Нишасти Женева ва ҳангматалабии Кабирӣ
Баъди нишасти СММ, санаи 05.06.2019 ба расонаҳои хабарие, ки хоҷагони Муҳиддин Кабирӣ ба он маблағгузорӣ мекунанд, Муҳиддин Кабирӣ андешаи худашро дар шабакаҳои интернетӣ баён кард ваҳамонгурўҳҳову ташкилотҳои ифротие, ки оромию сулҳу суботи кишварро чашми дидан надоранд бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоро вайрон созанд ва дар садри аъзами он Кабирӣ ва ҳамяроқони ӯ нишастаанд.
Муҳиддин Кабирӣ шахсест, ки ба монанди фоҳиша бо ҳар гуна шахсони ватанфурӯш ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ, Мирзо Салимпур, Илҳом Ёқубов муносибат менамояд. Новобаста аз он ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳамаи хиёнату разолату ҷинояти ин гурӯҳи террористӣ чашм пӯшида онро бахшид, ин гурӯҳ бошад, боз дар пайи нооромии кишвари мо нақшаҳои пинҳони худро тарҳрезӣ намуд. Бетартибиҳои соли 2015 низ яке аз нақшаҳои пинҳонии ин гурӯҳи ифротӣ буд. Баъд аз ин ҳодиса роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ба назди хоҷагони хориҷии худ рафта, дар онҷо низ боз даст ба хиёнати ватан мезад. Имрӯз мардуми азизи Тоҷикистон аз симои асосии ин ҳизб огоҳ гаштанд. Баъди ҳодисаи даҳшатноки қатли сайёҳони хориҷӣ, ки нақшаи тарҳрезикардаи ТЭТ ҲНИ буд, аз кирдори ношоистаи ин ҳизби ифротию террористӣ аксари кишварҳои олам низ огоҳ гаштанду айни ҳол ин ҳизбро ҳамчун ташкилоти террористӣ мешиносанд.
Рӯзи гузашта чан тан аз мухолифини ватангумкарда таҳти роҳбарии Кабирӣ барои иштирок дар ҷаласаи солонаи Кумитаи олии ҳуқуқи башари СММ дар шаҳри Женева ҷамъ омаданд. Наҳзатиён аз роҳбарияти олии Кумитаи ҳуқуқи башар талаб намуданд, ки онҳоро ба маҷлис роҳ диҳанд, лек талаби онҳо рад карда шуд. Аз шикасти шармандавори худ рӯй сурха гашта, дар сомонаҳои расмии худ овозаи гӯё, ки ҷониби ҳайати расмии Тоҷикистон монеаи аслии вуруди онҳо ба ҷаласа бошад. Лек ин ҳама дурӯғи маҳз аст.
Ҳар қадар ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ бешармона дар давлатҳои хориҷ минбари бепоя ташкил мекунаду бо чанд нафари гумроҳ ба қавле ҷамъомад барпо менамояд, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамон қадар аз хиёнаткориву ватанфурӯшии роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ бештар ва саҳеҳтар огоҳ мешаванд. Зиёда аз он роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ ҳар қадар ҳангома барпо карданӣ мешаванду ҳарзагӯӣ мекунанд, мардуми сарбаланди кишварамон ҳамон қадар, балки зиёдтар аз кирдорҳои ғайриинсонии онҳо дар солҳои навадуми асри гузашта бохабартар мешаванд.
Имрӯз хурду калон, нафаре, ки дилу чашми инсонӣ дорад, нафаре, ки шукронаи осоишу оромиш ва равшании хонадон мекунад, нафаре, ки бо чашми ҳақиқат ба кӯҳи бунёдкорӣ менигарад, дар ҳар қадам созандагиро, ободониро мебинад, садҳо нафрат дорад ба чеҳраҳои сиёҳу суханони бепояву дурӯғини роҳбарону саркардагони ин ташкилоти мамнӯъ. Имрӯз агар нафаре аз ҳафтоду панҷ ҳазор гектар замине, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муаззами Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз солҳои вазнини навадуми асри рафта барои тамоми мардуми деҳот бахшиданд, як пора нон хурда бошад, то умр боқист, шукронаи ҳамон нону шукронаи ҳамин давлату давлатдорӣ мекунадва ин нафар як не, миллионҳо мардуми Тоҷикистонанд, ки имрӯз ҳам аз замини Президентӣ нон мехӯранд ва шукронаи Сарвари давлат мегӯянд.