РАДДИЯ НИСБАТИ ИЗҲОРОТИ РАСМИИ “ФЕРМАИ ҶАВОБ”
Тоҷикистони соҳибистиқлол таи 28 соли истиқлолиятиаш, обрӯ ва эътибори худро дар арсаи ҷаҳон пайдо кардааст.Шукри замона, шукри давлат, шукри ватан, марзу буми Тоҷикистон бикунем, ки он як гӯшаи биҳишт аст ва дар он зиндагӣ карданд, неъмати бебаҳост!
Ашхосҳои ношукр, ки дур ҳаққи он лоф мезананд, виҷдону кори онҳо бояд ба ҳақиқати ҳол ҷавобгӯй бошад. Ба ном озодандешӣ, гумроҳ кардани ҷавонон ва дигар табақаҳои аҳоли, ки ба суханрониҳои ин гуна аъзоёни иттиҳодияҳои байналмиллалӣ гӯш меандозанд ва ба он бовар мекунанд асоси қонунӣ надорад. Аз ҷумла “Фермаи Ҷавоб”, ки имрӯзҳо то ҳатто донишҷӯёнро бар ивази маоши моҳона ва иловапулии ночиз ҷавононро низ ҷалб карда истодаанд.
Имрӯз Тоҷикистон ободу зебо аст. Ин ободи ва сарсабзии кишвари мо бо меҳнати якҷояи халқи Тоҷикистон таҳти сарварии асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон шуда истодааст. Мо боварии комил дорем, ки Тоҷикистони азизи мо истиқлолияти хешро поянда нигоҳ медорад ва барои наслҳои оянда бунёди ҷомеаи ҳақиқатан демократӣ шароит муҳайё месозад. Ин дасиса ва баромаду найрангҳои ингуна хоинони халқу миллат ба монанди “Фермаи ҷавоб” иродаи қавии халқи тоҷик ва ваҳдати миллии халқҳои Тоҷикистонро шикаста наметавонад. Мо омӯзгорони МТД “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тамоми ҷавонон ва донишҷӯёни ин донишгоҳи бонуфузро даъват менамоям, ки дар гирди пешвои муаззами халқамон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат президенти кишварамон, ҷаноби олӣ Эмомали Раҳмон муттаҳид гашта, вазифаҳои дар Паём зикр шударо сармашқи кори худ карда, садоқати худро баҳри ободии ватан ягонагии халқу миллат баён менамоем. Ман боварии комил дорам, ки дигар омӯзгорон ва ҷавонони садоқатманди ватани маҳбубамон нисбати баромадҳои хоинони халқу миллат, ақидаҳои хешро баён менамоянд.