Роҳҳои пешгирии терроризим ва экстремизим дар шароити муосир

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутасифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризим ва экстремизимба заррурати воқеи табдил ёфтааст. Замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизим ва терроризим ва инчунин дигар зуҳуротупадидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷидди ҷой дорад.

Чӣ гунае, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар баромадҳои худ таъкидӣ менамоянд: “”Терроризим ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардида аст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.

Аз ин рў ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср тамоми сайёраро фаро гирифтааст ва дар мутамаддитарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Зеро терроризм содир намудани амалхое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибӣ сиёсӣ, вайрон кардани бехатари ҷамъияти, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Террористон мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан маънои ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумеди афкандан аст.

Барои ҳамин ҳам мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ватанпарвар мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ