Ояндаи ин давлат, ободии ин сарзамин ва пояндаи давлати мо тоҷикон дар дасти ҷавонон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ибтикороти байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ибтикороти Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд. Лекин имруз дар ҷомеа шахсоне ба назар мерсад, ки ба ба қадри ин сулу субот ва ободи мамлакат намерасанд ва мехоҳанд дар байни ҷомеа бо паҳн намуданиҳар гуна хабарҳои нодуруст ва беасос худнисбати сиёсатӣ имрузаи давлати ва сохторҳои қудрати онро зери танқид қарор диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки ташаббусҳои сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, дар баробари дигар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкории минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирии ҳамагонӣ пайдо намудаанд. Имруз истиқлолияти сиёсӣ мамлакат сабаб гардид, ки кишвари моро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳони бо расмият шунохтааст ва дар тамоми самтҳо муносибати дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро ба роҳ мондааст, инчунин дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, ва бевосита эътироф гардидани пешниҳодҳои бевоситаи Сарвари давлат, аз тарафи Созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Бояд гуфт, ки нахустин кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм ва амалҳои ифротиву ғаразноки ҷонибҳои манфиатхоҳ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида буданд. Инчунин санаи 2 марти соли 1992 дар Созмони Миллали Мутуҳид аввалин маротиба аз тарафи Сарвари давлати тоҷикон Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хафу хатари “Терроризим ва экстремизим” баромад карда буданд. Лекин ҷомеаи ҷаҳони ба ин масъалаи асоси эътибор надод. Баъдтар дар ду шаҳри калотарин ИМА соли 2001 таркиш ба вуҷуд омада мардумони зиёд аз тарс ба ҳалокат расиданд, ва аз он руз сар карда терроризим ва экстемизим яке аз мушкилоти ҷомеаи ҷаҳони ба ҳисоб меравад. Имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсатмадори ҷавону дурандеш ва сиёсати санҷидаву бобарори он тавонист, сарфи назар аз хатар ва таҳдидҳои мавҷуда, суботу амниятро дар мамлакат таъмин намояд ва зуҳуроти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ташкилотҳои террористиро дар кишвар решакан намояд.
Имрузҳо мо шаҳрвандонӣ кишвари шукрузорӣ аз истиқлолияту ваҳдатӣ давлати азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон мекуне, ки дар як ватани тинҷу озод кор ва фаъолият намуда истодаем. Лекин базе аз ҷавонони мо ба қадри ин неъматҳои фаровон намерасанд ва намегузоран, ки дар кишвар сулҳу амони бошад. Яке аз чунин шахсиятҳо Мирзои Салимпур ва ҳаммаслакони он дар хориҷи мамлакат мехоҳанд дар сомониҳои интернетӣ бо паҳн кардани ҳар гуна наворҳои видеои ва хабарҳои дурӯғ мехоҳанд тафаккури ҷомеарро вайрон кунанд. Ин шахсӣ бадхоҳи Ватан имруз дар хориҷи мамлакат истодашаҳрвандори ҷуҳурииро “Фермаи ҷавоб” номидааст?.Ва қайд менамояд, ки имруз Кумитаи давлати амнияти Давлати аъзои ҳамин ферма ба ҳисоб мераванд?Инчунин худи ӯ низ дар сохтори идоракуни давлати кор кардааст?Магар аз кирдори худатон шарм намедоред?Шумо бо ин рафтори худ имруза сиёсати давлати ва ҳам кормандони онро не балки худро низ масхара карда истодааед. Зеро, ки худи шумо ба зиди, ки ин андешаҳои ғалатро пешниҳод карда истодаед?. Э мардумони ношукргузори дур аз Ватан! Шумо киро сиёҳ карда истодааед. Ватане, ки туро таълим дод, ба воя расонид ҳаминро дар назар доред. Шумло бо ин рафтори худ бар “Зодагон”-и худ як саҳнаихандаоварро ба миён гузошта истодаед. Имруз шумо бар Втани худ хиёнат кардед, чи тавр ба он шахсоне, ки бо “Пули” худ шуморо боз доронда истодаат Магар ин хандаовар нест!!
Имруз тавре дар маълумотномаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ин саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.
Имруз Сарвари давлатба ҳар як шаҳрвандони ба ору номуси ватан таъкид бар он доранд, ки имруз ҳар як ҷавон ва шаҳрвандони кишвар бояд ҳушёри зираки сиёсиро аз даст надиҳанд зеро, ки шахсони бадхоҳони Ватан дар байни шаҳрвандонӣ кишвар низо баранехта натавонанд. Ояндаи ин давлат, ободи ин сарзамин ва пояндаи давлати мо тоҷикон дар дасти ҷавонон ва сарҷами миллат вобастаи дорад.
Кафедраи сиёсатшиносӣ (Академик)