Омилҳои минтақавии динӣ-сиёсии амният
Комилова З., Оқилова М., Шарипова М.
Ба масъалаи фаъолияти сиёсии мутаассибон ва бунёдгароён, одатан, мутахассисон ва исломшиносон силсилаи мисолҳои амниятиро таҳлил намуда, муроҷиат мекунанд. Масалан, М. Ливай меҳисобад: "Таҳдид ба амнияти миллӣ вазъиятест, ки дар он арзишҳои муҳими давлат дар натиҷаи фаъолияти бурунмарзӣ зери хатар гузошта мешаванд"(1).Ин таърифи нисбатан васеи хатар аст дар муқоиса бо фаҳмиши анъанавии амният. Айнан, вобаста ба рӯйхати таҳдидҳои гуногун дохил кардани таҳдиди динию моҷароҷӯёна, ки берун аз давлат пайдо мешаванд ва ба амнияти ашхосу ҷамъият таҳдид мекунанд, мо бояд шаклҳои ултрарадикалии онҳоро ба сифати сохти асосии амният баррасӣ намоем.
Тавре ки маълум аст, дар режимҳои авторитарӣ, ки ҳамаи шаклҳои мухолифати сиёсиро манъ мекунанд, дин воситаи ягонаи баён ва рӯйпӯши ҳадафҳои зиёди ба ҳам зид барои таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ мебошад.
Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992-1995 дар Тоҷикистон имкон медиҳад, тахмин намоем, ки ин суханҳо ба ҳақиқат мувофиқанд. Дар баробари ин, имрӯз дар Тоҷикистон муносибати ҳокимият ва аналитикҳо ба ислом чун воситаи мубориза боқӣ мемонад. Лекин нозукиҳои хоси баъзе равияҳо ва ҳизбҳои исломиро, алалхусус чун Ваҳҳобия, Ҳизбуттаҳрир ва Салафия, ки бевосита ба нооромиву бесуботии ҷомеа мусоидат мекунанд, ба инобат нагирифтан мумкин нест. Ин ҷунбишҳо имрӯз чунин қутбҳои идеологиро нишон медиҳанд, ки ба таври тамоюлӣ дар оянда метавонанд, ба низоъҳо ба таҳдид ба амният дар тамоми ҳудуди пасошӯравӣ оваранд. Ин масъала ҳатто имрӯз дар чаҳорчӯбаи ҷаҳони мусулмонӣ як хел баррасӣ намешавад. Махсусан, ба эҳёи бунёдгароии исломӣ тааллуқ дорад, қувват гирифта, зуд-зуд ба давраҳои ташаннуҷи иҷтимоию сиёсӣ бармегардад. Дар Тоҷикистон ин равияҳои нав, ба назари мо, усули исломи "ғайрианъанавӣ"-ро пеш гирифтанд (2).
Ваҳҳобия равияе мебошад, ки зиёда сесад сол қабл асос ёфтаасту дар Арабистон дар байни қарни XIX ба шарофати дастгирии фаъолонаи Инглистон бартарӣ пайдо намуд. Дар ҳудуди ИДМ ваҳҳобиҳо бори аввал худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1992-93 зоҳир намуданд. Феълан онҳо дар водии Фарғона дар ҷануби Қирғизистон ва Доғистон фаъолона амал мекунанд. Зимнан, усули такя ба табақаҳои поёнӣ, қавмҳои "ранҷида" ва гурӯҳҳои этникиро, ки аз ҳукумат норозианд, ба ҳаёт татбиқ мекунанд. Пешбарони ваҳҳобизм одатан ҷавонони гирифтори таассуб ҳастанд, ки омодагии низомиву ғоявиро дар марказҳои бурунмарзӣ гузаштаанд.Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз набояд аз он осудаҳол шавем, ки ваҳҳобиҳо зоҳиран ақаллиятро ташкил медиҳанд. Онҳо одатан дар шароити бӯҳронҳои системавӣ ба табдили табақаи идоракунанда мекӯшанд ва тамоюли бузурге доранд барои паҳнгардонии ҳадафҳои хеш.
Салафия дар Тоҷикистон ҷараёни хеле нав аст, ки дар манотиқи зиёди ҷумҳурӣ паҳн гардидааст ва на танҳо аз нуқтаи назари динию сиёсӣ, балки амнияти шаҳрвандон низ хавфи амалию воқеӣ дорад. Салафиён собит мекунанд, ки ҷиҳод - асоси "рӯҳия"-и ислом асту бидуни он ислом мисли тани "беҷон" аст. Онҳо на ин ки такомули инсонро, балки муборизаро баҳри вусъат додани ислом дар тамоми ҷаҳон, ки метавонад хусусияти яроқнок дошта бошад, шакли олии ҷиҳод мешуморанд. Зимнан гурӯҳҳои нисбатан радикалии салафиён ба чунин ақидаанд, ки ҷиҳоди яроқнок натанҳо бо мақсади ҳимоя, балки барои бартараф кардани он мамониятҳое, ки душманони ислом дар роҳи вусъат додани он бо роҳи осоишта барқарор кардаанд, метавонад бурда шавад. Ин гуна назари қатъӣ барои ашхоси гуногуни маргиналӣ ва ашхосу ҷомеаҳои шароити иҷтимоиашон баду ноором имконияти хавфу таҳдидро афзун мегардонад.
"Ҳизбуттаҳрир" -ҳизбест, ки аз рӯи густариши фаъолияти хеш байналмиллалӣ ва ташкилоти сиёсӣ аст, аз назари моҳият ва мақсад - бунёдгаро ва динӣ мебошад. Тибқи ақоиди "Ҳизбуттаҳрир", масъалаи асосӣ барои мусулмонони тамоми ҷаҳон алҳол таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат ва инчунин ҳокими ягонаи мусулмонон таъин кардани халифа мебошад. Ҷонибдорони ин ҳизб душманони ашаддии демократия ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна озодии шахс баромад мекунанд, яъне озодии афкор ва ақоиди динӣ, озодии моликият ва виҷдон ва инчунин мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёдро низ инкор мекунанд (3).
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст» (4).
Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.
Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Экстремизми наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
Экстремизми экологӣ – назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидатунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ ҳатто нисбати шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд.
Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ – назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд.
Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.
Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад (5).
Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.
Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.
Экстремизм ва терроризм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Дар ҳар як дин (на фақат дар ислом) эҳтимолияти падидаи экстремизм дида мешавад. Оинҳои динӣ рафтори муайян, ҳисси тобеият, дарки масъулиятро дар шакли амрҳои динӣ дастур медиҳанд. Аз ин рӯ, экстремизми динӣ дар давраҳои гуногуни инсоният дар кишварҳои гуногун, дар қаъри мазҳабҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки айни замон бузургтарин таҳдид ин фақат экстремизм не, балки экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Ливия, Яман ва ҳоло бошад, таҳдиди вай ба Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна дида мешавад, метавон хотиррасон кард.
«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз бадани шуъбаи ироқии шабакаи «Ал-Қоида» ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “Хилофати исломӣ” таъсис дода, мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои «Давлати исломӣ», аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як «устон»-и воҳид бо номи «Хуросон» мунъакис шудаанд. (6)
Тибқи гузориши Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ (ICG) таҳти унвони «Бонги изтироб аз Сурия: Тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ» шумораи афзояндаи ҷангиён аз ин минтақа дар сафҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» «мушкили печида» барои ҳукуматҳои ин қаламрави собиқи Шӯравӣ номида шудааст.
Дар ин гузориш, ки рӯзи 20 январи соли 2015 нашр шудааст, гуфта мешавад, «маргинализатсияи сиёсат ва ояндаи тираи иқтисодӣ» танҳо дар 3 соли охир тақрибан аз 2 то 4000 нафарро таҳрик додааст, «то ба ҳукуматҳои дунявии ин кишварҳои пасошӯравӣ пушт гардонда, дар созмонҳои тундгаро ягон алтернатива биҷӯянд».(7)
Созмони «Давлати исломӣ», бино ба ин гузориш, «на фақат онҳоеро, ки ҷанг меҷӯянд, балки ҳам онҳоеро, ки диндортару эътиқодмандтаранд ва ба ҳаёти мазҳабии бунёдгароёна бартарӣ медиҳанд, ба худ ҷалб мекунад».
Қодир Маликов, директори маркази мустақили таҳлилии "Дин, ҳуқуқ ва сиёсат" аз Қирғизистон рӯзи 20 январ дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки созмони “Давлати исломӣ”, ки дар Сурияву Ироқ бо ҳадафи таъсиси хилофати воҳиди исломӣ меҷангад, барои ба ҳам задани вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 70 миллион доллар ҷудо кардааст. Қодир Маликов мегӯяд, “Давлати исломӣ” дар ҳайаташ гурӯҳи ҷангии алоҳидае бо номи “Мовароуннаҳр” созмон додааст, ки ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад.
Ӯ таъкид кард, ки ин 70 миллион бояд барои ташкили шӯъбаҳо, ҷалби афрод ва ҳатто анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар минтақаи водии Фарғона истифода шавад» (8).
Рӯзноманигори радиои «Озодӣ» Зарангези Наврӯзшоҳ дар мақолаи худ «Ду зани тоҷикро "Давлати Исломӣ" ба шавҳар додааст», қайд кардааст, ки 02 апрели соли 2015 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳамоиш дар мавзӯи “Ҳамкориҳои ҷавонон бо мақомоти дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ” баргузор гашт. Дар он масъулини мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи дин ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ бо ҷавонон суҳбат оростанд.
Дар доираи масъалаи ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрав аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар соли гузашта алайҳи 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва нисбати 74 нафар ҳам барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин, зикр гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Аммо новобаста аз ин, бинобар маълумоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯйи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 нафар – Давлат-ул-Ислом, 7 нафар – Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар – Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар – Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд [9].
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.
Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд.
Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.
Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст.
Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар дохили кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Аммо новобаста ба кушишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани баъзе аз онҳо ҷой доранд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд генерал Шариф Назаров, дар ду моҳи соли 2015 дар қаламрави вилоят 52 аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дастгир шудаанд. Ӯ ин нуктаро дар конфронси илмӣ-амалӣ зери унвони “Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот”, ки 16 март дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иброз дошт. Сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, ки аз ҳисоби дастгиршудаҳо 82 нафар сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан, 58 тан аз Исфара, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 кас аз Хуҷанд, 2 нафар аз Чкалов, 54 кас аз Бобоҷон Ғафуров, 20 нафарӣ аз Ашту Спитамен, 12 кас аз Шаҳринав, 10 тан аз Мастчоҳ, дунафарӣ аз Зафарободу Ғончӣ, якнафарӣ аз Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Душанбе мебошанд.
Номбурда зимнан таъкид намуд, ки 153 тан аз дастгиршудаҳо ҷавонони синни то 30 ва 158 нафар шаҳрвандони аз 30-сола боло буда, зиёда аз 70 дарсади онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз марзи Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил гаштаанд: “10 нафар аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои муштарак ва нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуданд” (10).
Илова бар ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷ намедиҳанд, бе шуғл мемонанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд, баъзе аз онҳо ба бемории нашъамандӣ мубтало мегарданд, аксари оилаҳои ҷавон бо сабабҳои гуногун пош мехӯранд, ки ин омилҳо низ боиси шомил гардидани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Ҷавонону наврасон набояд фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳоии ифротгаро шуда, ҳаёти худро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд.
Ҳамин тариқ, стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ бояд ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбиявии оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма равона карда шавад.
Хулласи калом, Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар марҳилаи кунунии таърихӣ ба якдигар эҳтиёҷ доранд. Илова бар ин, имкониятҳои Тоҷикистон дар масоили зиёди амниятӣ маҳдуданд ва барои фаъол гардондани кори гурӯҳҳои гуногун дар минтақаи зерин шароитҳои муайян мавҷуд аст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда муносибат ба системаи ташаккулёбандаи амният дар Тоҷикистон бояд, пеш аз ҳама, ба афзалиятҳои миллии хеш ва баъд ба қувваҳои дигар такя намояд.
Адабиёт:
- Ливай М. Муҳити атроф масъалаҳои амнияти давлатӣ ҳастанд ё не // Интернешнл секюрити.- №20, 1995.-с.35-40
- Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ. Душанбе., 2010.- са[.371
- Тоатов Ҳ. Терроризм ва экстремизм - падидаҳои номатлуб.-Хуxанд,2017.- 96 саҳ.
- Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон // http://www.president.tj/node/13739
- Камолова М.Р. Экстремизм ва терроризм: мушкилот ва дурнамои мубориза бо онҳо //http://mts.tj/index.
- Исламское государство Ирака и Леванта. https://ru. wikipedia. Org /wiki/.
- 7.http://www.ozodi.mobi/a/experts-said-is-allocated-70-mln-dollars-to- destabilize-situation-in-c.
- Эксперт предупредил о планах ИГИЛ по дестабилизации в Кыргызстане //Газета «Вечерний Бишкек». http://www.vb.kg/doc/
- Зарангези Наврӯзшоҳ. Ду зани тоҷикро "Давлати Исломӣ" ба шавҳар додааст // http://www.ozodi.org/.
- Генерал Назаров: 70%-и ҷавонон дар муҳоҷират ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб шудаанд. 17 март 2015. http://www.ozodagon.com/.