Рӯҳи ҳамсарамро ноором насозед!

Чанд рӯз аст, ки оилаи мо гирифтори мусибат аст. Зеро аз сабаби беморӣ ҳамсарам Файзинисо Воҳидова ногаҳон вафот кард. Ман бо оилаам ҳаёти хуррамона доштам ва ӯ бо фаъолияти адвокатии худ ба ҳама кӯмак менамуд ва аз ин амали худ ҳамеша розӣ буд. Ҳолатҳое мешуд ки далериву ҳақталошии ӯро истифода намуда, баъзе гурӯҳҳо мехостанд ӯро барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Аммо ӯ ҳамчун ҳуқуқшинос фаъолияти худро дар доираи қонун идома медоду аз доми макру фиреби гурӯҳҳои ҳангоматалабу манфиатхоҳ дур буд. Мутаассифона, пас аз марги ӯ ҳам баъзе ашхоси палид ӯро дар гӯр ором намегузоранд. Абдусаттор Бобоеви хиёнаткор ва ватанфурӯшу дуруя шарм накарда, таъкид мекунад, ки «Бону аз саломатӣ шикоят надоштанд»… Ба ту беномус кӣ ҳақ дод, ки дар бораи зани дигарон ҳарф занӣ. Ту худро яке аз диндорону шариатпарастон ва дӯстони Файзинисо меҳисобӣ, ҳол он ки бо ту барин инсонҳои пасту разилу фурӯмояву ватанфуруш ҳамсари ман ҳеҷ вақт дӯстӣ накардааст. Боз ин Илҳом Ёқубови савдогар ва ватанфурӯши гуреза шарм накарда, мегӯяд ки «Бонуро ҳеҷ бемории хавфнок таҳдид намекард». Ту беномус аз куҷо медонӣ, ки ҳамсари ман чӣ гуна беморӣ дошт. Лаънат ба ту барин инсонҳо, ки мотами дигаронро ба манфиати худ истифода мебаранд.Файзинисо адвакат буд ва аз чунин гурӯҳҳову кумитаҳои авомфиребона ҳазар мекард. Лаънат ба Шумо барин тӯҳматчиҳо. Монед, ҳамсарам дар гураш ором бихобад.

Шумо шикастабаҳоён маро чӣ медонед?

Шумо бузургифурӯшон, маро чӣ медонед?.

Надидаед, чу як бор ҷанги рӯёрӯй

Шумо гурезаи майдон, маро чӣ медонед?.

Ба оби мурда фақат акси хеш мебинед,

Шумо хазони парешон, маро чӣ медонед?.

Ғайратҷон Воҳидов – ҳамсари марҳум Воҳидова Файзинисо

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ