Радиои Озодӣ бо пули Амрико дар хидмати Амрико ва дигар абарқудратҳо
Тадқиқоти журналистии нашрияи амрикоии Eurasianet, ки аз ҷониби муҳаррири он Питер Леонард ба нашр расидааст, аз ҷумлаҳои нахустинаш ҳувайдост, ки Радиои Озодӣ ширкати амрикоӣ буда, бо пули Амрико фаъолият дорад. Вале гӯё ин ширкат пуштибони давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, озодии матбуот ва демократияро аз дидгоҳи амрикоӣ риоя намекунад.
“Тадқиқот”-и мазкур мисли паёми хонум Дейзи Синделар ба як мақсад равона шудааст, ки гӯё бахши тоҷикии Радиои Озодӣ таҳти роҳбарии Соҷида Мирзо ва Аббос Ҷаводӣ аз интиқоди Ҳукумати Тоҷикистон худдорӣ менамояд ва онҳо гӯё на журналистони озод, балки тӯтиёнӣ Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.
Ҳам Питер Леонард ва ҳам Дейзи Синделар як иддао доранд, ки чаро Радиои Озодӣ Президенти Тоҷикистон ва хонаводаи ӯро танқид намекунанд ва хабарҳои ин радио нисбат ба ТТЭ ҲНИ гӯё муғризона бошад. Ин “таҳлилгарон”, аз ҷумла Питер Леонард бешармона чунин даъво дорад, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон бе ягон далел аввали сентябри соли 2015 муовини вақти Вазири мудофиа А. Назарзодаро ба кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ гунаҳгор сохтааст ва оқибат ӯ аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ кушта шудааст. Дурӯягӣ, тӯҳмату бӯҳтон, бешармӣ, беҳаёгӣ, худфурӯшии ҷаноби Питер Леонард аз ҳад гузаштааст. Гуноҳи ин генерали хоин бо садҳо далелу санадҳои раднопазир собит шудааст. Магар барои Питери дурӯя, дасисабоз ин далелҳо кифоя нестанд? Ӯ аз сарнавишти роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва думравони ӯ, мисли Маҳмадалии Ҳайит таассуф мехӯрад.Вале ӯ хуб медонад, ки ТТЭ ҲНИ, сарварони он ва генерали хоин Абдуҳалим Назарзода аз як охур ҷав мехӯрданд ва мехӯранд. Аммо бешармона хабарҳои воқеиро нисбат ба ин ҳизби хиёнаткор ва радди маърака шуда, муғризона меномад.
Маълум аст, ки хонум Дейзи Синделар ва ҷаноби Питер Леонард кадом ғоя ва андешаро таблиғ ва ба мағзи мардум ҷо карданианд. Ҳама медонанд, ки Радиои Озодӣ бо пули Амрико ба Амрико хидмат мекунад. Ин шабака кайҳост, ки симои аслии худро чун як ниҳоди Сарраёсати Марказии Иктишоф (ЦРУ) ифшо намудааст. Ин шабака дар ҷанги идеологӣ, ҷанги сард, зӯран бор кардани ғояву андешаҳои бегона, “демократия”-и фаҳш, дурӯя, духӯраи Ғарб, ҷудоиандозӣ, тақрибкорӣ ҳамто надорад.
Суоле ба миён меояд, ки чаро маълумоти дуруст, воқеӣ дар бораи ТТЭ ҲНИ, сарвари ин созмони террористӣ Кабирӣ ва думравони ӯ аз нигоҳи муҳаррири нашрияи амрикоии Eurasianet оид ба Осиёи Марказӣ Питер Леонард муғризона асту, вале аз зери нохун чирк кофтани ӯ барин “рӯзноманигорон”, сиёҳ кардани Ҳукумати Тоҷикистон муғризона нест?
Айбҷӯиҳои хонум Дейзи Синделар ва ҷаноби Питер Леонард ва сафедкунии хоинони миллат беҳуда аст. Ин хоинонро халқи мо ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшад, ҳар чанд, ки баъзе рӯзноманигорон мехоҳанд аз Кабирӣ бут ё “пағамбар” созанд. Аз қавли Питери чилдурӯғ ин “сиёсатмадори фурӯтану бо риши тоза тарошида ва мӯтадилгаро” симои аслии худро кайҳо ифшо намудааст ва шармандаву расво шудааст, ба қавле “хари Исо гар ба Макка равад, боз ҳамон хар аст”.
Ҷабборов И.Р. декании факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ