Омили нороҳатии амнияти ҷаҳон намешаванд
ҲНИ, ки 26 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористиву экстримистӣ эълон карда шуд, аз рўзи таъсисёбии худ аъзоёни он бо тунравию амалиёти террористӣ маҳкум мегардиданд. Маълум мешавад, ки ин ҳизб ҳамчун асҳоби сиёсӣ барои рушду инкишофи халқу давлат якон кору амалеро иҷро накардааст, баръакс бо амалиётҳои нохалафонаи худ оромиву осудагии халқу давлатро халалдор месохт. Минбаъд ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористию ифротӣ минбаъд шинохта мешавад.
Мувофиқи маълумотҳо ТТЭ ҲНИ на танҳо бо созмон додани амалҳои террористӣ машғул аст, балки бо ташкилотҳои тундрави «Давлати исломӣ», «Бародарони мусулмон», «ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳизби таҳрир», «Ҳаракати исломии туркистон» ва дигар ташкилотҳои террористиву экстремистӣ робитаи зич дорад.
Ташлилгарон, коршиносон нишон медиҳанд, ки ДИИШ терроризм ва наҳзатиён гарчӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, ҳадафу мақсадашон як – ноором намудани амнияти кишварҳо, террор, қатлу куштори бераҳмона мебошад.
ҲНИ вақте, ки ҳамчун асҳоби сиёсии Тоҷикистон фаъолияташро бекор карданд, расман алоқаи худро бо ин ташкилотҳои тундгаро пайваст намуда, бо амалҳои ношоистаи онҳо шомил мешаванд. Аз ин лиҳоз, шароити сиёсии ҷаҳони муосир инсонияти сайёраи заминро водор месозад, ки ба муқобили ин гуна зуҳурот дастаҷамъона мубориза барад.
ТТЭ бо зиёда аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурўҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ «Ихфон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия» ҳамкорӣ дошта, аъзоёни он ба амалҳои террористӣ, ифротгароии худ дар амри ангезиши зиддияти фарҳангу тамаддунҳо давлату миллатҳо талош доранд.
Солҳои охир ваҳшигарии амалҳои «Давлати исломӣ» тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст ва боиси нигаронии ташкилотҳои амниятӣ гардидааст.
Назира Маҳмудова, дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик
Саидқул Маҳкамов, омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик