САҲА: Кабирӣ ва дигарон
Дар нишасти навбатии САҲА дар Варшава, ки намояндаҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар шахси муовини аввали вазири умури хориҷии Низомиддин Зоҳидӣ, муовини директори Маркази исломии Тоҷикистон Рустам Азизӣ ва дигар масъулин низ ширкат доштанд, бозиҳои навбатии ҷонибдорони Кабирӣ бори дигар ба назар намоён гардиданд. Манбаъҳо хабар медиҳанд, ки суханрониҳои ду намояндаи ҳукумати мамлакат дар сатҳи баланд танинандозӣ гардиданд ва ҳамаи гуфтаву пешниҳодҳои эшон қобили қабул буданд, далелҳояшон раднашаванда эътироф гардидаанд. Воқеан, яке аз иштирокчии ҷаласа чунин таъкид кардааст: «Ман суханронии онҳоро гӯш карда, боз ҳамон шиори нашрияи «СССР»-ро ба ёд овардам: «Мо метавонем!»». Ҳамагон тасдиқ мекунанд, ки давоми як соли охир дар рафтору гуфтору кирдори Кабирӣ дигаргуниҳои зиёд эҳсос мешаванд. Ин чӣ тавр рух дод ва кӣ сабабгори он аст? Манбаъҳо мегӯянд, ки Кабирии «артист» барои худ боз як «режиссёр»-и нав пайдо кардааст. Ин шахс алҳол Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён ном дошта, дар гузашта чун Саймиддин Дӯстов маъруф буд. Ӯро баъзе ҳолдонҳо ҳатто «политтехнолог» муаррифӣ кардаанд. Агар як гурӯҳи атрофиёни Кабирӣ аз пайдо шудани Дӯстов табли шодӣ зананд, гурӯҳи дигар чун аз найрангҳои вай ба хубӣ огаҳанд, аз он нигаронӣ доранд, ки ин фард оқибат «раиси моро ба ҷарӣ мебарад». Ин пиндор ҳам беҳуда нест. Зеро ҳама медонанд, ки Дӯстов, то замони гуреза шуданаш, яке аз душманони Кабирӣ буд. Як манбаъ чунин менависад: «Муҳоҷират ба Дӯстов осон наафтид. Ӯ бисёр орзу дошт, ки дар Олмон паноҳандагӣ гирад. Аммо, мақомоти Олмон ба ин меҳмон рӯи хуш надоданд ва ӯ ночор ба Австрия рӯ овард. Баъди чанде Дӯстовро аз Австрия низ ронданд, аниқаш «депортатсия» карданд. Баъди ин ӯ ба Полша омад. Як муддат дар лагери гурезаҳо буд. Баъдан, аз ноилоҷӣ ё ҳирси молу пул бо душмани собиқаш Кабирӣ пайваст». Тааҷҷубангез аст, ки айни замон С. Дӯстов, воқеан, политтехнологи пасипардагии Кабирӣ ба ҳисоб меравад. Ва ҳатто маълум ҳам нест, ки дар ин эътилофи дурӯғин ӯ узви наҳзат аст ё не? Вале, барои аксарият дигар чиз рӯшан аст: замоне ҳамин Дӯстов узви фаъоли ҳизби Президенти кишвар – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Ӯ на як бору ду бор, балки хеле зиёд ва ошкоро худро ба тоҷирон, сиёсатмадорон, вазирон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ наздик нишон медод. Вай омода буд, ҳама корро барои баланд бардоштани имиҷи ҳукумат ба анҷом расонад. Аммо, ҳукуматиҳо низ, ҳамон тавре ки Дӯстов тасаввур мекард, гӯл ва соддалавҳ набуданд. Бо вуҷуди ин, вай се-чор бор аз ҳукумат пули калон ҳам «канд» ва бо ҳамин бозиҳояш ба анҷом расиданд… Баъди шикастҳои пайдарпайи наҳзат дар раёсати ҳизб ҳатто садоҳое шунида шуданд, ки мабодо ин «дӯст»-и Кабирӣ фиристодаи ҳукумат бошад? Охир вай чаро чеҳраи худро нишон намедиҳад? Чаро дигаронро ба пеш тела мекунаду худ дар паси парда қарор дорад? Дӯстов бисёр мехост, ки дар Аврупо як муассисае оид ба дифоъ аз рӯзноманигорон таъсис бидиҳад. Вале аксари рӯзноманигорони дар Аврупо буда аз ҳамкорӣ бо Дӯстов даст кашиданд, зеро онҳо кӣ будани вайро хуб медонанд… Ана, ҳамин тариқ аст, мухтасари гирумонҳои Кабирӣ ва атрофиёни ӯ марбут ба ҷаласаи навбатии САҲА.