Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар шароити муосир
Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм ва, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.
Экстремизм – (аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология ва ҳатто илм ба миён ояд. Дар яке аз Паёмҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистончунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) чунин мафҳумҳо ба монанди “зӯроварӣ” ва “тарсонидан” мебошанд. Терроризм ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муайян карда мешавад, ки бо таъсиррасонии қудратӣ, тарсонидани аҳолии осоишта ва ё дигар шаклҳои амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ алоқаманд аст.
Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Мисоли чунин амалҳои зиддиқонунӣ ва ифротӣ фаъолияти Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) маҳсуб меёбад. ДИИШ таърихи пайдоиши худро дорад, ки барои падид омадани он якчанд омилҳо мусоидат кардаанд.
Нақши гурӯҳи “Ал-Қоида” таҳти роҳбарии Абу Мусоба аз – Зарқавӣ дар пайдоиши Давлати Исломӣ калон аст. Сараввал гурӯҳи мазкур “Шӯрои муҷоҳидон” ташкил намуд, ки баътар ба он гурӯҳҳои “Ҷайш ат-Тайфа ал-Мансур” (Артиши ҷамоати ғолиб), “Ҷайш аҳлу-с-Сунна ва-л-Ҷамоа” (Артиши аҳли суннат ва ҷамоат), “Ҷайш ул-Фотеҳин” (Артиши ғолибон) ва “Ҷунд-ас-Саҳоба” (Аскари саҳобагон) ва дар маҷмӯъ гурӯҳҳои зиёди радикалии исломӣ ворид шуданд. 15-уми октябри соли 2006 онҳо “Давлати исломии Ироқ” (ДИИ)-ро ташкил доданд. Аввалин сардори сиёсии Давлати исломии Ироқ Абу Умар ал-Бағдодӣ таъйин гашт. Номи аслии ӯ Абдулло Иброҳим ас-Самараӣ аст. 9 апрели соли 2013 ин давлат ба худ номи нав - Давлати исломии Ироқ ва Шом (ДИИШ) - ро гирифт.
Ал–Бағдодӣ сарлашкари ҳарбӣ буда, соҳиби маълумоти олии исломӣ, унвони Доктори ҳуқуқ мебошад, ки ин унвонро дар Донишгоҳи исломии Бағдод гирифтааст. Насабаш гӯё аз қабилаи пайғамбар – қабилаи Қурайшиҳо оғоз мегирад. Ин омилҳо таваҷҷӯҳи насли нави салафиҳо-муҷоҳидонро ба шахсияти Ал-Бағдодӣ сахт ҷалб карданд. Онҳо аз ҷиҳоди сусти Ал-Қоида «дилгир» шуда буданд. Ҷиҳоди хуновартарро мехостанд ба амал бароранд.
5 июли соли 2014 Ал-Бағдодӣ ба сифати Халифа дар тӯли якчанд садсолаи охир ба минбари Масҷиди Бузурги шаҳри Мосул “- ал-Нурӣ, барои амри маъруф кардан ба муносибати Иди Рамазон баромад. Дар ҷавоб аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон миқдори зиёди муҷоҳидон ба Мосул роҳ гирифтанд.
Қаблан номи ин давлат, чи хеле, ки ишора рафт,«Давлати исломии Ироқ» (ДИИ) буд ва он давлат лоиҳаи Конститутсияи худро қабул карда буд, кичунин ном дошт - «Хабардор кардани инсоният дар бораи тавлиди Давлати Исломӣ». Ин давлат мақсад гузошт то қисми Ироқро, ки сунниҳо дар он истиқомат доштанд, забт намояд.
Моҳи апрели соли 2013 ин давлат дар бобати итоат кардан ба роҳбари Ал-Қоида қасам ёд кард ва дар назди худ мақсад гузошт, ки Аморати исломиро дар Лубнон, Сирия ва Ироқ барпо намояд. Вале бо сабаби ҷангҳои байни гурӯҳҳои Ироқӣ ва Сириягӣ, моҳи ноябри соли 2013 роҳбари «Ал-Қоида»/ДИИШ Аз-Завоҳирӣ қарор дод, ки ин давлатро пароканда кунад. То ин дам дар муборизаи байни ду ташкилотҳои исломӣ 1800 муҷоҳидон нобуд гардиданд.
Моҳи феврали соли 2014 сарвари «Ал-Қоида» Аз-Завоҳирӣ эълон кард, ки пайвастагӣ ва робитаи ДИИШ- ро ба ташкилоти худ инкор мекунад. “Аз ин пас «ДИИШ шӯъбаи гурӯҳи «Ал-Қоида” ҳисоб намешавад. Мо бо онҳо ягон робитаеро дастгирӣ намекунем ва барои амалҳои онҳо масъулиятро ба зимма гирифта наметавонем”, - гуфта мешавад дар эълони расмии роҳбарияти “Ал-Қоида”.
Аслан бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои гурӯҳҳои “Ал-Қоида” ва ДИИШ хеле ноустувор ва пур аз нофаҳмиҳо аст. Гарчанде дар байни ин гурӯҳҳо то дараҷае умумият мавҷуд аст, вале зиддиятҳои мафкуравӣ ва стратегӣ, фарқиятҳо дар мақсадҳои ниҳоии онҳо вуҷуд доранд. Ин омилҳо бесарусомониеро маънидод мекунанд, ки дар муносибати байни онҳо ҷой дорад ва хеле ноустувор будани ин муносибатро борҳо дар амал исбот кардааст.