Паймони бешарафон

Имрўзҳо ҷомеаи орому осоиштаи моро гоҳо ду ҳодисаи номатлуб халалдор месозанд: яке – ба амалҳои беҳудаю зараровар (аз ќабили ќиморбозї ва нашъамандї) одат кардан, дигаре ба ҳар гуна гурўҳҳои террористиву ифротгаро пайвастани баъзе ҷавонони ноогоҳу кўтоҳандеш. Ин зуҳуроти нохуш, ки оќибати онҳо танҳо пушаймониву бадномист, ба фикри мо, чандин сабаб дорад. Сабаби аввал бекорї, аз кору заҳмат гурехтан ва ҷустани роҳи осону беранҷи зиндагист. Онҳое, ки роҳи сабуку безаҳмати ҳаётро меҷўянд, аввалтар аз ҳама, ба номи шарифу мубораку инсон иснод меоваранд ва баъдан, дар ҷомеа бетартибию беинтизомї ва бесарусомонї эҷод мекунанд.

Дар таърихи 12 ноябри соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалї Раҳмон таҳти №776, ба маќсади пурзўр намудани муќовимат бо экстремизм ва терроризм «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муќовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ќабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳим барои таҳлили омилҳо ва тамоюлҳои экстремихму терроризм ва дар ин замина муттаҳид намудани тадбирҳои муштараки органҳои ќудратии кишвар, маќомоти идоракунї ва ташкилотҳои ҷамъиятї доир ба пешгирї намудани ѓояҳо ва фаъолияти экстремистї ва террористї саҳми басозе хоҳад гузошт.

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст, 09.09.2018 маросими имзои эъломия бо иштироки чаҳор созмони ғайридавлатӣ ва ҳизби мухолифини Тоҷикистон дар шаҳри Варшава нишасте баргузор намуданд, ва он «Паймони миллии Тоҷикистон» номгузорӣ гардида, намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабириро ҳамчун раиси паймон интихоб намудаанд.

Дабири Анҷумани озодандешон Алим Шерзамонов, намояндаи Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Шарофиддин Гадоев, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳомҷон Ёқубов, ва Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун раиси ҳизби наҳзати исломӣ баёнияи таъсиси эътилофи Паймони миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Варшава имзо кардаанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидаст, зеро иқдоми ташкили паймони нав азм дорад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли фоҷиаҳои даҳшатноки солҳои навадум, сулҳу салоҳро вайрон намуда, амалҳои фитнаангез ва террористиву эстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад. Сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», хизмат мекунанд, баста шудааст ва ворид намудан ва паҳн кардани варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Солҳои охир на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё сафи ҷавонону наврасоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, афзуда истодааст. Ин ҳамаи мо-омўзгоронро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи меҳнатии ҷавонону наврасон ҷиддан машѓул шавем. Мебояд, ки дар ин роҳ ҷиҳати ба зеҳни шогирдон расонидани моҳияти маънавї ва иҷтимоии кору заҳмат аз усулҳои гуногуни самаровар истифода барем.

Изҳорот аз кафедраи Технология ва МТО

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ