Оид ба муаммоҳои методологии пешгирии кибертерроризм
Музафаров Д.
Компютерҳои муосир, шабакаҳои иттилоотии глобалӣ ва технологияҳои шабакавӣ ҳаёти инсониятро ба куллӣ тағйир доданд. Вале, баробари имкониятҳои нав дар назди ӯ хатарҳои нав низ пайдо гардиданд. Саволи асосии таъмини амнияти технологияҳои иттилоотӣ ба таври зерин гузошта мешавад: «Чӣ тавр аз ин имкониятҳо истифода бурда дар баробари он аз хатарҳои он эмин будан ё сатҳи зарари татбиқи онро паст намудан мумкин аст?»[1]. Барои ҷавоб додан ба ин савол бояд миқдори зиёди масъалаҳои гуногун, аз қабили масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию техникиро ҳал кард.
Солҳои охир дар тамоми ҷаҳон бо баробари равандҳои мусбие, ки бо ҷаҳонишавии иттилоотӣ ва ташкили шароитҳои сохтани ҷамъияти иттилоотӣ алоқаманд аст, равандҳои манфӣ, ки бо милитаризатсия ва криминалистикунонии фазои иттилоотӣ алоқаманданд рафта истодаанд. Системаҳои глобалии иттилоотию телекоммуникатсионӣ восита ва олот барои ноил шудан ба мақсадҳои сиёсӣ, ҷиноӣ ва террористӣ шуда метавонанд. Бинобар он, ба инсоният зарур аст, ки барои таъмини ташаккули ҳаматарафаи ҷамъият усулҳои пешгирӣ ва муқовиматӣ ба чунин хатарҳоро коркард ва роҳандозӣ намуда таъмини амниятро дар фазои иттилоотӣ фароҳам орад.
Дар ин васила, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2016 саривақтӣ буд. Дар Паём қайд гардида буд, ки «Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд.» [2]. Ин суханҳо инъикосгари ҳолати ҷаҳонии зоҳиршавии хатарҳои ҷамъиятӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир ва телекоммуникатсионӣ мебошанд ва заруратӣ пешгирии чунин таҳдидҳо барои Тоҷикистонро муайян мекунанд.
Азбаски хатарҳои нав характери байналмилалӣ доранд, воситаи асосии пешгирии онҳо механизмҳои ҳуқуқии банайлмилалии таъмини амнияти иттилоотӣ ба шумор мераванд [3]. Бояд қайд кард, ки дар таҳлили масъалаи пешгирии кибертерроризм бояд фарқияти он аз дигар намуди хатарҳо аниқтар муайян карда шавад. Аз он ҷумла, истифодаи системаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ танҳо ба сифати воситаи банақшагирӣ ва идоракунии амали террористӣ ҳамчун кибертерроризм фаҳмида намешавад. Аломати асосии кибертерроризмро истифодаи системаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ ҳамчун олоти амали террористӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин, яке аз элементҳои зарурии кибертерроризм ҳамлаи компютерӣ ба шумор меравад. Аз тарафи дигар, ҳамлаҳои компютерӣ на танҳо бо мақсадҳои террористӣ гузаронида мешаванд. Онҳо метавонанд бо мақсадҳои авбошӣ ё ҷиноӣ низ гузаронида шаванд. Бо баробари ин, аз нуқтаи назари техникӣ, ҳамлаҳои компютерӣ бо мақсадҳои гуногун метавонанд аз ҳамдигар тавофут надошта бошанд. Дар ҳолати таҳлил намудани технологияҳои иттилоотӣ аз нуқтаи назари амнияти иттилоотӣ характери дутарафаи он нақши муҳим мебозад: аз як тараф, системаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ ва технологияҳо ҳамчун объекти ҳамла, аз тарафи дигар ҳамчун силоҳ дар дасти террористон баромад мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо системаҳо ва технологияҳо ҳам объекти ҳамла ва ҳам силоҳ дида баромада мешаванд. Бинобар он, сарҳади аниқ байни кибертерроризм, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бо мақсадҳои авбошӣ ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ муайян намудан душвор аст. Кибертерроризм аз дигар намудҳои амалҳои ҷиноятии таъсиррасонӣ ба муҳити иттилоотӣ пеш аз ҳама бо мақсадҳои худ фарқ мекунанд, ки онҳо ба фаҳмиши умумии амали террористӣ хос мебошанд. Амал террористӣ муайян карда мешавад, агар он дорои хосиятҳои зерин бошад:
- оқибатҳои мудҳиш дошта бошад;
- ба омма маълум гардад;
- таъсири калони ҷамъиятиро соҳиб гардад;
- вазъияти ҷамъиятии такроршавии ҳамларо созад.
Таҳдиди фалокатҳои миқёси ҷаҳонӣ дошта дар ҳолати бомуваффақият гузаронидани амали террористӣ кӯшиши мутобиқи тамоми иттиҳодияҳои ҷаҳониро талаб мекунад. Имрӯз, аллакай ташкили реҷаи нави ҳуқуқии байналмилалӣ, ки субъекти асосии онро иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои истифодабарии он ташкил медиҳад, ба итмом расонида шудааст. Қадами ояндаи амаликунии ин реҷаро муаммои ташкили сохтории мафҳумҳои базавӣ – зарурати маънии якхела додан ба мафҳумҳои асосие, ки дар ин соҳаи хусусияти хос дошта истифода бурда мешаванд, аст. Масъалаи ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои гуногун оид ба пешгирӣ ва мубориза бо кибертерроризм низ ба ин қадами амаликунонӣ маҳсуб меёбад.
Имрӯз зарур аст, ки системаи ягонаи чорабиниҳо доир ба пешгирии кибертерроризм дар миқёси ҷаҳонӣ коркард карда шавад. ҳолати кунунӣ имконият намедиҳад, ки чорабиниҳои гузаронидашаванда самараи баланд диҳанд. Масалан, дар як қатор давлатҳои ҷаҳон мувофиқи қонунгузорӣ мубодилаи маълумот ҳатто байни ширкатҳои хусусӣ дар бораи ҳамлаҳои компютерӣ манъ карда шудааст. Ин боиси он мегардад, ки имконияти омӯзиши пешгирӣ аз ҳамлаҳои компютерӣ аз рӯи хатогиҳои ҳамдигар фароҳам нагардад. Хусусияти ғайриякҷинса доштани хафҳои фазои иттилоотӣ водор мекунанд, ки чораҳои ғайристандартии пешгирӣ қабул карда шаванд. Яке аз чунин чораҷӯиро истифодаи иқтидори ҷамъияти хакерон ташкил медиҳад. Дар ҷумлаи охирон калимаи «хакерон» на ба маънои ҷамъияти киберавбошҳо ё ҷинояткорони компютерӣ, балки васеътар, ҳамчун ҷамъияти одамони шавқи зиёд барои донистагрии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дошта истифода бурда шудааст.
Барои ҷалб намудани чунин ҷмъиятҳои ғайрирасмӣ баҳри пешгирӣ ва мубориза бо кибертерроризм зарур аст, ки ба шавқмандкунии мусбии ҷавонон аҳамияти хоса дода шуавад. Бинобар он, зарур аст, дар ин кор равоншиносон, ҷамъиятшиносон ва мутахассисони васоити ахбори омма ҷалб карда шаванд.
Таҳия ва амаликунонии системаи чорабиниҳо доир ба назорат ва идоракунии паҳшавии дониш ва технология аз нуқтаи назари пешгирии амнияти иттилоотӣ зарур аст. Яке аз объектҳои асосие, ки бояд зери назорат гирифта шавад – ин мутахассисони баландтаҷриба, ки соҳиби дониши соҳаи методҳои боэътимоди ҳифзи иттилоот мебошанд, аст. Маҳз онҳо дар зери назорати ҷамъиятҳои террористии байналмиллалӣ мебошанд. Зарур аст, механизми амалии мубодилаи таҷриба ва маълумот дар соҳаи ҳифзи иттилоот дар миқёси шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва ҷаҳонӣ таҳия ва роҳандозӣ карда шавад.
Адабиёт:
- Садовничий В.А., Носов В.А., Ященко В.В. Математические проблемы безопасности информационных технологий [Матн] // Научные и методологические проблемы информационной безопасности (сборник статей) / Под ред. Шерстюка В.П. – М.: МЦНМО, 2004. С.4-7.
- Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 20.01.2016.
- Крутских А.В. Война или мир: международные аспекты информационной безопасности [Матн] // Научные и методологические проблемы информационной безопасности (сборник статей) / Под ред. Шерстюка В.П. – М.: МЦНМО, 2004. С.85-96.