Офтобро бо доман пӯшида намешавад

ҲНИ ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон буда, замоне ки дар арсаи фаъолият буд сабабгори бисёре аз корҳои сиёҳидар кишвамон рух дода, ба ҳисоб меравад. Мақоли халқие аст, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад. Яъне, имрӯз ҳамаи он пинҳонкориҳову нақшакашиҳои хиёнаткоронаи аъзоёни ҲНИ, ки гумон мекарданд ошкор намегардад,ба ҳамагон маълум шудааст. Мардум симои аслии ин шахсиятҳоро (М. Кабирӣ, А.Шерзамонов, Т.Варқӣ, Р.Темуриён , Ш.Гадоев ва С. Истаравшанӣ) шинохтанд, боварии комил дорам, ки фирефтаи онҳо намегарданд. Ин ташкилоти террористӣ ва аъзоёни он таҳти роҳбарии раисикунанда, хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ худашонро ҳамчун роҳбарони мусалмонон пиндошта, дар сурати дини ислом низ баромад карда, бисёр доғҳои сиёҳи тозанашуданиро гузоштаанд. Мехостанд он Ватанеро, ки ҳамагон орзуяшро доштанд, ноором намуда, ғасби ҳокимият намоянд. Тӯли чанд соли фаъолияташон чандин амалҳоеро ба сомон расониданд, ки дар назди қонун ва миллат нобахшиданист. Ҳамчунин, ҳадафи ин ташкилот ва зертобеонаш дар он буд, ки муноқишаҳои мазҳабиро дар кишвари амни мо барпо намоянд.

Чуноне ки гуфтам ин ватангадоён тӯли чанд сол мешавад бо ҳар гуна дурӯғу найрангҳо бар муқобили мо зарба зада, мехоҳанд оромии моро халалдор созанд. Хушбахтона, ҳамаамон шоҳид ҳастем, ки ҳеҷ вақт тиршон ба ҳадаф намерасад ва нахоҳад расид. Мо намегузорем нохалафе хонаи тинҷу осудаи моро бо палидиҳояш нотинҷ гардонад. Мо хуб медонем, ки дар он вақте ки ин ҳизб фаъолият дошт, зери назоратион чанде аз гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ дохил буданд, ки фаъолияташон аз паси парда тавассути арбобони ҲНИба роҳ монда шуда буд.

Айни замон фаъолияти ин ҳизби террористӣ тавассути арбобони хориҷиашон идора карда шуда истодааст, ки аъзоёни он ба маблағҳои ночизи онҳо фурӯхта шуда, мехоҳанд ватани худро ба вартаи ҳалокат дучор намоянд.

Ҳарчанд онҳо медонанд, ки ҳеҷ кас ба онҳо бовар намекунад, хоҳиш надоранд, ки кунҷи хомӯширо ихтиёр карда, ба амалҳои нодурусти худ иқрор шаванд. Балки мекӯшанд ҳар рӯз як фитнаи нав ба по хезонанд, ки ин аз нотавонбиниву камақлиашон дарак медиҳад. Гуфтугӯи онлайнии роҳбари “Паймони миллии Тоҷикистон” Муҳиддин Кабирӣ, ки шоми 18 январи соли ҷорӣ сурат гирифт фитнаи навбатии номбурда ва аъзоёнаш мебошад, ки ҳадафшон танҳо дар назди мардум бадном кардани мансабдорон аст. Ба Кабирӣ гуфтани ҳастем, ки эҳтиёҷе ба ин корҳо нест, мо ба тавсияву роҳнамоии шумо ва шумобаринҳо ниёз надорем, мо ба мансабдорони давлтиамон итминон комил дорем. Мо кулли мардуми Тоҷикистон аз аҳдофи манфиатхоҳонаи шумо ва хоҷагони зархаридатон огоҳ ҳастем ва ҳеҷ гоҳ бовар нахоҳем кард.

Муҳиддин Кабирӣ қувваи Аҳриманиро мемонад, ки дар ҳама давру замон қувваи Аҳурамаздо бар он ғолиб меояд. Инро таърих борҳо исбот кардааст.

Аъзоёни маркази иттитоот

ва таҳлил донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ