Нотавонбинӣ ба рушди суботи кишвар. Изҳороти омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик Маҳкамов Саидқул
Тавре маълумот дорем, ба тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ гумоштагон ва тарафдорону нотавонбинони рушди кишвари соҳибистиқлоламон барои вайрон кардани суботи халқу мамлакат бо баҳонаҳои ноҷўя мехоҳанд сангаҳо партоянд.
Тибқи расонаҳо гўё санаи 10 декабри соли ҷорӣ тарафдорони Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон ба изҳород гирдиҳамоӣ ташкил намуда, талаб доранд, ки нафарони номбаршударо озод намоянд. Аз корҳои ифротии шахсони номбаршуда маълум аст, ки онҳо барои ба вуҷуд овардани нооромиҳо дар кишвар даст доранд, на ба рушду инкишофи халқу кишвари Тоҷикистон.
Боз шарм аз кору амали худ накарда баъзе аз гумроҳон, нотавонбинони дохили кишварро ба ҷониби худ ҷалб менамоянд, то ки дар мамлакат низ нооромиҳо сар зада бошад.
Инчунин дар муроҷиатномаи изҳороташон аз номи кумитаи вайронаи худ аз Созмони Миллали Муттаҳид, ки нафароне, ки дар ҳабсхонаи 3 шаҳри Хуҷанд барои раҳоӣ даст доштанду ҳалок гардидаанд, шумораашонро муайян намоянд, кўмакҳои иқтисодиву молиявии ин созмонро ба Тоҷикистон боз доранд.
Ин ҳама нотавонбинӣ ба он аст, ки рушду суботи Тоҷикистонро дар зери сиёсати Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон надида бошанд.Ин албатта хиёнат ба ватан, ба миллат, ба халқи шарифи Тоҷикистон аст.
Ба ҷои он ба халқу кишвари хеш дасти ёрӣ дароз намоянд, дасти барҷмонадгон ва ниёзмандонро бардоранд, барои оромиву осудагии мамлакат чора андешан беҳрат мегардид.