Орзуи оламиён
Баъзан нишаста ба андеша меравам, ки барои бо номи хиёнакорӣ сазовор гардидан, бераҳму бешафқат шудан ва куштори одамони бегуноҳ дар тамоми сайёра ТТЭ ва ҲНИ чӣ қадар корҳои носолимро дар ҷамъият барпо намуда бошад. Ман медонистагиам низ бешумор аст. Бо баробари ба рӯи қоғаз овардани калимаи бешумор дили мардуми сулҳҷӯй таҳ мезанад ва фикр мекунад, ки барои ба номи сулҳҷӯй сазовор гардидан сулҳро дар ҷамъияти инсонӣ бояд ҷорӣ кард. Ва боз худро таскин медиҳам, ки ҳаммиллатонам ба қадри сулҳу истиқлол мерасанд.
Дар ин муддати наздик си сол дар Тоҷикистонамон ҳамватанони мо зидди ТТЭ ҲНИ ва ғояҳои эксиремистии онҳо муборизаи беамон бурда истода бо роҳбаладии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ ба чунин дастовардҳои бешумор ноил гардид ва мебояд ба қадри он низ расид. Он душманони миллату меҳани мо мақсадҳои нопокашонро амалӣ карда натавониста истодаанд, зеро наҳзат бозичаи бачагонаи дасту дили нопоки доғдори онҳо гардидааст. Амалҳои нопоки он бозингарон ҷомаи амалро намепӯшад, зеро зери дили онҳо нопок аст.
Онҳо номи наҳзатиёнро барои сазовор гардидан аъмолҳои нопоки шумориданашавандаро бар сари мардуми осоиштаи дунё оварда истодаанду боз ба он қаноат накарда тактикаҳои нав ба навро ба нақша гирифта истодаанд. Хайр он бечорагон сарашонро ба кадом санг заданашонро намедонанд, зеро онҳо бесаводонанду камшууронанд.
Ҳоло ки кирдорҳои онҳо ошкору худи онҳо дастгир шуда истодаанд, тавбаву тазаррунамоӣ касбашон гардидааст. Гарчанде давлату ҳукумат онҳоро бахшанд ҳам онҳо номи ҷинояткорро аллакай сазовор гардидаанд. Амалҳои номатлуби онҳо дунёро ба ларза даровардааст. Зӯровариҳои нав ба нав нисбати инсонияти рӯи олам, расонидани зарарҳои ҷисмонӣ ва ақлонӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии мамлакатҳои осоишта, ғасби ҳокимиятҳои давлатӣ ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ба ҷамъият маром ва мақсади онҳост.
Мо ҳар як фарди соҳибирода бояд дарк намоем, ки ҳифзи оромии ҷамъият қарзи мо буда, масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш касби мост.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таъкид шуд, ки “Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ хатар ба бор меоранд”. Ин гуфтаҳои Пешвои миллати моро тамоми аҳли олам пазируфтаанд ва ғоибона низ Пешвои моро аҳсан мегӯянд.
Ин ҷонбозиҳои Пешвои муаззами мо на танҳо барои манфиати давлати Тоҷикистон, балки барои тамоми мамоликҳои дунё мебошад. Гуфтаҳои Пешвои миллат суханҳои таҳти дилии на танҳо тамоми тоҷикони Тоҷикистон балки арзи дили тамоми мардуми олам мебошад.