Паймоншиканӣ ту гарчӣ аз “Паймонӣ”
Бозгашти Шарофиддин Гадоев бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон, силсилаи изҳороти вай ба муқобили ҳампаймонҳои хеш ва ҳамакнун бо такя бар сиёсати инсонгароёнаиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дубора ба Аврупо баргашту ба сангандози дар муқобили Ватану миллату кишвари хеш, ки бо он ҳама душманиву хиёнат ба Ватан ӯро дубора бахшиданд, як нуктаро ошкор месозад, ки бар ин натиҷа бирасем, вай барои нисбати ҳамагуна паймонҳо дили паймоншикан дорад.Ӯ нахуст бо забони худаш иқрор шуд, ки бо хоҳиши хеш баргашт ва ҳатто дар нашрияҳои Тоҷикистон мусоҳибаҳо дод, ки хатогии худро фаҳмидааст ва роҳи муборизаашро дигар мекунад.Аз рӯи эътирофи худаш, ки чанд сол қабл барои ба Ватан баргаштан омода буд, ҳатто метавон тахмин кард, ки ӯ ҳанӯзам фирефтаи Кабирӣ ва ёрони вай аст ва хоҷагонаш, яъне аъзои Паймони миллӣ қаблан дар зери фишор он навореро, ки гӯё қабл аз сафараш ба Тоҷикистон дар он суханронӣ намуда, сабт намуда, баъдан худашон ӯро ҳамчун сайд барои бадном кардани Ҳукумати Тоҷикистон фиристодаанд. Кабирӣ гумон дошт, ки чун Шарофиддин Гадоев ба хоҳиши худаш барои ба Ватан баргаштан омода аст, шоядҲукумати Тоҷикистон ӯро ҷавоб надиҳад ва ба ҳамин баҳона боз найрангҳои наве ташкил намуда, ба назди хоҷагони хориҷии хеш ҳисобот диҳад, ки ҳамакнун дар муносибат ба Шарофиддин Гадоев чунину чуноншудааст. Аммо тираш хок хурд ва чун Ҳукумати Тоҷикистон ӯро авф намуда, бо назардошти паноҳандагии сиёсӣ доштан ба назди зану фарзандаш ба Аврупо озодона баргардонд, ҳамакнун аз пайи барпо намуданидасисаҳои навбатӣ ҳастанд. Афсӯс, ки Шарофиддин Гадоев боз ҳам қурбонии бозиҳои Кабирӣ мисли навори мазкур шуда, ба кори хеш давом медиҳад. Аммо, бахшояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо на танҳо нисбати Шарофиддин Гадоев, балки садҳову ҳазорон нафар мо дидаем, ҳатто ҳамсафони худи вай, ки имрӯз озодона дар Тоҷикистон кору фаъолият доранд ва ҳатто борҳо ба собиқ ҳамсафи худ машварат доданд, ки ки беҳтараш аз роҳи худ баргардад. Ин сиёсати одилонаи Ҳукумати мамлакат аст, ки авфу бахшояндагиро ба унвони мероси бузурги фарҳанги инсонгароёнаи ниёкони шарафмандаш, хоса дар остонаи фарорасии Наврӯз идома медиҳад. Аммо ҷои таассуф барои худи Кабириву ҳампаймонҳояшон дорем, чун Шарофиддин Гадоеваллакай якбор паймони ҳампаймонҳоихудро шикаст ва касе, ки дили паймоншикан дорад, ҳатман боз паймонҳои зиёдеро хоҳад шикаст, чун қавли бузургони гузаштаи мо “одат чу фузун шавад, табиат гардад”. Бовар дорем, ки барои онҳо он рӯз фаро мерасад, ки бо табиати паймоншикании хеш садҳо паймонҳои “ҳампаймонҳои худро хоҳад шикаст, Суол ин аст, ки оё онҳо ҳам ин узви хешро бахшида метавониста бошанд. Инро албатта вақт нишон медиҳад!!!
Самандари Сомонӣ коршинос