Пешниҳоди таъсиси “Ҷоизаи Файзиниссо Воҳидова”

Ман ҳамчун яке аз шаҳрванди асили Тоҷикистони соҳибистиқлоли дунявию озод пешниҳоди Муҳиддин Кабириро оид ба ҷорӣ намудани “Ҷоизаи Файзиниссо Воҳидова” хондаму беихтиёр ба андеша рафтам, ки ҳар яки ба кишвари худ ягон навигарӣ дар кадоме аз соҳаҳои ҷамъиятӣ даровардаро хоҳ мардум писандад ва хоҳ написандад ҷоизаву, раҳматномаву амсоли инҳо барин қадрдониву қадршиносиҳо кунем мамлакати мо пур аз қаҳрамону, ҷоизадор ва рутбадор мегардад.

Ман чун пешрави ҷамъияти муосир яъне омӯзгори ба омӯзандагони илми муосир талабгор дарс медиҳаму фикр мекунам, ки вазифаи давлативу ҷамъиятиро иҷро намудани ҳар як шаҳрванд ин қонуни ҷамъиятист. Дар мамлакати мо шаҳрвандони асил ҳеҷ гоҳ барои рутбаву номи баланд ва ҷоиза кор ва фаъолият намебаранд, аммо аз тарафи Ҳокимияти кишвар онҳо қадрдонӣ мегарданд. Ҳокимияти давлатии мамлакат худаш нағз медонад, ки киро ба ин намуд рутбаҳо сазовор донад, зеро давлат бе маслиҳати умумии халқи кишвар кор намекунад.Аммо танҳо Муҳиддин Кабириҳо барин ба қавли худ “фаъолони ҷамъият” ба мисли ҷоизаву сарфарозиҳо ва амсоли инҳо барин талаботҳо ба корҳои ҷамъияту давлат биниашонро халонида бо ин восита якчанд фикрҳои ношоями дар дилашон бударо ба халқу давлат мерасонанд. Худи Файзиниссо Воҳидова барин қаҳрамонзанҳо аз давраи пеш ба мисли Томирису Гурдофарид ва дар замони муосир Фарзонаву Зебиниссо Рустамова ва дигарон барои ҷоиза хизмат накардаанд, онҳо танҳо барои муҳофизати ватан аз дасти аҷнабиён ва барои номбардории ватани худ мубориза бурда хизмати худро дар назди ватанашон адо намудаанд ва менамоянд.

Мо омӯзгорон бояд ҳар як шаҳрванди давлати Тоҷикистонро бо сарвари обрӯмандаш дар ҷаҳон, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намоем ва аз ӯҳдаи ҳимояи марзу буми кишварамон бароем ва халқро раводор созем ба гуфтаҳои Муҳиддин Кабириҳо барин ашхосон аҳамият надиҳанд ва кору фаъолияти худро давом додан гиранд. Зеро Муҳиддин Кабириҳо барин ба қавли худ “сиёсатмадорон” танҳо манфиати хоҷагони хориҷиву худашонро ҳимоя мекунанду халос.

Аҳли ҷомеаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ