Падидаҳои нави ба ҷамъият бегона

Ҳоло дар замони муосир ҳамагон яъне мардуми тамоми олам бо бо ташвиш умр ба сар мебаранд. Зеро садову симо ва ВАО рӯзе нест, ки дар бораи корҳои ношоистаи дар ҷамъияти муосир баргузорнамудаи падидаҳои номатлуби ҷамъият яъне терроризм ва экстремизм маълумот надиҳад. Бале, он амалҳои ноҷояи падидаҳои бегонаро чӣ тавр онҳо маълумот намедиҳанд, зеро он кирдорҳое, ки душманони инсоният зоҳир менамоянд ғайриихтиёр дар ҷамъият паҳн мегардад.

Ҳамин тавр бошад ҳам мо дар Тоҷикистони азизи худ хушбахту озод ва бофароғат зиндагӣ дорем. Ҳар як рӯзи мардуми тоҷик дар Тоҷикистони соҳибистиқлол софу беғубор, офтоби саодат бар сари халқи азизаш тобон ва ватан пурқуввату тавоно мебошад.

Аммо афсӯс ки баъзе шаҳрвандони кишвари мо барои дарёфти кор ба кишварҳои хориҷ рафта, аз сабаби ҳуввияти миллии паст доштанашон ва чашмгуруснагиашон, дар назди пулу мол ва сарват худашонро гум карданашон ва аз сабаби аз кӯчаи маданият нагузаштанашон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил мешаванд, ки ниҳоят бе шаъну шарафона пушаймон ҳам мегарданд. Аммо афсӯс, ки то ба он ташкилотҳо аъзо гардидан аксарияти онҳо ба мафҳумҳои он падидаҳо сарфаҳм мерафтанду худдорӣ карда натавонистанд. Он ашхосони бешарм вақте, ки корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ зидди он падидаҳои номатлуб гузаронида мешуд ба он беаҳмиятона рафтор менамуданд ва ҳатто шунидан намехостанд. Аъзоёни он гурӯҳҳои тундрав бошад барои зиёд гардидани сафи худ ҳар коре, ки аз дасташон ояд мекунанд, зеро онҳо низ нақшаҳои худро пур карданӣ мебошанд.

Аз ҳама ҳам шомилшавии занону духтарони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро барои миллати тоҷик нанги калон асту вале аксарияти аъзогардидагон вақте, ки пушаймонии худро баъди дастгир шудан ба мақомотҳои давлатӣ изҳор мекунанд боварӣ доранд, ки Тоҷикистон онҳоро мебахшад ва дар бораи исноди ояндаи он ба авлоду аҷдодонашон андешае намекунанд. Барои ҳамин хизмати омӯзгорон дар таълим ва тарбияи донишандӯздухтарони худ ва ҳамкории мустаҳкам бо волидайн хеле зарур ва муҳим аст. Онҳоро мебояд ба мафҳумҳои шаъну шарафи авлоду наслҳои оянда аз наздик шинос кард. Аммо боз чунин илова карданам мумкин, ки аввал худи тарбиятгар хоҳ модаркалону падар, хоҳ муаллиму модар бояд каме дар бораи мақсад ва маромҳои падидаҳои нави ҷамъиятӣ маълумоти муфассалу саҳеҳ дошта бошанд,то тарбиягирандагони худро тавонанд ба мафҳум ва мақсади он падидаҳо на сарсарӣ балки чуқур ошно кунанд.

Дар шароити кунунӣ ва бо мақсади ҷилавгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти носолим дар ҷомеа хуб мешуд, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз тарафи шахсони худ дар бораи падидаҳо маълумотҳои муфассал ва исботкунанда дошта (аз варақ хонда надода, ё аз аз рӯи нақша сарсарӣ хому бемаъно гуфта надода) гузаронида шавад. Боз як чизро қайд карданам мумкин аст, ки шахси маълумотдиҳанда аввал худ маълумоти чуқур дар бораи он падидаҳо дошта бошад.

Аммо албатта боз ёдрас карда метавонам, ки дар ҷамъияти соҳибтамаддуни мо - Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявӣ аксарияти мардум мафҳуми терроризмро, киякпадидаи занҷирбанди хввфнок барои суботи ҷомеа дар ҳамаи кишварҳо реша давонида метавонад, медонанд.Ин тавр бошад ҳам сирҳои нави фаъолияти ТТЭ ҳар рӯз ошкор гардида боварии мардумро нисбати худ коста гардонида истодааст ва ба асли он тамоми мардуми дунё ошно шуда истодааст.Яъне он падидаҳо худашонро худашон ба ҷамъият ба кирдорҳои ношоями дар рӯи бел намеистодаашон шинос намуда муттаҳамиҳои худро низ ошкор карда истодаанд.

Саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ Атаева Ҳ.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ