Қонун волият дорад
(Изҳороти устодони кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим)
Сиёсати пешгирифтаи Хукумати мамлакат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ маҳз барои он роҳандози гардидааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зиндагии шоиста осудаву ором ва амону бехатар дошта бошанд.
Локин бархе аз душманони миллат аз хориҷи мамлакат истода, пешравиҳои моро нодида гирифта, сангандози мекунанд, дуруғу буҳтонҳоро паҳн мекунанд ва мекушанд, ки ақидаи оммаро вайрон созанд.
Аз эъломияи КШКГЗСТ маълум мешавад, ки онҳо гўё гирдиҳамогии «бузург» ро бо талаби озодии Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳошим ва Бузургмеҳр Ёровро аз ҳукумати Тоҷикистон озодкунии онҳоро талаб кардааст, баргузор хоҳад кард.
Дархости ин гирдиҳамои аз мақомоти Тоҷикистон иборат аз ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд фавран дархости кумитаи башари СММ дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ дар боло зикргардида мебошад.
Аввало бояд қайд намуд, ки вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини роҳбари ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров на барои ақидаҳои сиёсии худ, балки ҷиноятҳои содир кардаи худ қонунан суд шуда,зиндонӣ гардиданд.
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд. «Рушди босамари иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояӣ қонуният, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқи ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад».
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ буда, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзимустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣиборат аст.
Хулоса, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тоҷику Тоҷикистониёни дар мамолики мухталифи ҷахон бударо бо ҳам фароҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки Истиқлолият аст, ки имрўз давлати мо дар дунё обрўву нуфузи худро дорост. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омўзиши ҷомеъаи ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвари азаизамон аст. Мо бояд аз ваҳдатиозодии худ биболему барои боз хам пурқувват гардидани Ватани азизамон кўшиш ба харҷ диҳем. Намегузорем, ки нохалафону душманони миллат, сулҳу суботи кишварро ноором созанд.
Тамоми қишрҳои мамлакат ва хусусан ҷавонону наврасони ватандўсту бедордилро зарур аст, ки баҳри гул-гулшукуфии Тоҷикистони биҳиштосо, ободу зебо гардонидани ҳар гўшаи диёр саҳм гузоранд. Баҳри пешрафтиВатанамонмуттаҳиду сарҷамъ бошанд.