Пешравии миллат аз маориф вобаста аст.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш нисбати рушди соҳаи маориф ва дастгирии ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори ақида намуда, барои пешбурди ин соҳа мардумро даъват намуданд. Ба масъулони соҳа супориш доданд, ки барои рушди илму техника ва сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар чораандешӣ намуда, аз рўйи низомномаҳои барномаҳои давлатӣ оид ба маориф ва зерсоҳаҳои он фаъолият баранд. Ҳамчунин назорати сифати таълимро дар муассисаҳои таълимии миёна ва донишгоҳу омўзишгоҳҳо пурзўр намоянд. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи таълими фанҳои дақиқро дар ҷумҳурӣ ташвишовар арзёбӣ намуда,чунин ибрози ақида намуданд:«имрӯз сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва таҷрибавӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ба дастгирӣ ниёз дорад, зеро таълими фанҳои зикршуда ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир бе озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва таҷҳизоти замонавӣ ғайриимкон мебошад».

Оре, суханҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мактабу маориф қобили дастгирӣ буда, мо омўзгорони макотиби оли пешниҳодҳои он касро ҷонибдорӣ менамоем.

Изҳороти омўзгорони факултети биология ва химия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ