Пеш аз пода чанг накунед…
Мардуми мутамаддин то он даме, ки лоиҳаи як санади давлатӣ ва ё қонун дар матбуоти расмӣ нашр нагардад, нисбати он фикрашонро баён намекунанд. Аммо сомонаи «Паём.нет» бонг баланд мекунад, ки гўиё дар Тоҷикистон қонуне дар бораи манъ кардани занони сатрпўш ба идораҳои давлативу хусусӣ ба тасвиб мерасонад. Гўиё тарҳи ин қонун дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Дар ин гузориши худ нашрияи номбурда доир ба тарҳи ҳамон қонун комилан сухан намекунад ва танҳо матлаби манъи воридшавии занонро мечархонад ва мисли матлабҳои пешинааш ба бадномкунии ҳукуматдорони Тоҷикистон мепардозад. Дар он санад ба кадом мақсад ин қонун таҳия шудааст, чиро мушаххасан дар назар дорад, чизе гуфта нашудааст.
Худи ман ҳам тарҳи қонун ва ё санади мазкурро нахондаам ва дар ихтиёр надорам. Аммо чунин андеша дорам, ки ҳадафи чунин тарҳ шояд бо мақсади таъмини амният ва оромии идораҳо бошад. Ин масъала комилан нав набуда, ҳанўз дар замони Ҳукумати подшоҳии Рус дар ҳудуди генерал-губернатории Туркистон низ чунин иқдом ба роҳ монда шуда буд.
Дар гузориши «Паём.нет» гуфта мешавад, ки диндорӣ дар замони шўравӣ нисбати кунунӣ беҳтар буд. Дар ин масъала ҳаминро гуфтан месазад, ки чунин андешаронӣ комилан нодуруст аст. Дар замони шўравӣ масҷиди маҳаллаҳо кушода набуданд, мардум то андозае аз маърифати динӣ дур буданд.
Гумон мекунам, ки касе ба номуси занони тоҷик даст дароз карданӣ нест. Қонунгузор ҳам девона нагаштааст, ки чунин қонунро, ки ба Конститутсия мухолиф аст, қабул кунад.
Ин мардуми «Паём.нет» агар замони шўравӣ мебуд, онро бадгўӣ мекарданд, имрўз ҳукуматдорони Тоҷикистонро бадгўӣ мекунанд. Охир ҳамин хел иғвогарӣ, дасисасозӣ яке аз тактикаҳои кории онҳост ва аз ин ҳар гуна хулосаҳои ғаразнок баровардан лозим нест.
Муаллифи мавод даъво мекунад, ки дар Афғонистон сафирону вазирон занонанд ва сатр мепўшанд. Дар Эрону Малайзия ва Қатар ҳам чунин аст. Ҳой бародарон, магар занони сафиру вазир дар Тоҷикистон нестанд?
Дар урфият мегўянд, ки хушдомани бад ҳеч баҳона наёбад, чаро думи саги хона каҷ – гуфта бо арўси хонавода мағал мебардорад. Ҳол он ки каҷии думи саг табиӣ аст. Ин иддаои «Паём.нет» ҳам мисли ҳамин аст. Чизе барои баҳс наёфта обро лой карда моҳӣ доштанӣ мешаванду пеш аз пода чанг мекунанд.
И.Раҳимов – декани
факултети забонҳои шарқ