Пайравони мазҳаб ва амнияти кишвар
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон озодии дину виҷдон ба дараҷаи назаррас расид. Ҳар кас ки мехоҳад, дар масҷидҳо намозу ибодаташро ба ҷо меорад, адои фаризаи Ҳаҷҷ мекунад. Ҳамаи ин неъмати бузурги Парвардигор аст, ки шукронаи онро ба ҷой овардан лозим аст. Соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда шуд, ки ин ҳам нишонаи таваҷҷӯҳи хайр ва одилонаба мазҳабу соҳибмазҳаб аст. Мазҳаби Имоми Аъзам давоми асрҳои зиёд дар байни мардуми мусулмони кишварҳо аз ҳудуди шарқии Урдун, Осиёи Миёна, Руссия, Туркия, Ҳинду Покистон то давлати Африқои Ҷанубӣ густариш ёфта барои ваҳдату ягонагии халқу миллатҳои гуногун хизмати арзанда мекунад.
Албатта, тибқи мазҳаб амал кардан сабаби пайдо нашудани ихтилофот то айёми мо буда, сабаби иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонони Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.
Бо таассуф ёдовар мешавем, ки солњои охир дар байни мамолики мусулмоннишин ва аз ҷумла дар Тољикистон ин раванд халалдор шуда аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон тарғиби бемазҳабӣ ё пайравии кӯр-кӯрона ба ҷамъияту ҳаракатҳои ихтилофвнгез ба назар мерасад ва дар бораи мазҳаб, соҳибмазҳаб, муҷтаҳид, соҳибфатво ва китобҳо оид ба мазҳаб беэътиборӣ ва беэҳтиромӣ аз хориҷи кишвар бо ҳадафҳои маълум ворид мешаванд.Ин љо сухан дар бораи эътироф накардани мазњабу соњибмазњаб, пайравї аз мазњабњои дар диёри мо ѓайримаъмул меравад. Баъзењо мазњабро эътироф намекунанд ва бо хондани як ду њадис ба ин ё он амали диниву ибодатї фатво медињанд. Барои фатво додан фаќењ ва муљтањид њаќ дораду халос ва бо илми кўчак тафсир кардани китоби Худованду ањодиси набавї мумкин нест. Дар ин љо дар бораи истилоњњои «мазњаб», «муљтањид» маълумот медињем, то ин ки ин масъалањо ба хонандагони гиромї фањмо бошад.
«Мазњаб» дар луѓатњо ба маънои роњ зикр шудааст. Агар оддї карда гўем, мазњаб «чањорчўба» ва «роњи муайян» аст. Дар истилоњи илми њуќуќ бошад, мазњаб маънои мактаби њуќуќї ва ё мактаби фиќњиро дорад. Дар таърихи ислом равия, фирќа ва таълимоти гуногун арзи њастї кардаанду бо сабабњои мухталиф аз байн рафтаанд, локин мазњаби чањоргонаи ањли суннат ва љамоат чандин садсолањо пойбарљо њастанд ва пайравони зиёде доранд.
Дар замони Расули акрам, салла-л-Лоњу алайњи, васаллам, ба ягон мазњабе эњтиёље набуд. Чунки њар масъалае, ки ба вуљуд омад, худи паёмбар, алайњи-с-салом, дар асоси Ќуръон ва њадис онро шарњу баррасї менамуданд. Баъди замони паёмбар, ки дини ислом дар Шому Мисру Африќо, Мовароуннањру Хуросон доман пањн намуд, эњтиёљ ба мазњаб пайдо шуд.
Дар асри нахустини ислом дар шањрњои Басра, Кўфа, Мадина ва Макка бино бар гуфти муаррихонмазњабњои зиёд, яъне равияњои фиќњї ба вуљуд омада буданд, лекин таълимоти онњо мукаммал набуд. Аз њамин сабаб он таълимоти фиќњии мазњабњои нахустин аз байн рафтанд. Чунончи, Ҳасани Басрї ва ё худ муаррих ва муфассири бузурги ислом Муњаммад ибни Љарири Табарї низ дар ибтидо мазњаб, яъне равияи фиќњии худро созмон дода буданд, аммо бино бар номукаммал будани таълимоташон ин мазњабњо аз байн рафтанд. Сабаби дигари рў ба нестї нињодани мазњабњои нахустин асри ислом аз љониби шогирдону пайравони асосгузоронашон такмил наёфтани таълимоти фиќњии муассисонаш буданд. Дар ин асрњо мазњаб танњо ба маънои равия ва ё мактаби фиќњї фањмида мешуд.
Дертар баъди оне ки илми фиќњ рушд мекунад, тањти истилоњи мазњаб чањор равияи ањли суннат ва љамоат эътироф шуданд, ки ин мазњабњо дар истилоњи шаръї бо номи мазоњиби арба ва ё худ мазњабњои чањоргона низ ёд мешаванд. Таълимоти мазњабњои чањоргонаи ањли суннат ва љамоат имрўзњо дар тамоми олам амал мекунанд. Аз инњо аз њама бисёртар мазњаби Имоми Аъзам пайравони зиёде дорад.
Баъди фавти Расули акрам, салла-л-Лоњу алайњи ва саллам, истинботи масъала рўйи кор меояд. Масолие арзи вуљуд карданд, ки бояд онро касе њал менамуд ва ё шарњу тафсир мекард.
Дарњар мавзеъ вобаста ба шароиту иќлим ва дигар омилњо фатвоњои гуногун арзи вуљуд намуданд. Тавре ки дар боло гуфтем ислом дар давраи љаноби Пайѓамбар, алайњи-с-салом, фаќат дар Ҳиљоз, як ќисми Шом, Яман ва Миср буд. Мардуми он маконњо, ки урфу одати эшон ба њамдигар хеле наздик буд, асосан пайрави як роњ буданд. Бо мурури замон ва гузашти айём ањкому аркони дини мубини ислом интишор ёфт, пањн гашт. Ваќте ањкоми дини ислом ба мамолики Африќо, Осиёи Шарќї, Индонезия, Малайзия ва аз Осиёи Марказї то ба Сибиру Ќафќоз доман пањн намуд,њар як халќу миллат урфу одат ва русуми худро дошт ва он гоњ истинботи масъала ба вуљуд омад. Албатта, нуќтаи назари онњо нисбатиањкоми дин хоњу нохоњ аз њамдигар фарќ мекунад.
Барои додани фатво ва ё хулосаи лозимаи фиќњї дониши мукаммали динї ва дунявї лозим аст. Ҳељ кас бо дониши нокифоя ва ё ба таври таваккалї ба фатво додан њуќуќ надорад.Фатво гуфта, хулосаи фиќњиро мегўянд, он љавоб ба ягон масълаи пайдошуда мебошад.
Шариати ислом як масъаларо аз пањлўњои гуногунаш меомўзад ва онро ба таври даќиќ наомўхта фатво баровардан дуруст нест. Дар шариати ислом мардум ба седаста таќсим карда мешаванд, ки як гурўњро муљтањид, гурўњи дигарро фаќењ ва гурўњи сеюмро муќаллид мегўянд.Муљтањид он нафаре аст, ки бо далелу њуљљат ба фатво баровардан њуќуќ дорад. Дар ин љо дар бораи муљтањид сухан мекунем. Муљтањид кист? Муљтањид олиме аст, ки барои баровардани фатво ва њукмњо дастболо шудааст. Барои ба дараљаи муљтањидї расидан чандин илмро аз бар кардан лозим аст. Муљтањид будан шартњои зиёде дорад ва аз муљтањид донистани илмњои зарурї лозим мебошад, ки инњоянд:
1). Донистани тамоми оятњои Ќуръон, ки ба илми фиќњ марбут њастанд. [амчунин донистани сабаби нузули онњо низ шарт мебошад.Ѓайр аз донистани ин оятњо боз талаб карда мешавад, ки онњоро аз ёд карда бошад.
2). Ҳамаи њадисњоеро, ки вобаста ба фиќњ њастанд аз бар карда бошад.
3). Ҳамаи масъалањое, ки бо роњи иљмоъ яъне дар машварати олимони зиёд бароварда шудаанд, хуб донад, то ки ки ба баровардани фатво ба хатогї роњ надињад.
4). Ќиёс ва тарзу ќоидањои онро донад. [амаи масъалањои марбут ба ќиёс карданро фањмад.
5). Ҳаќ ва ё ноњаќ, дуруст ва ё нодуруст бадани иснодашро фањмад.
6). Забони арабї ва сарфу нањв ва дигар ќоидањои грамматикии ин забонро донад. Бо ин забон озодона такаллум кунад. Албатта, забони арабї забони Ќуръон аст ва бе донистани ин забон ва хусусиятњои он баровардани њељ гуна фатво дуруст нест. Чунки забони арабї махсусиятњои худро дорад. Як калима дорои маънињои зиёд аст ва дар лањзаи лозима бо маънои даркорї шарњ додани калимањои арабї њукми зарурї мебошад.
7). Донистани оятњо ва њадисњои носиху мансух. Дар Ќуръон оятњое њастанд, ки њукми онњо бо ояти дигар бекор карда шудаанд. [амчунин њадисњое мављуданд, ки як замон пайѓамбари ислом амал кардан бо онро фармуда буданд, вале баъди гузашти чанд муддат онро манъ карданд.Муљтањид бе донистани масъалањои носиху мансух наметавонад, ки њукм ва фатвои дуруст барорад.
8). Исноди њадисњоро худ донад, њадиси сањењ ва заифро шиносад. Барои ин силсилаи ровиёни њадисро омўхтан ва аз бар кардан лозим мебошад.
9). Асосњо ва мањаки асосии шариатро хуб донад, киба каљравї роњ наёбад.
10). Андешаи солим ва парњезгор бошад. Танњо дар он ваќт Худованди азза ва љалла дари илму њикматро ба ў боз мекунад ва барои њалли масъала ба хулосаи лозима омада мерасад.
Ѓайр аз ин аз муљтањид таќводорї, ростќавлї, хирадмандї ва заковат талаб карда мешавад. Албатта, барои аз худ кардани илмњо ва донишњои дар боло зикршуда зањмати бисёр кашидан лозим аст. Мартабаи муљтањидї ба осонїба даст намеояд.
Муљтањидон кистанд? Тамоми сањобагони пайѓамбарро, ки оид ба масъалањои фиќњї фатво баровардаанд, муљтањид номидан мумкин аст. Чунки тавассути асњоби Расулуллоњ масъалањои марбут ба фиќњ ба тамоми гўшаю канори олам пањн гардидаанд. Дар як њадиси худ њазрати Расулуллоњ гуфтаанд, ки «Асњобї каннуљуми байињим иќтадайтум ињтадайту» асњоби ман ба мисоли ситорагонанд ва ба њар кадоме пайравї кунед, рањгумнамезанед.
Аз нимаи дуюми асри VIII мелодї имомони мазњабњои чањоргонаи ањли суннат ва љамоатро њам бо унвони муљтањид ёд мекунанд. Дар боло гуфтем, ки дар шариати ислом барои расидан ба мартабаи муљтањидї аз бар кардани илмњои зиёде шарту зарур мебошад. Муљтањидон њам бо илм ва дониши худ маќому мартабаи хосро дороянд. Ба ќавли дигар муљтањидон ба се гуруњ таќсим мешаванд, муљтањиди мутлаќ, муљтањиди мазњаб ва муљтањиди як масъала.
Муљтањиди мутлаќ – нафаре аст, ки барои баровардани фатво ба фатовои дигар олимон мўњтољ несту худаш бо иљтињодаш фатво баровардааст. То њол дар тамоми рўи олам ѓайр аз чор имоми мазњабњои ањли суннат ва љамоат касе ба дараљаи муљтањиди мутлаќ нарасидааст. Имоми Аъзам нахустин муљтањиди мутлаќ дар таърихи фиќњ ва улуми исломї буданд.
Муљтањиди мазњаб - ў нафаре аст, ки дар асоси мазњабе ки пайравї мекунад, иљтињод карда истинботи масъала мекунад. Масалан, шогирдони Имоми Аъзам Абўюсуфи Ќозї, Муњаммади Шайбонї дар чањорчўбаи мазњаби Имом Абўњанифа иљтињод карда масъалањоро шарњу тавзењ додаанд.Инчунин дар мазњаби Шофеї ан-Нававї ва Суютї, дар мазњаби моликї Ќозї ибни Арабї ва дар мазњаби њанбалї Ќозї Яъл ва ибни Ќудума иљтињод кардаанд.
Дар «Чањор китоб», ки китоби ибтидоии омўзиши дини ислом дар байни мардуми тољик ба њисоб меравад, дар ин маврид маснавие мављуд аст:
Он имомоне, ки карданд иљтињод,
Рањмати њаќ бар равони љумла бод.
Бўњанифа буд имоми босафо,
Он сирољи умматони мустафо.
Бод фазли њаќ ќарини љони ў
Шод бод арвоњи шогирдони ў.
Соњибаш Бўюсуф ќозї шуда,
В-аз Муњаммад зулминан розї шуда.
Шофиї,Идрис, Молик бо Зуфар,
Ёфт з-эшон дини Ањмад зебу фарр.
Рўњашон дар садри љаннат шод бод,
Ќасри дин аз илмашон обод бод.
Дараљаи дигари муљтањид - муљтањиди як масъала аст. Ин муљтањид танњо оид ба як масъала иљтињод мекунад. Масалан, нафаре танњо оид ба иќтисодиёти исломї тањќиќ ва баррасии масъала мекунад ва тамоми фатоворо меомўзаду хулосаи худро мебарорад ва ё ин ки оид ба масъалањои талоќ, оиладорї ва амсоли инњо иљтињод карда фатво мебарорад. Чунон ки дар боло гуфтем ин муљтањид њам дар ин маврид илмњои гуфташударо фаро гирифтанаш лозим аст. Муљтањиди як масъала оид ба як масъала сухан кунад, муљтањиди мутлаќ ба тамоми масъалањои пайдошуда ба фатво баровардан њуќуќ дорад.
Гуруњи дигари одамон тибќи ин таќсимот фаќењон њастанд. Фаќењон нафароне мебошанд, ки нисбати ин ё он масъалањои фиќњї маълумоти лозимаро дар доираи мазњаби пайравимекардаашон доранд.Онњо инчунин љавоби як масъалаи фиќњиро аз нуќтаи назари мазњабњои дигар медонанд. Яъне ин тоифа олимоне њастанд, ки масъалањоро медонанд ва мутобиќи љавобњое, ки муљтањидон додаанд, ба масъалањо посух мегўяд.Фаќењ яъне он нафаре аст, ки илми фиќњро аз рўи гуфта ва навиштањои муљтањидон медонад. Дар њаќќи фаќењон љаноби Расулуллоњ, салла-л-Лоњу алайњи ва саллам, гуфтаанд: Ман юридуллоњу бињї хайран юфаќќињу фи-д-дини. Яъне касеро Парвардигор некї хоњад ўро фаќењ мегардонад. Дар замони муосири мо аксарияти хатмкардањои мадрасањои исломии ватанию хориљї танњо ба мартабаи фаќењ расиданашон мумкин аст. Фаќењ дар луѓат шахси донандаи илми фиќњ шарњ ёфтааст. Шакли љамъаш бошад, фуќањо мешавад.
Гурўњи дигари одамон тибќи ин таќсимоти шаръї оммї ва ё муќаллидмебошад. Ҳар инсон дар ибодат кардан бояд, ки ба яке аз чањор нафар имомони ањли суннат ва љамоат пайравї кунад. Мардуми тољик ва умуман сокинони Осиёи Марказї аз замонњои ќадим пайрави мазњаби њанафї мебошанд. Яъне муќаллили Имом Абўњанифа буданд. Олимони дини мубини ислом ба хусус фаќењон ќайд кардаанд, ки ќисми зиёди мусулмонони рўи олам пайрав ва муќаллиди Имом Абўњанифа њастанд. Чунончи, Ҳофиз ибни Асири Љузрии Шофеї дар ин бора навиштааст: «Дар ин ки беш аз нисфи уммати исломї аз дер боз то кунун ба равиши Имоми Аъзам Худоро парастиш мекунанд, розе илоњї нуњуфтааст». Олимон гуфтаанд, ки њар муќаллид набояд, коњил ва муѓамбир бошад. Дар намозгузорї ва ё дигар ибодат пайравї кардани ин ё он имоми мазњабњо дуруст аст, аммо дар баробари ин муќаллидњо фориѓбол буданашон лозим нест. Фарз кардем, ки мардуми мо пайрави мазњаби Имоми Аъзам њастанд. Ҳар муќаллид аќаллан кўшиш кунад, ки сабаби фатво додани ин ё он масъаларо фањмад. Масалан, муќаллиди мазњаби њанафї бояд далели шаръии паст гуфтани оминро дар намоз ва дигар масъалањои ибодатро донад. Ин чиз ба хотири он аст, ки муќаллид танњо ба таќлид иктифо накарда, зирак бошад ва илми динро омўзад. Хушбахтона, бо шарофати истиќлолияти кишвар имрўзњо чандин китобњои фиќњї бо хати ниёгон ва бо хатти кириллї дастраси мардум гаштааст, ки онњоро хондану тибќи онњо амал кардан боиси саодатмандии ин дунё ва охират хохад шуд.
Муљтањидони дини мубини ислом, имомони мазњабњои чањоргонаи ањли суннат ва љамоат дар мустањкам гаштани бинои дин ва ба љой овардани тоату ибодати парвардигор дар асоси Ќуръону ањодиси пайѓамбар мазњабњои худро созмон доданд ва аз дигар унсурњои фиќњ ба мисоли иљмоъу ќиёс ва истењсон ва амсоли инњо истифода бурданд. Дар дини мубини ислом равияю мазњабњо хеле зиёданд. Ањли суннат ва-л-љамоат бошанд, дар навбати худ ба чор мазњаб људо мешаванд, ки бо номњои њанафї, шофеї, моликї ва њанбалї ёд карда мешаванд.
Ин љо боз як чизи дигареро њам ёд кардан мумкин аст, ки дари иљтињод баста нашудааст ва олимони уммати ислом ба масъалањои нав пайдошуда бо иљтињодашон дар такя ба Ќуръону ањодиси пайѓамбар хулосаи лозимиро мебароранд. Масалан, дар замони мо, ки асри фатњи кайњон аст масъалањои марбут ба кайњон баромаданаш мумкин аст. Масалан, саволе пайдо шуданаш мумкин аст, ки касе ба сатњи Моњ баромад, намозашро ба кадом самт нигоњ карда мехонад, дар моњ Каъба нест, охир? Ба ин саволњои пайдошуда олимон яъне муљтањидони масъалаи коинот посух хоњанд гуфт.
Аммо дар љомеаи мо чунон ки мебинем, пайравї аз тарзу усули намозгузории мазњабњои дигар ба мисоли мазњаби шофеї ва њанбалї ба назар мерасад. Касе, ки донишгоњи Миср ва ё Арабистони Саудиро хатм карда омадааст, даъват мекунад, ки ба њамон тарзе ки дар ин кишварњо намозхонї роиљ аст, мардум намоз хонанд, ки амали онњо боиси сар задании ихтилоф дар љомеа мешавад. Масъалањои намозгузорї ва дигар масъалањои умури динии мо дар мазњаби Имоми Аъзам Абўњанифа Нўъмон ибни Собит њалли худро пайдо кардааст. Олимонибузурги дин дар марказњои бузургтарини тамаддуни исломї дар Бухоро, Самарќанд, Хоразм, Нишопур, Акбаробод, Истамбул, Исломобод ва ѓайра барои њар масъала мутобиќи масъалањои фиќњи њанафї фатвои заруриро баровардаанд. Китобњои бузургтарини фиќњиро навиштаанд. Кор то ба дараљае расидааст, ки пайравони мазњабњои дигар масъалањои фаровонро аз мазњаби њанафї гирифта истифода мебаранд.
Дар Тољикистони муосири мо касе то ба дараљаи муљтањид нарасидааст ва њар ходими дин аз фаќењи муќаллид дараљаи олитаре надорад. Онњое ки кишварњои хориљиро хатм карда омадаанд, онњо низ муљтањид нестанд, ки фатво бароварда ин корро дуруст ва он корро нодуруст эълон кунанд. Мушкилтарин кор барои олим додани фатво аст, чунки бо як фатвои ѓалат мардум гумроњ мешавад. Перомуни як масъала чандин китобро хонда, баъд фатво дода мешавад. Ин тавр намешавад, ки дар умури ибодат касс якбора ба чанд мазњаб амал кунад. Ин њам роњгумзанї мешавад. Масалан, агар дар тањорат кас пайрави мазњаби шофеї шавад, тањораташ мешиканад, аммо дар мазњаби њанафї тањораташ намешиканад. Тасаввур кунед, ки инсон савори автобус аст ва дасташ ба дасти зане расида монд, пас ў аз сари нав тањорат бояд кунад? Албатта масъалањои чанд мазњабро якљо љамъ кардан мумкин нест.
Дар Тољикиситон ва Осиёи Марказию як ќисми Россия асрњои аср мазњаби њанафї – роњу равиши Имоми Аъзам мавриди истифода буд. Мазњаби њанафї халќу миллатњои гуногуни љањон туркњо, тољикон, пашту, ўзбек, ќирѓиз, ќазоќ, туркман, покистонї ва ѓайраро ба њам муттањид карда омад. Робитањои илмию ахлоќї ва мазњабї байни ин миллатњо мустањкам буд. Дар замони мо бошад, пайравии мазњаби тањаммулгаро ва тањаммулпазири Имоми Аъзам метавонад, ки вањдати эътиќодиро таъмин намояд.
Бемазҳабӣ гумроҳӣ ва роҳи сарбаста аст. Тартибу низом дар ибодат ба шарофати мазҳаб зебо аст. Аз даргоҳи Ӯ таоло умед мекунам, ки устувории амнияти кунунӣ ва эътиқоди сареҳи моро пойдор ва муаббад гардонад. Омин ё раббал оламин.
МӮСОЗОДА Ҳ.