Падидаҳои нангини муосир дар байни ҷавонон ва таъсири онҳо ба Ваҳдати миллӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тавре ки муайян аст, 20 сол қабл – 27 июни соли 1997 баъди даргириҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, Муоҳидаи таърихие оид ба сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ имкон фароҳам овард, ки дар тайи ин давраи таърихӣ аксарияти гурезагон аз хориҷи кишвар баргардонида шаванд, иқтисодиёти харобгашта дар маҷмуъ барқарор карда шавад, харобаҳои ба боровардаи ҷанг аз маҳаллаву деҳаҳо сар карда, то ноҳияву шаҳрҳо дар саросари кишвар аз нав бунёд гарданд, сохтори идоракунии давлат ва ҳукуматҳои маҳаллӣ аз нав бақарор гарданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар мамлакат аз поён то ба боло тақвият ва густариш ёбад. Ҳамаи ин муваффақиятҳо ба шарофати ҷидду ҷаҳди халқи Тоҷикистон баҳри сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ ва муттаҳидӣ ба даст оварда шуданд. Бисёр тадқиқотчиёну коршиносон чунин мешуморанд, ки муваффақияти асосии солҳои сипаришуда ин қабл аз ҳама кӯшишу ҷидду ҷаҳд баҳри сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон буд, ки он имконият фароҳам овард иқтисодиётро аз нав барқарор ва инкишоф дода, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар мамлакат густариш дода шаванд.
Бо дарназардошти натиҷаҳои ҳалокатбору қувваи харобиовари таҳдидҳои ғайримаъмулии ҷаҳони муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро дар баромадҳою суханрониҳои хеш аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, САҲА (ОБСЕ), СҲШ (ШОС), СААД (ОДКБ) , Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ОИС ва ғайра ҷалб намуда, оид ба қабул намудани чораҳои муассиру саривақтии пешгирикунанда, роҳҳову шеваҳои аксуламали мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷойдошта ва ҳалли оҷилонаи проблемаҳо ва ҷангҳои даҳшатбор дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, махсусан дар Афғонистон, Сурия, Ливия, Ироқ ва дар Украина, таъкид намудаанд.
Дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 январи соли 2016 таъкид гардидааст: “Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад”.
Ҳодисаҳои вақтҳои охир рухдодаи ҷаҳон, яъне беш аз пеш муташанниҷ гардидани вазъи низомиву сиёсӣ дар Шарқи Наздик, дар Аврупо, Осиё, Африка, Океания ва дигар манотиқи ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризму экстремизм ба васоити таҳдиди дараҷаи аввали ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Фаъолияти ташкилотҳои террористӣ беш аз пеш тавсеа ёфта, шиддатёбии онҳо вазъиятро боз ҳам душвортар мегардонад, махсусан дар давлати ба мо дӯсту ҳамсоя - Афғонистон. Умуман, терроризм ва экстремизм имрӯз ба бехатарӣ ва оромии ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, чун вабои аср ба башарият хавфи на камтар аз яроқи ядроиро дорад. Мубориза бо терроризму экстремизм таъсиси фазои боварибахш, эҳтиром ба манофеи тарафайн ва муттаҳидшавии тамоми мамолики ҷаҳонро бар зидди ин таҳдиди умумӣ тақозо дорад.
Падидаи ниҳоят даҳшатовару мутанаффири терроризм, зери шиори диниву мазҳабӣ аз худ дарак додани ӯст, ки вай ба дини муқаддаси ислом ҳеҷ муносибате надорад. Баръакс терроризм душмани ашаддии дини мубини ислом буда, аз терроризми ваҳшиёнаи асримиёнагӣ қабл аз ҳама давлатҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра ҷабр мебинанд.
Дар натиҷаи оқибатҳои даҳшатбори фиребу найранг ва тағйир додани фаҳмишу ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавонон, бозӣ дорондани аҳолӣ ва ҷорӣ намудани қолибҳои дугонаи Тоҷикистони тозаистиқлол, дар солҳои 90-уми асри гузашта марҳалаи фоҷиабореро дар муқобили экстремизму терроризм аз сар гузаронд, ки дар ин роҳ ҳаёти даҳҳо ҳазор шаҳрвандонашро аз даст дод, ки ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин раванди даҳшатбору манфур қарор доштанд.
Бо дарназардошти мақсадҳои муғризона ва афзоиш ёфтани таҳдидҳову ситезаҷӯиҳои муосир дар Тоҷикистон, Президент ба Прокуратураи Генералии мамлакат супориш дод, ки дар якҷоягӣ бо дигар органҳои давлатии дахлдор асноди Стратегияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба муқовимат ба экстремизму терроризмро барои солҳои 2016–2020 омода созанд. Ҳуҷҷати мазкур дар як муддати кӯтоҳ омода ва қабул карда шуд. Стратегияи миллии омодашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизму терроризм барои солҳои 2016–2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 қабул гардид, ки дар он ҳадафҳои асосӣ, вазоифу самти фаъолият нишон дода шудааст.
Дар Стратегияи Миллии мазкур нишон дода шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфтани таҳдиди экстремизму терроризмро ба амнияти миллӣ ва густариш ёфтани онро алайҳи ҷомеаи башарӣ ва давлатҳои минтақа эҳсос намуда, муборизаро дар ин самт ҳамаҷониба тақвият мебахшад.
Ташкилотҳои экстремистиву террористӣ фаъолияти худро оид ба ҷорӣ намудани идеологияи қатъии ғайр, оташ ангехтан ба қатлу куштори диннӣ дар ҷамъият, ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ ва анҷом додани амалҳои ҷинояткоронаи дорои хусусиятҳои экстремистиву террористидошта, кӯшиши тағйир додани сохти ҷамъиятиву сиёсии ин ё он мамлакатро бо роҳи зӯрӣ ҳадафи худ қарор додаанд.
Ҳадафҳои Стратегияи Миллӣ соҳаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти давлату ташкилотҳои ҷамъиятиро ба таври зерин фаро гирифтааст: “омӯзишу таҳлили омилҳо ва ҳадафҳои экстремизму радикализм; муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлат дар доираи муқовимат ба экстремизму терроризм; такмили базаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, ҳамчунин таҷрибаи муқовимат ба экстремизаму терроризм; мувофиқат намудан ба ташаккули нишондоди фаҳмишу рафтори таҳаммулпазирӣ, мувофиқаи динниву байниоммавӣ дар ҷомеа; муттаҳидгардонии органҳои давлатӣ, органҳои худидоракунии маҳалҳо дар шаҳракҳову деҳот, институтҳои ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба пешгирии паҳншавии ғояҳою фаъолияти экстремистиву террористӣ; баланд бардоштани муассирияти ҳамкории органҳои салоҳиятнок оид ба огоҳонидану мубориза бо падидаҳои нангини экстремизму терроризм, фурӯши маводи мухаддир, пинҳон доштани даромадҳо ва ба даст даровардани маблағҳо бо роҳҳои ҷинояткорона, ки манбаи маблағгузории экстремизму терроризм мебошанд”.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 2011 дар Тоҷикистон бо супориши Ҳукумат “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” омода гардида буд, ки дар мутобиқат ба он соли 2017 – соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
Дар Стратегияи сиёсати ҷавонон нишон дода шудааст, ки сиёсати давлатии ҷавонон даъват ба он дошт, ки захираҳои давлативу ғайридавлатӣ муттаҳид гардонида, дар назар дошта шудааст, ки бо хусусияти ҳамгироии худ ҷавононро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намуда, малакаи мустақилияти ҳаётфаҳмии шаҳрвандони ҷавон инкишоф дода шавад.
Барои амалӣ гардондани самти афзалиятноки ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва огоҳонидани он оид ба имкониятҳои мавҷудаи инкишоф дар Тоҷикистон, лоиҳаҳои зерин худи ҳамон вақт мадди назар гардида буданд:
- Барномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”;
- Барномаи давлатии “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
- Барномаи “Инкишофи тандурустии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
Ҳадафҳои асосии ин барномаҳо дар якҷоягӣ баҳри амалӣ гардондани сиёсати давлатии ҷавонон оид ба густариш додани шароити ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва шароитҳои ташкилӣ, баҳри татбиқи имкониятҳои ҷавонон, тарбияи маънавию ҳуқуқии онҳо, тарзи ҳаёти солим ва инкишофи ҷисмониашон нигаронида шудаанд.
Тайи солҳои сипаришуда баҳри татбиқи стратегияи сиёсати ҷавонон корҳои зиёде анҷом пазируфтанд. Дар баробари ин, касе гумон надошт, ки чунин тамоюли нангине дар байни қисме аз ҷавонон ба таври динамикӣ инкишоф меёбад.
Вобаста ба ин кӯшиш менамоем, ки ташвиши худро шарҳ дода, баъзе паҳлуҳои махсуси таҳдиди фавқуззикрро кушода диҳем.
Ҳамин тавр, тамоюли асосӣ ин терроризму экстремизми синнусолӣ буда, асосан дар байни ҷавонон паҳн гардидааст, ки ҳадафи он ҷавононро ба ташкилотҳои мухталифи тундрави диннӣ – экстремистӣ ва террористӣ ҷалб намояд. Бино ба маълумотҳои расонаӣ гардидаи ВАО ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафҳои ДИИШ ва ҷанг дар ҳудуди Сурияву Ироқ ба 1100 нафар расидааст, ки аз ин ҷумла 300 нафарашон ба ҳалокат расидаанд.
Ташвиши сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ВАО, ҳамчунин як қатор коршиносони минтақа, ки ба омӯзиши проблемаи таҳдиди муосир машғуланд, дар он аст, ки тамоюли синнусолии таъсиси ташкилотҳои тундрави экстремистӣ дар давлатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХI аз ҳисоби ҷавонон нигаронкунанда мебошад.
Ҳамин тавр, аз рӯи маълумотҳои ВКД ва қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 фаъолияти зиёда аз 20 ташкилот қатъ гардонида ва дар соли 2016-ум дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 сомонаи ташкилоту ҳаракатҳои хусусияти экстремистидошта манъ карда шуд. Ба рӯйхати сомонаҳои мамнуъ эълоншудаи равияҳои экстремистӣ ва хусусияти тундравидошта аз ҷумла 27 сомонаи “Ҳизб-ут-таҳрир”, 9 сомонаи “Ҷабҳат-ун-нусра”, 10 сомонаи “Ҳама дар бораи ҷиҳод”, 18 сомонаи “ДИИШ”, 2 сомонаи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Содиқлар” (”Содиқон” - ба забони ӯзбекӣ), “Ҳаракати Толибон”, “Ҷамоа-ал-шариат”, “Ҷайш-ал-Муҳоҷирин-Ансор”, “Гурӯҳи 24”, ҲНИТ ва ғайра шомиланд. Мусаллам аст, ки рӯйхати мазкур мукаммал нест. Ба маълумоти хонандагони муҳтарами “Коммунисти Тоҷикистон” мерасонем, ки танҳо як худи ташкилоти мамнуъ эълоншудаи ДИИШ сохтори ниҳоят пуриқтидори тарғиботиро дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дорост, ки аз тамоми захираҳои истифодабарандаи ҷавонон дар маҷмуъ хеле зиёд аст. Чунончи, бинобар маълумотҳои органҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои судии мамолики хориҷӣ, аз ҷумла дар Федератсияи Россия зиёда аз 5 ҳазор сомонаҳо ва маводҳои дорои характери экстремистӣ ба рӯйхати мамнуъшудаҳо дохил карда шудааст.
Проблемаи ниҳоят сангин ва ҳатто ниҳоят хавфноки дигар, ки ҳатто бевосита ба дараҷаи хавфнокӣ ба ҷомеа ва давлат таҳдид менамояд, ин афзоиш ёфтани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон мебошад.
Инак, ба маълумотҳои оморӣ ва факту рақамҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ менигарем. Бо нишон додани ташвиши ҷиддӣ оид ба болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасони ба синни балоғатнарасида ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додааст, ки зиёда аз ҳазор (аниқтараш 1030) адад ҷиноятҳои вазнин дар моҳҳои январ – феврали соли 2016 ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумотҳои охирини ВКД ҷамъбасти соли 2016-ум нишон медиҳад, ки 21 ҳазору 756 ҷиноят дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи ҳамин маълумотҳо дар соли 2016-ум дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус 34 адад гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, бо теъдоди умумии 169 нафар безарар гардонида шуданд.
Дар соли 2016-ум дар Тоҷикистон ҳамчунин 4082 ҷинояти вазнин, аз ҷумла 93 куштор, 52 ҷинояти роҳзанӣ, 159 ҷинояти ғоратгарӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҷиноятҳои марбут ба дуздӣ дар ҷумҳурӣ, дар соли 2016-ум 5042 адад ва қаллобӣ 3035 ададро ташкил намудааст.
Миқдори ҷиноятҳои аз ҷониби наврасони ба синни балоғат нарасида, дар соли 2016-ум нисбат ба соли қаблӣ, 49 адад кам шуда бошад ҳам дар маҷмуъ он 693 ададро ташкил медиҳад. Падидаи аз ҳама нангину нафратовар дар ҷумҳурӣ, ки таваҷҷуҳи ҷиддиро мехоҳад, ин одамрабоӣ ва хариду фурӯши инсон мебошад. Ташкилоти байналхалқӣ оид ба муҳоҷират (ТБМ) изҳор намудааст, ки тайи 11 соли охир 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди дуздӣ ва хариду танфурӯшӣ қарор гирифтаанд, ки аксарияти онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз рӯи маълумотҳои қароргоҳи ТБМ дар шаҳри Душанбе, дар давраи солҳои 2005–2016 ҳодисаи одамрабоӣ дар Тоҷикистон мунтазам афзоиш ёфта, дар маҷмуъ 679 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун қурбонии хариду фурӯш ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумул 347 нафар занону духтарони аз 14 то 47-сола ва 108 нафарашон духтарони ноболиғ мебошанд. Одатан чунин қурбониёни хариду фурӯшро бо мақсадҳои шаҳвонӣ истифода мебаранд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол 63 нафар сокини Тоҷикистон қурбонии қочоқчиёни одамфурӯш мегарданд. Одатан чунин шаҳрвандони моро ба Туркия, мамолики араб, Қазоқистону Россия “интиқол” медиҳанд, ки дар он ҷойҳо онҳоро муассисаҳои вақтхушкунанда ва фоҳишахонаҳо интизоранду “истиқбол” мегиранд.
Бинобар маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта аз рӯи моддаи одамрабоӣ 28 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд, ки оид ба 22 ҳодисаи он ҳукми суд бароварда шудааст.
Вабои асри ХХI ва проблемаи ниҳоят ҷиддии байналхалқӣ ин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буда, он бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон ва минтақаро, ки ба “секунҷаи тиллоӣ” ва “нимҳилоли тиллоӣ” дохил мешаванд, фаро гирифтааст. Мамлакати мо борҳо изҳор намудааст, ки даромади аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бадастомада, ки ҳар сол даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузори терроризми байналхалқӣ мебошад. Бинобар ин, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ин қисми асосии мубориза бар зидди терроризму экстремизм маҳсуб меёбад. Ҳамзамон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, боиси ҷалби асосан ҷавонон ба ин балову вабо гардида, таҳдиди ҷиддӣ ба “генофонд”-и миллат дорад.
Аз рӯи маълумотҳои СММ гардиши молии ҷаҳон дар истеҳсолоти маводи мухаддир аз 400 то 600 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бинобар маълумотҳои дигар даромади умумӣ аз 800 миллиард то як триллион долларро дар бар мегирифтааст. Теъдоди умумии истифодабарандагони маводи мухаддир дар дунё зиёда аз 200 миллион нафарро дар бар мегирад, ки ин 3,4 фоизи аҳолии дунё ё 4,7 фоизи аҳолии аз 15-сола болои курраи заминро ташкил медиҳад. Айни замон дар ҷаҳон наздик ба 160 миллион нафар маводи мухаддири навъи канабис, 42 миллион нафар – маводҳои сахттаъсири мадҳушкунанда, ки 8 миллион нафари онҳо ба ҳолати ҷунун – девонагӣ (экстаз) гирифторанд, зиёда аз 14 миллион нафар кокаин истеъмол карда, қариб 15 миллион нафар мубтало ба дарди истеъмоли афюн буда, аз он 10 миллион нафарашон героин истифода мебаранд.
Сол то сол теъдоди истифодабарандагони навъҳои нисбатан хатарноки маводи мухаддир - героину кокаин афзоиш ёфта, ин тоифа ба ҳадди экстаз – ҷунун (девонагӣ) расидаанд.
Вазъи нашъамандӣ дар мамлакати мо қабл аз ҳама ба афзоиши пайвастаи истеҳсоли афюн дар давлати ҳамсояи Афғонистон вобастагӣ дорад, ки 90 фоизи героини ҷаҳон истеҳсол мегардад ва онро аз таркиби афюн мегиранд. Ҳамчунин Афғонистон оид ба истеҳсоли банг низ дар ҷаҳон пешсаф буда, солона ба бозори сиёҳи байналхалқӣ аз якуним то сеюним ҳазор тонна ин навъи маводи мухаддирро пешниҳод менамояд.
Ҷидду ҷаҳди Тоҷикистон дар самти назорат аз болои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили байналхалқӣ тавассути ҳудудҳои кишвар, ба иҷрои уҳдадориҳои байналхалқӣ ва барқарор намудани назорати қатъӣ аз болои гардиши қонунии маводи мухаддир, таъмини муборизаи муассир бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ба кафолати расонидани ёрии тиббӣ ба беморони мубталои ин дарди мудҳиш, ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкориҳои байналахалқӣ, нигаронида шудааст.
Тайи соли 1994–2016 аз ҷониби органҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми Тоҷикистон зиёда аз 113 тонна маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки 34 тоннаи онро героин ташкил медиҳад. Чунин миқдори маводи мухаддир наздик ба 50 миллион нафарро метавонист мубталои ин дарди ҷонкоҳ гардонад.
Сарфи назар аз корҳои анҷомдодаи мақсаднок дар ин самт, проблемаи “нашъамандӣ” ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳанӯз ҳам ниҳоят ҷиддист. Зеро ин дард, тавре ки қаблан ёдовар гардидем, наслро вайрон карда, боиси таназзули миллат гардида, ояндаи онро ба нестӣ мебарад.
Тибқи баҳои гурӯҳи пешбарандаи лоиҳаҳо оид ба бемории масунияти бадан (СПИД), миқдори тақрибии ошкорову ниҳонии истифодабарандагони инъексияи зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз 20 то 30 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон проблемаи истифодаи инъексионии маводи мухаддир ва вобаста ба он афзоиши ҳодисаҳои мубталоёни ВИЧ СПИД ҳанӯз ҳам ташвишовар аст. Аз рӯи маълумотҳо ба ҳолати 31 декабри соли 2012 –ум дар мамлакат ба таври расмӣ 3846 ҳодисаи мубталоёни ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 77,7 фоизи онро мардон ва 22,3 фоизро занон ташкил медиҳанд. Аз рӯи маълумотҳои охирини дар васоити ахбори умум дарҷгардида теъдоди гирифторони ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Ин рақам аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ то ба 30 ҳазор мерасад.
Нашъамандӣ ин муҳимтарин проблемаи тиббиву иҷтимоӣ буда, маводи мухаддир бошад, на танҳо проблемаи давлат, балки дар маҷмӯъ проблемаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад. Дар ин замина сиёсати зиддинашъамандии давлат баҳри мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва паст гардондани талабот ба маводи мухаддир нигаронида шудааст. Тоҷикистон қатъиян мавқеи муборизаи оштинопазирро бар зидди маводи мухаддир дастгирӣ менамояд ва бо чунин стратегия ба хотири расидан ба аҳдофи умумӣ – ба вуҷуд овардани муҳити созгор баҳри ба куллӣ аз байн бурдани талабот ба истифодаи маводи мухаддир ҷидду ҷаҳд менамояд. Бинобар ин, назорат аз болои маводи мухаддир мавзӯи асосӣ буда, ба он таваҷҷуҳи махсус дода мешавад ва сиёсати давлат ба ин самти муҳим нигаронида шудааст.
Иқдоми муҳим дар ин самт ин аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ намудани Конвенсияҳои зидди маводи мухаддир қабул кардаи СММ дар тайи солҳои 1961, 1971 ва 1988 гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 апрели соли 1996 “Дар бораи чораҳои таъхирнопазир андешидан оид ба тақвият додани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир” фармон ба имзо расонд, ки он дар мамлакат заминаи асосии ташкил намудани муборизаи мақсаднок бар зидди маводи мухаддирро гузошт. Моҳи июни соли 1999 бошад, дар Тоҷикистон Агентии назорат аз болои гардиши маводи мухаддир таъсис дода шуд. Аз соли 2005 Тоҷикистон узви доимии Кумитаи байнлахалқии СММ оид ба назорат аз болои маводи мухаддир мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки аз ҳудуди он қочоқи маводи мухаддир мегузарад, ба проблемаи ҷиддии истифодабарии ғайритабии маводи мухаддир аз ҷониби аҳолӣ махсусан аз ҷониби ҷавонон рӯбарӯ гардид. Бинобар ин, бо дарназардошти мавқеи муҳим доштани чорабиниҳои пешгирикунандаи нашъамандӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30 ноябри соли 2007 “Барномаи ягонаи давлатии ҳадафнок оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2008–2012” тасдиқ карда шуд. Заминаи асосӣ оид ба амалӣ гардондани чорабиниҳои пешгирикунанда Шӯрои мутобиқат оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи мухаддир гардид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2004 таъсис дода шуд. Аллакай аз соли 1999 дар Тоҷикистон зиёда аз 20 барномаи зидди нашъамандии СММ ва Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегарданд.
Бо мақсади мубориза ва муқобилият ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои гуногун ва ташкилотҳои байналхалқӣ тақвият мебахшад. Зиёда аз 30 муоҳидаи дуҷонибаву бисёрҷониба дар ин самт ба имзо расидааст. Алоқаҳои қавӣ бо органҳои ҳифзи ҳуқуқу органҳои махсуси Афғонистон, Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Германия, Британияи кабир, ИМА ва Фаронса барқарор карда шудааст. Муносибат бо мамлакатҳои ба Иттиҳоди Аврупо воридгардида, ҳамчунин бо Япония, Эрон ва Норвегия мустаҳкам карда мешавад. Органҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бисёре аз амалиётҳои байналхалқӣ, оид ба пешгирии кочоқи маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзанд.
Дар Тоҷикистон дар ин бобат дар кодекси ҷиноятӣ ва кодекси маъмурӣ ҷазои қатъӣ пешбинӣ гардидааст…
Ба таърихи 2 феврали соли 2017 дар Агентии оид ба назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохтори мазкур дар соли 2017 маълумот дода шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар тайи сол аз ҷониби органҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 3426 кило маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Ин рақам дар соли 2015-ум 4676 килоро ташкил дода буд, ки 24,7 фоиз нисбат ба соли 2014 камтар аст.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 7 ҳазор беморони мубтало ба нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 21 нафари онҳо дар тайи 6 моҳи охир фавтидаанд.
Аз ҷониби ин ниҳод ду ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мадҳушкунандаи синтетикӣ фош карда, 180 дона ҳабҳои синтетики мухаддиру психотропикӣ гирифта шудааст. Умуман дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳама органҳои ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2016-ум 13 ҳазору 337 дона ҳабҳои маводи психотропӣ мусодира гардидааст.
Тибқи маълумоти хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди ашхоси гирифтори бемории нашъамандӣ 7067 нафар буда, 175 нафари онҳо занон мебошанд. Аз ин ҷумла дар шаҳри Душанбе - 2654 нафар (106 зан), дар вилояти Суғд – 1147 (41 зан), ВМКБ – 807 (3 зан), ноҳияҳои тобеи марказ – 1076 (7 зан).
Дар Тоҷикистон аз теъдоди умумии занони маҳбус 70 фоизашон барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷазо гирифтаанд.
Дар соли 2016-ум 289 ҳодисаи ғайриқонунии гардиши маводи мухаддир ошкор карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2015-ум 73 адад ё худ 33 фоиз зиёд мебошад. Аз ин теъдод 152 адад ҳодисаи ҷинояткорӣ буда, 137 адади он ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбут аст. Яъне ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст.
Бояд ёдовар шуд, ки ба марҷеъҳои гуногуни судӣ 112 делои ҷиноятӣ бо фикри айбдории 161 нафар ирсол гардидааст.
Дар самти мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор бошад, фаъолияти 62 гурӯҳ ошкору пешгирӣ карда шудааст. Соли 2016-ум 14 нафар ашхоси дар пайгарди қонун қарордошта, ки дар кофтукови байналхалқӣ қарор доштанд, дастгир гардиданд.
Соли 2016 кормандони агентӣ якҷоя бо органҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 13 амалиёт ва бо органҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷа 11 амалиёти муштарак гузарониданд, ки дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 319 кило маводи мухаддир, 3 адад яроқи оташфишони навъҳои гуногуну 152 адад дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Умуман дар соли 2016 зиёда аз 18 тонна маводи мухаддир ба таври сӯзондан нест карда шудааст.
Таҳлили падидаҳои нангини муосир дар байни ҷавонон нишон медиҳанд, ки барои пешгирии проблемаҳои тундгароиву экстремизму терроризм истифодаи маводи мухаддир, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар байни ҷавонон, тақозои онро дорад, ки тамоми сохторҳои давлатӣ дар муттаҳидӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, баҳри аз байн бурдани ин вабои асри ХХI мубориза баранд. То вақте ки ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд хавфи ҷиддии ин таҳдидро ба ояндаи миллат ва насли ҷавони кишвар эҳсос накунад, дар ин мубориза дастболо шудан ғайриимкон аст.
Аз ҳама асосӣ он аст, ки халқи Тоҷикистон натиҷаҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандиро, ки душманони миллат ба бор оварда буданд, хуб дар ёд доранд. Ва ҳамчунин дар ёд доранд, ки ҳадафи бадхоҳон ба сари халқи кишвар иҷборан бор кардани маслаку фарҳанги ғайру ташкили давлати исломӣ буд, ки ин бесарусомониҳо боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор шаҳрвандону зиёни иқтисоди гӯшношуниде гардид.
Озодиву Истиқлолият сарфи назар аз проблемаҳову мушкилоти ҷойдошта барои мардуми мо дастоварди бузургтарин буда, онро чун гавҳараки чашм мо бояд ҳифз намоему ба он ҳамчун муқаддасот эҳтиром қоил бошем.
Оид ба тақвият ёфтани таҳдиди комплексии деверсияи иттилоотӣ бо коррупсионии гуфтан мумкин аст, ки душманони ғоявӣ бо истифодаи натоиҷи навтарини тадқиқотҳои илмӣ ва технология дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои байналхалқии муосир, ҳамчунин вобаста ба афзоиши мавқеи сохторҳои иттилоотиву комуникатсионӣ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи ҳалли оҷилонаи проблемаҳои фавқуззикрро тақозо дорад ва ҳалли он аз бисёр ҷиҳат бе ҳамкории якҷоя даст нахоҳад дод.
Аз истифодабарии технологияи баландпояи навин, ки марказҳои динӣ-экстремистии хориҷӣ истифода мебаранд, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҷараёнҳои тундраву экстремистӣ ва террористии муосир на танҳо зери ниқоби дин моҳирона худро ҷой кардаанд, балки хеле фаъолона ба фазои иттилоотии мо ворид ҳам гардидаанд. Дар ин замина экстремистони тундрав аз бисёр маҳдудиятҳои динӣ рӯй тофта, тавонистаанд навгониҳои техникии тамаддунро фаъолона баҳри амалӣ шудани аҳдофи ғаразноки худ истифода баранд.
Равияву ҷараёнҳои тундраву экстремистӣ ва террористӣ, ки дар зери ниқоби дини мубини ислом рӯйпӯш гардидаанд, инфрасохтори махсуси худро доро буда, сатҳи баланди истифодабарии технологияи пешқадамро дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш медиҳанд. Намояндагони онҳо хеле зиёд ба ҷангҳои иттилоотӣ дар баробари давлатҳои бузург шарик гардида, натиҷаи чунин муқовимат айни замон мавзӯи мубоҳисаву мунозира дар ҷаҳон гардидааст. Ин ҳама барои онҳо имконият медиҳад, ки дар минтақаи мо ва тамоми дунё на танҳо сиёсати худро тарғибу ташвиқ намуда, одамонро фирефта, ба сафҳои худ чун узви нав ҷалб кунанд, балки ғояи “хилофат”-ро дар ҷаҳони исломӣ талқину мустақар гардонанд.
Маълум аст, ки “сайд”-и асосии онҳо одамони синну соли гуногун мегарданд. Барои онҳо мансабу дороӣ, мартаба, маълумот, миллат айни замон аҳамият надорад. Барои амалӣ гардидани аҳдофи зишти худ онҳо асосан дар байни насли наврасу ҷавонон ҷиддӣ кор мебаранд.
Чаро ҷавонон аз ҳама бештар қурбонии гурӯҳҳои динниву экстремистӣ ва террористӣ мегарданд?
Дар ҷавоби ин савол метавон чандин сабабҳои ҷалбшавии ҷавононро ба ин равияву ҷараён ва гурӯҳҳои ифротӣ мисол овард:
- баҳои кофӣ надодан ба қобилияти ҷавонон;
- вобастагии ҷавонон аз андешаи дигарон;
- проблемаҳои мухталиф дар ҳаёту зиндагӣ ва ё дар оилаи ин ё он ҷавон, аз қабили нодорӣ, мушкилоти молиявӣ ва ғайра;
- таваҷҷуҳи ҷиддӣ баҳри барқарор намудани адолат дар дунё, баҳри аз байн бурдани коррупсия, роҳ наёфтан ба инкишофу пешрафт дар кору вазифа;
- эҳсоси бечорагиву танҳоӣ дар зиндагӣ.
Дар натиҷа наврас ё ҷавони беғоя, ки ирода надорад, дар симои мубаллиғи ҷолиб такягоҳу ҳамфикри мувофиқро меёбад, вале бехабар аз он ки ин “дӯст”-и нав барои ӯ ин ҳама илтифоту меҳрубониҳояшро то вақте арзонӣ медорад, ки ҷавони фирефта ба “катаки оҳанин”-и макри ӯ меафтад.
Яке аз силоҳҳои амалкунандае барои ҷалбу фиреб намудан ба ҷараёнҳои тундраву экстермистӣ ва террористӣ шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Онҳо одамони барои худ даркориву муҳимро аз шумули онҳое интихоб менамоянд, ки амалашон дар қатлу куштор аз тариқи видео ба навор гирифта шудааст. Тарғиботчиёни чунин гурӯҳҳо таваҷҷуҳи аҳолиро ҷалб намуда, ашхоси алоҳидаи махсусро, ки ба баҳсу моҷароҳо азми ҳамроҳ шуданро доранд, интихоб менамоянд. Баъдан ба алоқа баромада, аз ҳисоби онҳое, ки дар мубоҳиса ширкат варзидаанду таваҷҷуҳи пайравӣ ба чунин гурӯҳҳои тундравро доранд, сафҳои “муборизони ҳақиқӣ”-ро пурра мегардонанд.
Шеваи дигари кори онҳо дар байни занон ҳавасмандони ба хориҷиён ба шавҳар бароманданро ҷалб намудан аст. Ин ҷо гап дар бораи он нест, ки занон ё духтарон танҳо ба шавҳари доро азми ҳамсар шуданро доранд. Ҷиҳати дигаре ҳам дорад. Масалан, агар ба духтаре он ҷиҳати ҷавони шиносшудааш маъқул набошад, ки майнӯшӣ кардаву сигору ҳатто маводи мухаддир истеъмол менамояд, ба ӯ ваъда медиҳанд, ки дар симои шавҳаршавандаи сарватманди ояндааш дар хориҷ ҷавони идеалиеро ёфта метавонад, ки ин ҳама хислатҳои манфур барояш бегона аст.
Ҳамчунин гурӯҳҳое низ барои тарғибу ҷалб ва фирефтани ҷавонон амал менамоянд, ки барои ин кор ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Масалан, онҳое, ки зери таъсири фишори руҳӣ ё қобилияти сусти ташкилотчигидошта, ба худ боварии қатъӣ надоранд, ё тамоил ба костагии руҳӣ доранду дар бораи ҷаҳон тасаввуроти амиқу дуруст надоранд, ҳамчунин духтароне, ки дар зери таъсири гуфтаҳои чунин тарғиботчиёни равоншинос мондаву онҳоро дӯст доштаанд, ашхосе, ки қобилияти тафаккури интиқодӣ надоранд, ба чунин гурӯҳҳои тарғиботӣ шомил гардида, гоҳ-гоҳе ба мамлакати худ баҳри иҷрои супориши хоҷагони худ баргашта, вазифаи тарғиботчиёну ҷалбкунандагонро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав иҷро менамоянд.
Факту рақамҳои оморӣ аз рӯи чунин навъҳои ҷинояткорӣ, ки тамоили манфӣ доранд, аз тариқи хадамоти матбуотии органҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра пешниҳод мегардад.
Ҳамин тавр, таҳлили майл ба тамоили манфӣ доштани ҷавонон, аз ҷумла инкишофи ҷараёнҳои тундраву экстремистӣ ва террористӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли он, қочоқу савдои одамон, ҷалби ҷавонон ба сафҳои чунин ташкилотҳои тундрав, афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, касро водор менамояд, ки дар бораи чораву тадбир ва шаклу роҳҳои гузаронидани корҳои пешгирикунандаву огоҳкунанда байни қисми фаъоли ҷавонону донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кор бурда шавад.
Ба назари мо дар шароити муосир ба сифати корҳои пешгирикунанда ва зидди тундгароӣ бурдан дар ҷомеа як қатор тадбирҳо бояд амалӣ карда шаванд:
1. Корҳои пешгирикунандаю амалӣ бурдан оид ба истифодабарии коллективи омӯзгорон, зиёиёну насли наврас, баҳри барқарор намудани иқтисодиёти аз нигоҳи иҷтимоӣ мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Дар ин замина самти асосии фаъолият бояд ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои қисмати аҳолии ҷавону қобили меҳнати кишвар омода карда шавад. Мутобиқ ба пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба таъсис додани 100 ҳазор ҷои нави корӣ, бояд фаъолияти тамоми сохторҳо, вазоратҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шавад.
3. Самти асосии фаъолияти вазорату ташкилотҳои дахлдор бояд ба барномаҳои махсуси омӯзонанда оид ба мутахассисони зарурӣ барои иқтисодиёти имрӯзи ҷумҳурӣ нигаронида шавад.
4. Самти муҳими фаъолияти кумитаҳои кор бо сиёсати ҷавонон, иттифоқи ҷавонон, занон, органҳои ҳокимияти маҳаллӣ бояд аз ташкили марказҳои гуногуни ҷавонон, клубҳои варзишӣ, ташкили мактабҳои варзишии наврасон, марказҳои истеъдоди ҷавонону кӯдакон, ташкили вохӯриву суҳбатҳо оид ба проблемаҳои муҳими рӯз, ки дар ҳаёти ҷавонону насли наврас таъсири манфӣ доранд, иборат бошад.
5. Тайёр кардани тавсияҳои методӣ оид ба пешгирии амалҳои экстремистиву террористӣ дар байни ҷавонон.
6. Барои омӯзгорон, роҳбарони синф, мутасаддиёни гурӯҳҳо, ки ба таълиму тарбияи ҷавонону насли наврас сару кор доранд, оид ба “Асосҳои амалҳои зидди террористиву экстремистӣ дар байни ҷавонон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” тайёр ва паҳн намудани дастур.
7. Дар ҳамкорӣ бо ҷавонон проблемаҳои ғайримуқаррарӣ баамаломадаро дар гурӯҳҳо, синфҳо ва мактабу макотиби олӣ ҳал намудан.
8. Дар ҳар як мактаби олӣ ва муассисаи таълимӣ кор карда баромадани нақшаи мукаммал оид ба пешгирии падидаҳои экстремизму радикализм дар байни ҷавонон ва донишҷӯён.
9. Дар макотиби олӣ ва муассисаҳои таълимии махсуси таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани омӯзиш ва таълими махсус бар зидди экстремизму терроризм.
10. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба имконияти ҷорӣ намудани истифодабарии бепули маҷмааҳои варзишии ҷавонон ва дигар иншоотҳои ҳаммонанд ба онҳо, дида баромадани имконияти бекор кардани андоз аз ташкилотҳои варзишии давлатӣ ва хусусӣ, ки дар онҳо кӯдакон, наврасону ҷавонон машғулият мегузаронанд, пешниҳодҳо ироа гарданд.
11. Боз гаштан ба ташкилу газаронидани мусобиқаҳои умумии варзишӣ оид ба навъҳои варзиши коллективӣ дар ҳама ҷамоатҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон, бо фарогирии саросарии наврасону ҷавонон.
12. Гузаронидани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ таҳти шиори шаҳрак, ноҳия ва беҳтарин шаҳр, ки дар онҳо аз ҳама бештар сиёсати кор бо ҷавонон дар байни ин қишри аҳолӣ ба роҳ монда шавад.
13. Дар ҳама марказҳои вилоят ва шаҳрҳои калон ташкил намудани “Марказҳои фарҳангӣ ва мӯд” оид ба коркард ва ҷорӣ намудани беҳтарин либосҳои анъанавии миллӣ барои ҷавонон, бо дарназардошти гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии мӯдҳои ҷавонон дар Тоҷикистон. Ҳадафи асосии чунин марказҳо ва озмунҳо аз тарғиби беҳтарин намунаҳои либосҳои миллӣ иборат буда, ба пешгирии майли ҷавонон ба сару либосҳои ғайр мебошад. Ташкили озмунҳои байналхалқӣ дар Тоҷикистон оид ба сару либоси миллии мамлакатҳои минтақаи Осиё зери шиори “Фарҳанги либосдорӣ ва пӯшиши он”.
14. Бо мақсади гузаронидани корҳои ягонаи тарғиботӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон, ташкил намудани барномаҳои махсус дар телевизион, рубрикаҳо дар радио оид ба тарбияи ҳисси ватандӯстӣ,эҳтирому муҳаббат ба Ватан, дӯстӣ, бародарӣ. Ҳадафи асосӣ аз он иборат аст, ки дар байни ҷавонон фаҳмишҳои нодурусти этникӣ пешгирӣ гардад.
15. Таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан баҳри ба ҳар як шаҳрванди ҷавони мамлакат барои аз худ намудани малакаи шоиста ва дониши мукаммал оид ба ҷаҳони муосир.
16. Ташкил намудани ҳамкории муассир бо давлатҳои хориҷӣ, органҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, ҳамчунин бо ташкилотҳои байналхалқӣ, ки мубориза бо терроризми муосиру ҷинояткориҳои трансмиллиро ҳадафи асосии худ қарор додаанд.
17. Фаъолона амалӣ гардондани сохтори миллии навтаъсиси мубориза бо ҷинояткориҳои махсус ва алоқаҳои нуқтаҳои байналхалқӣ оид ба расонидани ёрӣ дар ҳолатҳои эҳсос намудани ҷиноятҳои трансмиллии компютерӣ.
18. Инкишоф додани ҳамкориҳо бо кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта дар самти ёрии ҳуқуқӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткориҳои компютерӣ ва терорризми махсус.
19. Қабул намудани қонунҳои фарогир оид ба бехатарии электронӣ дар мувофиқа бо меъёрҳои байналхалқӣ, мутобиқ ба Конвенсияҳои СҲШ (ШОС), СААД (ОДКБ) ва Шӯрои Аврупо оид ба мубориза бо ҷинояткориҳои махсуси компютерӣ.
20. Мусаллам аст, ки бо мурури замон бар асари ҷидду ҷаҳди якҷоя ва қабули тадобири мушаххас, баҳри бо ҷидду ҷаҳд гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, ҳал гардидани проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таваҷҷуҳи ҷавононро ба самти мусбӣ нигаронидан, омода намудани кадрҳои арзандаю ба мақсад мувофиқ аз ҳисоби ҷавонон, баланд бардоштани маънавиёти халқи кишвар ҳамаи он таҳдидҳои фавқуззикр ва тамоили мусбии дар тафаккури ҷавонон ба вуҷудомада чун ҳубоби рӯи об аз байн хоҳанд рафт. Бо ин мақсад аз ҳар фарди солимфикри ҷомеа, бахсус насли нисбатан калонсол, дастгирию ҳамфикрӣ бо ҷавонон тақозо мегардад, то ки баҳри таҳкими давлати соҳибистиқлолу ҷавони барои ҳамаи мо азиз - Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам гардад.
Аз ҳама муҳим мо набояд фаромӯш намоем, ки асоси тамоми муваффақиятҳо ва густариши ваҳдати миллӣ дар заминаи меҳру муҳаббат, эҳтирому дӯстдорӣ на танҳо ба фарҳанги миллӣ ва миллати худ ба миён меояд, балки дар ин самт бояд ба фарҳангу дину тамаддуни тамоми миллату халқиятҳои дар ҳудуди давлати демокративу ҳуқуқбунёди дунявии соҳибистиқлол – Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолиятдошта низ эҷтиром қоил бошем.
Раҳмонов А., Раҳмонов Б.