Оромию суботи кишвар дар таҳкими амнияти миллист
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сиёсати хирадмандона ва оқилонаро пеш гирифта, баҳри тадбиқи амалии он дар ҷаҳони муттамаддин устуворона ва бо нерӯи қавию созандагӣ гом мезанад. Оромию суботи кишвар, таҳкими амнияти миллӣ, оромию тинҷии халқ, созандагию бунёдкорӣ, расидан ба ормонҳои олии миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мақсаду мароми аввалиндараҷаи давлату ҳукумат маҳсуб меёбанд.
Дар ин росто, овардани чунин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бомаврид аст:” Дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХI мо шоҳиди таҳаввулоти азим ва аслан бунёдӣ мебошем, ки мазмуни ниҳоят мураккаб ва зиддиятнок дорад. Ин зуҳурот ба сарнавишти таърихии инсоният таъсири амиқи рӯзафзун ва пайваста хоҳад дошт. Мо шоҳиди он гашта истодаем, ки селоби пурталотуми ҷаҳонишавӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбати худ ба усулу арзишҳои асолати ҳувияти халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои таърихӣ, таъсири манфӣ низ мерасонад”
Таҳкурсӣ ва корҳои асосии идеология дар оила, муассисаҳои таълимии соҳаи маориф тарҳрезӣ карда мешавад. Ташаккули гояҳои миллӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, ватандустӣ, худшиносии миллӣ аз овони мактабхонӣ оғоз ёфта, зина ба зина ҳувияти миллӣ ва Истиқлолияти миллиро ба вуҷуд меорад.
Дар Тоҷикистон бо пешрафти ҷомеа ва рушди тамоми соҳаҳои маорифу фарҳанг, илму техника, иҷтимоиёту иқтисодиёт, тандурустиву хоҷагии қишлоқ, тафаккури зеҳнию маърифатӣ ва маънавиёти мардум боло меравад. Халқ ба давлату ҳукумат, хосса Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дурандешонаву оқилонаи ӯ эътимод ва боварии комил дорад. Идеологияи сиёсӣ,, маърифатии ҷомеа торафт пурзӯр мегардад. Умед ва боварии халқ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон торафт қавитар мегардад.
Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузаштаи худ сабақ бигирем ва барои пойдории ваҳдати комили миллӣ пайваста талош варзем.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ мафҳуми ҳувият дар мазмуни аввал ба маънои моҳият ва мазмуни чизе фаҳмида шуда, дар мазмуни дуюми худ бо фаҳмиши менталилет омада, дар мавриди ҳувияти миллӣ гуфтан, маҳз ҳамон менталитети миллиро маънидод менамояд.
Таърихшиноси маъруфи рус Р.О. Ключевский навишта буд: “Чун мо ниёгонро меомӯзем, худро мешиносем”. Мо тоҷиконро имрӯз зарур аст, ки аҷдоди гузаштаро биёмӯзем, то худро бишносем. Решаҳои худшиносии шахс ва ҷомеаро ҳаргиз бидуни ёди таърихӣ тасаввур наметавон кард.
Зикри он зарур аст, ки пеш аз ҳама ва волотар аз ҳама, имрӯз бояд ҳофизаи фарҳангии мардуми тоҷик чун яке аз рукнҳои асосии ғояи миллӣ тақвият ёбад. Дар ин радиф, дар ҷомеаи имрӯза сохторҳои айнии зиёде вуҷуд доранд, ки метавонанд дар тақвият бахшидани ҳофизаи фарҳангиву ахлоқӣ ва сиёсии тоҷикон нақши арзанда бозида бошанд. Маҳз дастгирии ҳамаҷонибаи ин сохторҳо метавонанд дар тақвияту инкишофи ҳофизаи фарҳангии тоҷикон ва ҳувияти миллии халқи тоҷик комилан мусоидат намоянд. Дар давраи кунунӣ ин сохторҳои ҳаётан муҳим бояд аз тарафи давлати миллӣ ҳаматарафа дастгирӣ ва пуштибонӣ ёбанд.
Аз ҷониби дигар, ғояи миллӣ бояд шомили ниҳодҳо ва арзишҳои таърихию муосир, ба монанди эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, демократия, адабиёту фарҳанги миллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисодиёти бозоргонӣ, низоми бисёрҳизбӣ ва ғайраҳо бошад.
Бояд қайд намуд, ки арзишҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ аз қабили гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, озодии виҷдон, озодии сухан ва баён, озодии афкор дар мағз андар ғояи миллӣ таҷассумгар бошанд.
Агар мо саҳифаҳои ҷовидона ва равшани таърихи миллати тоҷикро варақгардон кунем, баръало мебинем, ки чӣ тавр халқҳои дигар онҳоро бе тарҷума аз худ намудаанд, бо онҳо ифтихор кардаанд. Метавон бори дигар таъкид намуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик дар пешрафту рушду нумув ва инкишофи дигар халқу миллатҳо такони ҷиддие бахшидааст ва аз лиҳози вусъати руҳиву равонӣ ва ақлӣ дар таърихи башарият ва ҷаҳони мутамаддин беназир аст.
Халқу миллати тоҷик ба башарият чунин фарҳанги қавию нерӯманд ва бузургро ато намуд, ки халқу миллатҳои қафомондатарин ва ҷоҳилтарини олам дар шӯру қиём ва растохези таърихии фарҳангу тамаддун аз вартаи ҳалокат ва ҷаҳлу нодониву бесаводӣ дар муддати мадид ва кӯтоҳтарини таърих бурун омада, ба куллан дигаргуншавӣ дар тахайюлу тафаккур, эҳсоси ботинӣ, идроку андеша ва фикру ақида ва дигаргунии куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ, иқтисодию маданӣ, сиёсиву маърифатии рӯзгор рӯшан зуҳур овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимнан таъкид менамоянд, ки маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои миллати мо буд, ки дар тўли таърих фарҳанг ва забони тоҷикӣ бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Ҳамин хизмати бузурги фарзонагони халқу миллати тоҷик аст, ки мо имрўз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем.
Дар даврони Истиқлолият мардуми тоҷик ба худшиносии тозае расиданд. Басо зарур аст, худшиносии миллии навбунёд сурат бигирад, ки дар асоси шинохти таърихӣ, фарҳангӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ, дар асоси шинохти муҳиммтарин хусусиятҳои миллии худ моҳияти марҳилаи имрўзаи таърихро амиқан дарк намояд, ҳадафҳои миллӣ ва роҳи расидан ба онҳо дуруст таъин гардад. Як худшиносии пургустаришу амиқи маънавӣ қобил аст, ки миллатро аз вартаи худгумкардагӣ бурун кашида, ба шоҳроҳи ҳастии таърихӣ бароварад. Расидан ба худшиносии амиқи маънавиасос фармудаи таърихӣ аст, ки миллати тоҷик бояд суботкорона иҷро намояд.
Дар қарни 21-ум ҳеҷ кишваре бе рушд бахшидан ба илму фарҳанг, таълиму тарбия ба пояҳои баланди рушди иҷтимоию иқтисодӣ намерасад ва то имрўз нарасидааст. Имруз оромию субот, тинҷию соиштагӣ, амну омонӣ, сулҳу ваҳдат, бунёдкорию созандагӣ, ки ормонҳои деринтизору тӯлонии халқу миллати тоҷик буд, пурра дар фазои софу беғубори кишвари ободу озоди Тоҷикистон ҳукмфармоӣ дорад. Тафаккури зеҳнӣ маънавиёти миллии халқи тоҷик хеле бой гашта, ғурури миллӣ хеле боло рафтааст. Ин дараҷаи баланди ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ормонҳои некбинона ва рӯшандилонаи халқу миллати тоҷик маҳз натиҷа ва самараи боровари даврони тулӯи хуршедии Истиқлолияту Ваҳдат аст.
Оре, маҳз Истиқлолияти комил ва тавоно дар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол тавонист ба решаҳои маҳалгароиву нотавонбинӣ, хушунату фитнаангезӣ ва ноогоҳӣ аз забону миллату давлату таърихи чандинҳазорсолаи худ табар занад. Маҳз Истиқлолияти миллӣ бо идеологияи миллии пурқувват, тавоно ва созандаи хеш тавонист арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарии халқи тоҷикро аз нав эҳё бахшад ва боз ҳам пурзӯру ҷаҳонӣ гардонад.
Дар ин росто бо сиёсати некандешона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати Тоҷикистон-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории миллӣ ва Истиқлолияти энергетикии кишвар давра ба давра ва пурра амалӣ гашта, умед ва боварии халқи тоҷикро ба ояндаи дурахшони кишвар боз ҳам зиёдтар мегардонад.
Бояд тазаккур дод, ки дар сиришти неки ҷавонону наврасон, дар ботин ва тафаккури зеҳнии онон аз овони хурдсолӣ дар муҳити хонавода ва кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ, эҳтирому эътиқод ба арзишҳои миллӣ, ҳувияти миллӣ, забону Ватан, марзу бум, муқаддасоти Тоҷикистон, таъриху фарҳанг, расму оину урфу одатҳо ва суннатҳои қадимаи халқи тоҷик чуқур ва пурра омӯзонида шавад.
Дар ин самт кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф, устодону олимон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёна, миёнаи махсус, донишкадаву донишгоҳҳоро зарур аст, ки баҳри татбиқи амалии қарору қонунҳои давлату ҳукумат, пешгирии ҷавонону наврасон аз ҳизбу ҳаракатҳои гуногуну ифротгаро пайваста ва мунтазам талош варзанд.
Дар ин росто, Консепсияи давлатдории Пешвои муаззами миллат дар таҳкими амнияти кишвар нақши бузург мебозад. Тоҷикистон имрӯз бо идеологияи адолатпарварона, сулҳҷӯёна, дурусту комил, сиёсати хирадмандона ва оқилона баҳри оромию суботи кишвар, таҳкими амнияти миллӣ, оромию тинҷии халқ, созандагию бунёдкорӣ, расидан ба ормонҳои олии миллӣ ба сӯи ояндаи неку дурахшон устуворона пеш меравад.
Адабиёт:
- Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. –Душанбе: Эр- Граф, 2016.– 516 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. –Душанбе: Эр-Граф, 2016. – 364 с.