аз чизи набудагӣ бӯҳтону маломат сохта барои ғафс гардидани кисаи худ чӣ корҳое аз дасташон ояд карда истодаанд.
Онҳо аз рӯи хати каҷи кашидаи душманони сайёраи мо набаромада бар сари инсоният ҳодисотҳои номатлубро оварданд ва оварданро давом дода истодаанд, аммо аз ин роҳ ақиб гаштан намехоҳанд, зеро чашмони онҳоро хуни мардуми бегуноҳи рехтаашон гирифтааст. Онҳо роҳи сафедро намебинанд ва барои ҳамин ҳам то ҷон доранд дар зери ниқоби сиёҳашон дини мубини Исломро поймол намуда ба ҷамъияти худ зарару халал расонида мегарданд.
ТТЭ ҲНИ як намуди дарахтҳои худрӯянд ва исботу далели пайдоишу таърихи барои инсоният мусбат надоранд. Решаи он дарахтҳо ҳамеша аз заҳри қотили замин манба мегиранд ва заҳрҳои ба чашм ноаёни онҳо ҳавои сайёраамонро ифлос намуда ба шуши баъзе бешуурон ва бекорагарду авбошон медарояд. Он ҳавои нопок тайёрхӯрии он шахсонро мефаҳмад ва онҳо яъне нафаскашидагони бешуури муосир заҳрдор мегарданду водор мешаванд ба амалҳои нопоки инсонӣ даст зананд. Ин афсона не ин ҳақиқат аст, ки воқеотҳои ҳаёти замони мо исбот карда истодааст.
Ҳоло он заҳролудшудагон дар зери номи дини мубини Ислом нобакориҳои худро давом дода истодаанд. Вале халқ аллакай ба тарҷумаи ҳол ва фаъолияти корӣ, маром мақсад ва вазифаҳои онҳо дар ҷамъият шинос аст. Он дини Исломро сиёҳкунандандагон ба меҳнати софдилона гарданашонро об кардан намехоҳанд, ноилоҷу камшуурандва кӯшиш карда истодаанд, ки фаъолияти аз ин ҳам осонтареро ёбанду бар сари инсоният бор гардида шабу рӯз тамошобини натиҷаҳои фитнаву нарангҳои ангехтаашон гарданд.
Аммо афсӯс ва сад афсӯс саҳифаҳои китоби найрангу буҳтонҳои онҳо ба охир расида истодааст ва муаллифони он китобҳо, яъне худи онҳо кӯчагард гардида истода аз паи ёфтани кӯчаи рости зиндагӣ мебошанду тан надода истодаанд.
Таълиму тарбияи дуруст барои ташаккули инсону ҷамъият дар оила падару модар бошад, дар ҷамъият муаллимон – тарбиятгарон аст, ки дар пешгирии зуҳуротҳои номатлуб ҳамеша пешрав мебошанд.
Мебояд ҳар як фарди ҷомеаи муосир дорои ҳуввияти миллӣ, маърифатӣ ва ахлоқӣ бошад, ки аз паи сиёсати созандаи кишвараш роҳ паймояд.