Пешвои миллати тоҷик!

Чавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Ман барои чи суханони худро бо байте дар бораи Пешвои муаззами миллат оғоз намудам. Воқеан миллати тоҷик рузҳои вазнинтарини зиндагиро аз сар мегузаронид.Тоҷикистони азизамонро дар ҳамон лаҳзаҳо ҷанги шаҳрванди фаро гирифта буд. Дар ҳамон лаҳзаҳои ноором болои сари ҳар фарди тоҷик нафаре лозим буд, ки моро аз ин ҷанги бародаркуш наҷот бахшад ва дар ҳамин лаҳзаҳои ҳасостарин, ки қариб буд миллати тоҷик пароканда гардад ва дар харитаи сиёсӣ ҳамчун давлати беному нишон падидор гардад. Ба бахти миллати тоҷик доѓи ҳар як модари мушфиќу заҳматдидаи тоҷик сабаб шуд, ки Худованд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро соябони тамоми миллати тоҷик гардонид.

Гирифтори тамоми ин парокандагиҳо, вайронкориҳо,хунрезиҳои зиёд ин ҳама оқибати кори гуруҳҳои иғвоангези ҷомеа, яъне гуруҳҳои террористию экстремистӣ буд.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат сабаб шуд, ки имруз мо ҳамчунин ќишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем ва миллати тоҷик аз вартаи ҳалокатовари наҷот ёфт.

Боиси ёдоварист, ки Сарвари давлат аз рузҳои аввале, ки ба сари ҳокимият омадандаввалин суханоне, ки барои миллати тоҷик гуфта буданд “Ман ба шумоён сулҳ меорам ва зиёда аз як миллион нафар гурезагоне, ки дар хоки Афғонистон қарор доранд ба Ватан бар нагардонам ором хоб карда наметавонам”. Ана ҳамин суханони пур аз бовари Пешвои муаззами миллат буд, ки имруз мо дар диёри зебоманзар зисту зиндагонї мекунем.

Лекин воқеан ҳам таъкид бар он аст, ки солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрузҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарсоз, ки таҳдиди одаму оламмебошад боиси парокандагию ноороми қишри ҷомеаи ҷаҳонї гардида истодааст.

Фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ва истифодаи зуровари расонидани зарари вазнин, ғабси ҳокимияти давлатї бо роҳи зурї ва аз они худ кардани ваколатҳои он барангехтани низоъҳои миллӣ ва иҷтимої мебошад.

Яке аз чунин амалиётҳои террористие, ки санаи6 ноябри соли 2019 аз ҷониби гуруҳҳои террористонаи ДИИШ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ кишвар дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба амал омад. Чуноне, ки мақомотҳои қудратї баён менамоянд 20 нафар аъзоёни гуруҳҳои террористии ДИИШ бо мақсади амали намудани ҷинояти худ тавассути минтақаиҚалъаи Золи Афғонистон санаи 3 ноябри соли 2019 ба ҳудуди ноҳияи Кубодиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд ва ба дидбонгоҳҳои ин сарҳад ҳуҷум карданд ва чанд нафарро маҷруҳ карданд.

Дар асоси фаъолияти фаврии мақомотҳои дохилӣ ҷинояткорон сари вақт бартараф карда шуданд. 15 нафар террорист кушта шуданд ва 5 нафари онҳо дастгир карда шуданд.

Барои он, ки имруз қувваҳои бузурги мо неруҳои Мусаллаҳи мамлакат дар руҳияе тарбия ёфта истодаанд, ки имруз тамоми ҳастии худро барои химояи марзу буми кишвари азизамонТоҷикистон равона сохта барои ҳимояи он тан бар тан медиҳандва ин имконият медиҳад, ки ягон афроди бадхоҳи миллат ба ҳудуди кишвар бо ниятҳои ғаразонаи худ дохил намегарданд. Барои ба ин матонату ҷасорат ноил гардидани миллат тоҷик пеш аз ҳама қувваи бузургтарин сарҷамъи миллат, дарси ибрати ҷанги шаҳрвандӣ ва тоҷи сари миллати тоҷикон будани Пешвои муаззами миллат мебошад.

Академик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ