САҲА фирефтаи ақидаҳои ғаразноки ҲНИ шудааст магар?

Барои боз ҳам беҳтар нигоҳ доштани суботу амнияти давлат ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб эмин доштани халқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ кўшиш менамоянд.

Баробари дастовардҳо албатта камбудиҳо низ ҷой доранд, ки ин бевосита дар рўзномаи аввали машварату ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин камбудиҳо аллакай мавриди баррасӣ қарор гирифта ҳалли худро ёфта истодаанд.

Бояд қайд кард, ки дар шароити имрўза вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай бо пешравиҳои худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар дохил ва муносибатҳои байналхалқӣ худро муаррифӣ карда истодааст ва пайваста кўшиш намуда истодааст, ки мардум осудаҳол зиндагӣ кунад ва барои ҳамин тамоми барномаҳое, ки вобаста ба рушди мамлакат ва ҳал намудани масъалаҳои стратегӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Бояд халқи тоҷик аз дастовардҳои даврони истиқлолият баҳра баранд онро ҳифз намоянд, муқаддас шуморанд, новобаста аз он ки дар дохили Тоҷикистон ё ин ки берун аз он қарор доранд. Бояд онҳо бо ҳисси масъулиятшиносиву хештаншиносии худ дарк намоянд, ки ҳамаи ин бевосита кўшишу заҳматҳои Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аммо боз ҳам шахсиятҳое ҳоло ҳам ёфт мешаванд, ки нисбати ватани худ ақидаҳои ғаразноки худро азберун истода нисбати Тоҷикистон ақидаҳои беасоси худро паҳн менамонд, ки акнун ташкилотҳои бонуфузи байналхалқиро низ ба доми фиреби худ кашидаанд.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ба шумор меравад, ки дар давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба он аъзо гардид ва ҳамешагӣ ба дастгириионҳо боварӣ дошт. Имрўз бошад ин ташкилот ба гапҳои ғаразноки шахсиятҳое, ки фақат ба халалдор кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ҳастданд, боварӣ доранду ба мутахассисони сатҳи байналхалқӣ, ки ҳамешагӣ барои нафъи Ватани азизамон мекўшанд, не.

Акнун ки Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ обрўву нуфуз пайдо кардааст ва онро рўз то рўз вусъат бахшида истодааст, боз ҳам ҳамон шахсоне, ки ин пешравиҳоро дида наметавонанд, баромад карда истодаанд.Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ мебошад, дар баробари дигар давлатҳои узви ин созмонҳо тамоми вазифаҳоро вобаста ба таъмини сулҳу осоиштагӣ, ки яке аз омилҳои асосии СММ мебошад ва инчунин барномаҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризму эстремизм ҳастанд, иҷро намуда истодааст, ки ин дар машваратҳои сатҳи болоӣ бо иштироки сарварони давлатҳо гузаронида мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, дастгирии худро ёфта истодааст.

Барои ҳамин ҳам мо гуфта метавонем, ки Тоҷикистон ба ин гапҳои беасос аҳамияте намедиҳад, зеро ки мақоми ватанпарастиву ифтихори миллии шаҳрвандонаш бо дарстгирии Сарвари муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомотҳо дар андешидани масъулияти ватандориву риояи қоидаву қонунҳои дохиливу берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дорад ва мардуми шарафманди тоҷик ҳамешагӣ барои дастгирӣ омда аст.

Эсхата

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ