Нодида гирифтани дастовардҳои кишвар

Рисолати аслиро набояд фаромӯш кард. Рӯзноманигории Тоҷикистон аз рӯзи таъсиси нахустин нашрия то ба имрӯз дар ҷомеа аз аҳамият ва ҷойгоҳи арзишманд бархурдор аст. Воқеан журналистикаи ватанӣ ба истиқлолият ва озодӣ, тараққиву пешрафт ва шукуфоӣ дар баробари иҷрои рисолати касбӣ арҷ мегузорад. Таъмини озодии сухан ва ба роҳ мондани фаъолияти касбии васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ дар қаламрави кишвар гувоҳи он аст, ки давлати мо ба арзишҳои башарӣ, аз он ҷумла озодии баён аввалият додааст. Дар сарқонуни мамлакат низ баёни озоду низоми демократии ҷомеа таъкид шудааст. Имрӯз дар Тоҷикистон расонаҳои зиёди хориҷӣ дар баробари васоити ахбори ватанӣ фаъолияти озодонаро ба роҳ мондаанд. Аммо мутаассифона, дар баъзе мавридҳо ба мушоҳида мерасад, намояндагони васоити ахбори хориҷие, ки дар кишвар фаъолият менамоянд принсипи асосии рӯзноманигорӣ - беғарзиву бетарафиро канор гузошта, ба иттилоърасониву баррасиву таҳлили мавзӯъ холисона таваҷҷӯҳ надоранд. Бахши Тоҷикистони радиои «Озодӣ» аз ин қабил васоити ахбори омма аст. Дастовардҳои Тоҷикистон аз ҷониби кормандони радиои «Озодӣ» бисёрвақт нодида гирифта мешавад. Паҳн намудани маводе, ки барангезандаи иғвову ваҳм аст, бештар гашта, масъулон рисолати аслии хешро фаромӯш кардаанд. Касби рӯзноманигорӣ набояд василаи расидан ба аҳдофи гурӯҳҳои алоҳида бошад. Дар ҳама ҳолат рисолат ва адолат риоят шавад. Муқаддасоти миллӣ ва манфиатҳои давлат бояд ҳифз шаванд.

С. ҲАКИМЗОДА, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ