Оид ба конференсияи ОБСЕ дар Варшава
Пас аз соли 1992 ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи худо қабул намуд, ки тибқи ин китоби муқаддас Тоҷикистон давлатӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Аз ин бармеояд, ки дар кишвари мо баёнкунии фикр озодона буда, барои ин ягон монеагӣ аз тарафи Ҳукумат вуҷуд надорад.
Миллати тоҷик бояд ҳамфикри афроди бадфикр нагашта, саҳми худро дар гул-гулшукуфии Ватани маҳбуби мо гузоранд. Зеро ки ҷомеаи аҳл бо дастгирӣ намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои мамлакат саҳмгузор шуда метавонад.
Аз тоҷикону тоҷикистониёни дунё хоҳиш менамоем, ки аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд ва ба ҷои ин намояндаи нексиришти кишвар гарданд. Зеро ки миллати тоҷик таъриху фарҳанги қадимаи бой дошта, дар арсаи байналмилал чун давлати ҳуқуқбунёд ва озод қабул шудааст.
Ғайр аз ин, Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои хориҷии худ бо тоҷикони дунё дар ҳар кишварҳо вохӯриву мулоқотҳо ороста, онҳоро барои ҳамкорӣ пурсамар даъват менамоянд.
Аз ин хотир, фаъолияти ҳизбҳои зидди сиёсати кишвар ягон қатра ба ривоҷу равнақ ёфтани соҳаҳои кишвар дахолат карда наметавонад.