Падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ҳасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Вожаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм мебошад. Терроризми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир дар шаклҳои терроризми иҷтимоӣ инқилобӣ, терроризми этникӣ миллатгароӣ ва терроризми динӣ баамал меояд. Дар замони муосир тамоили то як андоза маҳдуд шудани терроризми иҷтимоӣ инқилобӣ ва афзудани терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ ба назар мерасад. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ “терроризими исломӣ” таассуби динӣ мебошад. Ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассубӣ сарчашма мегирад. Сарчашмаи ғоявии пуркудрати ислом метавонад, ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда. Таассуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша медавонад, ки ҳаётро ба сифр баробар карда,маргталаб худро дар як лаҳза курбони ҷаҳолат месозад. Таассуб дар қалби фарде, ки ба ин мариз мубтало шудааст, нафрату адоват ва одамбадбиниро тарбия мекунад. Таассуби динӣ шаҳсро танҳо дар доираи худу ҳаммаслакони худ банд мекунад ва дар руҳияи худбинӣ ва ҷаҳолат банд месозад. Дарки бешууронаи арзишҳои ислом, сатҳи пасти дониш ва ҷаҳонбинии динӣ ва дунявӣ боиси хурӯҷи таасуби динӣ мегардад. Мубориза ба муқобили чунин падидаҳои хатарзои асри 21 аз вазифаҳои мубрами кормандони илму фарҳанги дунявӣ ва ходимони намоёни дини муосир маҳсуб мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд.

Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз тарафи бархе аз кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегардад ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” қабул карда шуд, ки мақсади он пеш аз ҳама риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар моддаи 9 Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” таъкид шудааст, ки а) ташкилкардан , ба қайд гирифтан ва фаъолият намудани ташкилотҳои экстремистӣ ва ё ташкилотҳое, ки барои амалӣ шудани экстремизм мусоидат мекунанд; б) фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла паҳн кардани маводҳои экстремистӣ; Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудан зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Мо хуб дарк мекунем, ки дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фиррориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

Омӯзгори кафедраи ҷамъиятшиносӣ Ҳасанова С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ