Саидюнуси Истаравшанӣ ва хиёнатҳои ӯ

Мо матлаби Юнуси Истаравшаниро, ки дар яке аз сомонаҳои террористӣ таҳти унвони “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад” мазкум менамоем. Зеро ин хоини миллат боз намозу рзарон як тараф гузошта, даст ба тӯҳмату маломати шахсиятҳои мамлкат мезанад. Ин дузд, ки чандин маротиба бо ҷурми дуздӣ ба зиндон афтода буд, имон оварда мусалмон шудааст. Имрӯз аз номи ислом гап зада, номи исломро бад мекунад. Ҳамин гуна нафарони бесавод, ки дар сари минбари масҷид буданд, воқеан номи исломро на ин ки дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ паст карданд. Чандин маротиба дуздӣ карда ба даст ба афтоданд, ки мардуми кишвар аз ин гуна домуллоҳои бесавод дилгир шуда бад дод омадаанд. Бояд қайд кард, ки акнун дар Аврупо тӯли чанд соли охир ин зодагони хиёнатпеша бо ҳимояту роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ кӯшиши идомаи фаъолияти ғайриқонунӣ намуда истодаанд. Ин ашхоси бадхоҳи миллати тоҷик, ки қаблан бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом бо иғвоангезӣ ва тӯҳмату бӯҳтон мардумро ба қатлу куштор ва зидди ҳокимияти амалкунанда бармехезониданд, ҳоло ҳам хориҷ аз марзу буми аҷдодӣ фазои орому осудаи ватани азизамонро ба чолиш мекашанд. Аммо, шаҳрвандони шарифи Тоҷикистони азиз аз аъмоли манфуру разилона ва бадбинонаи ин қабил афрод ҳанӯз аз замонҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахубӣ огаҳӣ дорем. Мо медонем, ки ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом маҳз бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ ҳамагуна арзишҳои миллиро паси по зада, роҳбарони он чӣ гуна барои рехтани хуни ноҳақи мусалмонон фатво содир менамуданд. Барои ин бадхоҳони миллати мо, ки Ватан, миллат ва дину мазҳаб ҳеҷ арзиш надорад таъсис додани ташкилоти ифротие бо номи Паймони миллӣ ба ҷуз аз бадномкунии мавқеи сахтгири Тоҷикистон нисбат ба терроризми, дигар чизе нест. Бо таъсиси чунин ташкилоту паймон ва ё анҷуману дигару дигар ин тангназарон мехоҳанд ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошида дар ақсои олам сари тоҷдори мардуми кишварро хам созанд.

Назҳат ва назҳатиён ҳамеша ба таърифу тавсиф ниёз дошт ва дорад, чунки аз он меҳаросад, ки симои зишташон пешорӯи мардум намоён гардид ва дигар имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст дод. Ин аст, ки ба таърифу тавсифхои бебунёд, худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашида истодаас

Аз ин рӯ мо амалкардҳои зиддимиллӣ ва хоинонаи наҳзатиён, оқибатҳои фоҷиавии кирдори разилонаи онҳоро шадидан маҳкум менамоем.

Имрӯз зандаовар аст, ки аз номи паёмбари ислом Юнус ҳарф зада, дар гузориши ҳангомахоҳонаи хеш аз як порчаи манзуми Маснавии маънавӣ истифода бурдааст. Тавре ба мушоҳида расид, ин Саидюнуси Истаравшанӣ исломи ҳақиқиро намедонад ва ғоратгариро ислом ҳисобида, мисли террористони ифротӣ дар пайи ба ҷаннат рафтан буда, гуноҳони хешро бо ин роҳ пок карданист, ки бисёр хандаовар мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ