Паём фарогири масъалаҳои муҳим
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳадафҳои стратегии мамлакат нигаронида шуда, ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар паёми имсола ба соҳаи саноатикунонии мамлакат таваҷҷуҳи беандоза зоҳир шуда, дастгирӣ ва ёрмандӣ нисбат ба соҳибкорониҷавон якеаз ҳадафҳои асосии ҳукумату давлат барои рушду такомули саноатикунонии мамлакат шуморида шуд.
Се солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан як навиди арзишманд буда, баҳри ободкориву созандагӣ ва ташабускорӣ дар тамоми кишвари азизамон заминамегузорад. Инчунин дар давоми чанд соли охир Тоҷикистон ба минтиқаи хуби сайёҳӣ табдил гашта, ин иқдом барои боз ҳам муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии кишвар мусоид мебошад.
Пешвои миллат дар ҳамаи паёмҳояшон ба соҳаи иҷтимоии мамлакат: маориф, тандурустӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, занон ва чавонон диққати хоса зохир мекунанд. Инчунин, дар Паёми имсолаи худ низ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар, зиёд намудани кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ сухан ронда, таъкид намуданд, ки: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.”
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, зиёд намудани сафи занони хизматчиидавлатӣ вадар мансабҳои рохбарикунанда,афзоиши занону духтарони ҳунаранманду соҳибкасб яке аз нуктаҳои муҳими паёми имсола буд. Дар ин замина, як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуда истодааст. Тибқи маълумоти оморӣ, ки дар Паём зикр гардид соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то рафт занон дар ҷомеа мақому манзалати худоро пайдо карда истодаанд.
Пешвои миллат ба маротиб таъкид намуданд, ки сатҳу сифтаи хизматрасонии тибии кишвар дар тамоми беморхонаҳои кишвар баланд бардошта шуда, табибон бояд масъулияти баланди касбӣ ва инсонӣ дошта бошанд. Ичунин ба роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳоло дар кишвар 149 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор нафар маъюбони гурӯҳи якум, қариб 27 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар ятимон умр ба сар мебаранд. Сарвари мамлакат дастгирии доимии ҳамаҷонибаи шахсони маъюб ва ятиму бепарасторро вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сокини кишвар шумориданд.
Сарварикишвардоимо ба масъалаи ҷавонон диққати хоса медиҳанд. Дар Паёми имсола изҳор намуданд, ки: "Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем” Аз ин рӯ,мо ҷавонони саодатманди кишварро водор месозад, ки то сазовориин ҳама эътимоду боварӣ бошем. Дарҳифзи марзубуми кишвар ва арзишҳои маънавии халқу ватанамон саҳми худро гузорем.
Хулоса, мавриди зикр аст, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат ба кулии мардуми шарифи Тоҷикистон дар як сатҳи баланди сиёсиву ҳуқуқӣ бо назардошти фарогирии тамоми паҳлӯҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ироа карда шуд.
Қурбонзода Моҳрӯ
корманди донишгоҳ