Рушди қобилияти когнетивии шахсият

Дар факултети педагогӣ аз ҷониби устодони кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ семинар-тренинги илмӣ таҳти унвони "Рушди қобилияти когнетивии шахсият тавассути методҳои замонавӣ" баргузор гардид.

Маҳфилро мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ дотсент Ҳусейн Зайтметов ҳусни оғоз бахшида, суханро ба сармуаллимаи кафедраи макур, равоншиноси шинохта Муҳаррам Раҳимова вогузошт. Номбурда, доир ба мавзӯи «Норасоиҳо дар рушди қобилияти маърифатии хонандагони хурдсол» маърӯза намуда, равандҳои маърифатӣ, омилҳои ба он таъсиркунанда, норасоиҳои дар самт дучоршаванда ва баркарор кардани холати эмотсионалии донишҷӯён маъулмоти муфассал ироа намуд.

Баъдан, дотсент Ҳусейн Зайтметов тариқи муаррифӣ тести санҷиши худбаҳодиҳоро, ки дарбаргирандаи масоили омилҳои пешрафти ҷавонон ва муаммои асосии психологияи муосир буд, байни донишҷӯён тариқиусулҳои фаъоли таълим ташкил намуд.

Дар семинар–тренинг аъзои маркази«Заковат» ширкат варзизада, бо донишҷӯён бобати мустаҳкамии хотир мубодилаи афкор намуданд.

Саиднисо Ҳамдамова, аъзои маҳфили «Нерӯи сухан»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ