Пешгири ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавӣ ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ
Солҳои охир дар мактабҳои олии касбии мамлакат баробари корҳои таълимиву илмӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ низ диққат ва аҳамияти бештар дода мешаванд. Садорати факултети физикаю техникаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров», баҳри амали гардонидани дастуру супоришҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №253 аз 29 апрели соли 2009 «Оид ба тасдиқӣ Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тамоми нерӯи ақлӣ ва малакаву маҳоратиустодони соҳибтаҷрибаи ҷомеаи факултетро равона намуда, корҳои муайянеро ба иҷро расонида истодаанд.
Санаи 7 декабри соли равон дар толори факултет бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар ин самт вохўрии судманди устодон ва донишҷўён бо муовини сардори хадамоти пешгирии хуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Турсунов Н.Д. баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет Шамсидинов М.И. кушода гуфта, иброз намуданд, ки ҳуқуқвайронкунӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ таъсири манфии худро мерасонад. Баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ дар ҷомеа, бояд тамоми аҳли ҷомеа мубориза барад. Лаҳзае бетараф ва дар канор мондани ҳар як фарди ҷомеа дар муборизаи зидди ҳуқуқвайронкунӣ ба пешравии ҷанбаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатии ҷомеаи навини мо ва ҳамзамон ба раванди демократикунонии он метавон таъсири худро расонад.
Сипас, муовини сардори хадамоти пешгирии хуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Турсунов Н.Д. дар баромади худ нисбати «Пешгири ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рухияи ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ» хабардор карда, маслиҳатҳои муфид доданд, то кихудро гумроҳ насозанд.
Пас аз баромадҳо аз ҷониби ҷонишини декани факултет Усмонов А.А. ва чанде дигарон пешниҳод карда шуд, ки чунин вохӯриҳо тез-тез доир карда шаванд, хеле хуб мешуд ва натиҶаи дилхоҳ ба даст меомад. Дар ин партав кулли иштирокдорон низ ҷонибдори ин таклиф шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва озоду самимӣ хотима ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил