Пойдоркунандагони оромиву осоиштагӣ
Муваффақияти асосӣ барои рушди ҳар як миллат танҳо сулҳ аст ва танҳо сулҳи пойдор, ки инро таърихи тамаддун исбот намудааст. Агар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмон аввал дар Тоҷикистонамон сулҳро пойдор наменамуд тасаввур менамоям ватани мо ба кадом ҳолат мубаддал мегардид. Дар ин лаҳза ғайриихтиёр аз назарам воқеотҳои нохушу нобаҳангоми давлатҳои зери ҷангмондаи Шарқи наздик ва албатта аксарияти давлатҳои бо ном исломӣ меояд. Ва дар ин лаҳза хушбахт будани халқи тоҷикро дар ватани соҳибтамаддунамон тасдиқ мекунам. Самараи сулҳу ваҳдат аз дари ватани мо худ аз худ даромада наомадааст, ки инро албатта ҳар як меҳанпарасти тоҷик медонад. Аммо барои қадри ин самараро намедонистагон мо омӯзгорон бояд дарси қадршиносӣ ба онҳо гузарем. Яъне онҳоро раводор намоем ба мафҳумҳои “ватан”, “сарзамин”, “истиқлол”, “терроризм”, “ифротгароӣ” ва ҳамин гуна истилоҳҳои муосир ошно гарданд. Яъне гуфтан мумкин аст, ки ба қизмати ватанамон бетарафӣ нанамоем.
Амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар дасти мо омӯзгорон аст. Яъне мо силоҳ барои пойдори сулҳ мебошем. Ҳар як инсон дар ҷамъият хоҳ террорист бошад хоҳ ватандӯст албатта медонад ки сулҳ арзиши бебаҳо барои тамоми инсонияти сайёраамон дорад. Аммо шуурнокии паст ба баъзе ашхосони камсаводи камшуур, ки ба мафҳуми сулҳ сарфаҳм намераванд ва дунёро бо чашми золимиву нобакорӣ нисбати дигар инсонҳо мебинанд насиб гардидааст. Ҳаётро ҷангу ҷидол ва ташкили хунрезиву террор ба бегуноҳон меҳисобанд. Барои ҳамин мебояд, ки омӯзонандагони илму дониш ки дар дохили халқ мегарданд мафҳуми сулҳу оромиро дар ҷамъият кушода диҳанд. Ба ақидаҳои хоми Муҳиддин Кабирӣ барин ашхосони нобакори симои ҳақиқӣ надошта, ки тӯҳматҳои дурӯғу бофтаро нисбати кишвари оромамон паҳн менамоянд бовар накунанд.
Мақсад ва мароми падидаҳои муосири ба ҷамъият бегона, ки мардуми тоҷик ва аксаран ҷавонони ноогоҳро огоҳ менамояд ба далелу мисолҳои бардурӯғ ва суханҳои бемағзи гумроҳсозандаи худ онҳоро мафтун мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ ҷомаи амалро ба бар намегирад ва сабаби ба бар нагирифтани онҳо боз албатта мо зиёиёни кишвар мебошем. Яъне хуллас мо ташвиқотчиёни пойдории сулҳу ваҳдат на танҳо дар кишвари худ, балки дар тамоми олам мебошем. Зинда бод Тоҷикистони орому осоишта.
Саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ Юсупова Ф.