Пешвои миллат- ғамхори миллат
Хадамоти матбуоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки бо фармони Пешвои миллат нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Имрўз мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ медонанд. Сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ бовар ва эътимод дорад.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои бузургу мондагори таърихиро анҷом додааст, ки ҳамагӣ ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии кишвар нигаронида шудаанд. Таҳкими сулҳу субот, роҳандозии равандҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс, таъмини зиндагии саодатмандонаю шоиста аз ин қабил маҳсуб меёбанд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обруи баландро соҳиб гардид, ки таърих назирашро ёд надорад. Ташаббусҳову иқдомҳои наҷибона ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зидди башарӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва роҳандозии ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба кишваре табдил дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст. Дар партави ин сиёсат халқи тоҷик қудрати созандагии хешро амиқ эҳсос кард ва ба бунёдкориву офарандагӣ қиём намуд, ки симои мамлакатро аз дурдасттарин деҳот то шаҳрҳои бузург, тадриҷан дигаргун намуда Тоҷикистонро ҳусни тоза афзуд ва набзи онро бо набзи замону набзи ҷаҳон ҳамсадо гардонид.
Ин ҳама талошҳою кушишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат баҳри ободии кишвар ва барои ҷавонони имрӯзу фардо буда, барои зиндагии шоистаи пайвандгари наслҳои ҷавон аст. Имрӯз ҷавонони моро зарур аст ба қадри ин хизматҳои бузурги Пешвои миллат бирасем ва дастаҷамъона баҳри ободии кишвар хизмати шоиста кунем ва барои наслҳои оянда аз таърихи бой ва давлати ободи худро мерос гузорем.
Мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ