САҲА бояд чеҳраи хиёнаткору иғвогарро шиносад.
Ҳар сару садоҳое, ки таи чанд вақт аз ҷониби наҳзатиён оид ба вохуриҳои баргузор гардида дар Варшава доранд, фикр кардаанд, ки бо он ки ба ҳоли зори онҳо иҷозати иштирок доданд, он ҳамаи кирдорҳои разилонаашон рӯйпуш гаштаасту тавонистанд ба ҳиллаву найранги худ намояндагони дигар созмонҳои хориҷиро низ бовар кунонанд. Аммо аз ҷониби шумо ва роҳбаронатон ҳар ҷонбозие, ки мешавад ҷуз ҳиллаву найранг чизи дигаре нест боз шармандаву шармсор мегардед. Мо аз он сабаб дар Ватан қарор дорем, ки чун шумо хоину ватанфурӯш нестем, ба хотири манфиатҳои шахсӣ ҳирс, тамаъ, пулу мол аз баҳри Ватан,миллат, падару модар нагузаштаем. ҲНИ ки вуҷуди манфуру фурухташудаед ва маҳз бо роҳбари ва дастандории шумо дар кишварамон ҷанги бародаркуш сар зад тамоми оламиён маълумот доранду медонанд. Агар САҲА-е, ки аз ҳамаи хабару воқеа ва рӯйдоҳои олам огоҳӣ дорад то имрӯз аз ин «қаҳрамони»-ҳои шумо наҳзатиён бехабар бошанд, дар маъхазҳои Тоҷикистон он «қаҳрамониҳову диловариҳо»е, дар майдон нишон дода ба муқобили бародари худ оташ кушода, хуни мардуми бегуноҳро рехта Тоҷикистонро ба хок яксон намудед маҳфуз нигоҳ дошта шудааст. Имрӯз, ки ҳамаи ҷиноятҳои содир намудаашонро худ дар тарозу бар кашидаанду хукми худро медонанд, аз кишвар ба Аврупо ҳичрат карданд. Чӣ СММ ва ҳар касе ки набошад ба воқеият баҳои ҳақиқӣ бояд дода шавад. Ҳар як нафар мувофиқи аъмоли содир намудааш дар назди қонун бояд ҷавоб гӯяд. СММ як нуқтаро доир ба муддати тулонӣ зиндон намудани зиндониён баён намудааст, ки даъвоҳои кулли наҳзатиён мебошад. Агар шахс бо ҷурми табаддуллот кардан дар кишвар ва содир намудани ҷиноёти вазнину хиёнат ба Ватан даст дошта бошад, бояд нисбаташ чигуна чора бубинанд? Чаро дар бараи аъмоли зиште,ки содир намудаанд, ҳарфу назаре баён нагардидааст,ва Кумитаи ҳуқуқи башари СММ баҳои куркурона дода, онро мушкили мақомот ва ҷузъи поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шуморидааст, ки ғайри воқеӣ мебошад. Ҷиноятро пеш аз содир намудан андеша намудан лозим аст на баъд аз анҷоми корҳои нангину хиёнат паси ҳар даре бо зориву тавалло куфтан.Ҳар нафаре агар нисбати худи СММ кӯшиши анҷом додани чунин амалҳои хиёнаткориву табаддуллотро намояд пас ин Кумита нисбати чунин афрод чӣ чораву ҷазо татбиқ менамояд? Бинобар ин ба САҲА месазад, ки бори дигар бардоштҳои худро мавриди таҳқиқ ва санҷиши дақиқ ба роҳ монда, чеҳраҳои хиёнаткору иғвогаронро шинохта, нисбати ҲНИ, ки бо пои худашон наздаш ҳозир мешаванд хулосаҳои аниқу дақик барорад.