Ниқоби нав ва иғвои нав!

Ба аъзоёни ТЭТ ҲНИ расонидаем, ки то ба кай зери ниқоби нав корбари мекунед. Шумо бояд ҳамарўза ва ҳама вақт дар хотир доред, ки мардуми тоҷику Тоҷикистониён ва ҳатто қисми зиёди мардуми Аврупо мақсаду мароми Шуморо медонад. Шумо якбор ба худ оедва ҳис кунед, ки мардуми тоҷик ҳеҷ вақт Шуморо дастгири намекунад. Шумоаз хориҷӣ кишвар истода боз мехоҳед, ки дар Тоҷикистон боз солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоед.Як фикр кунед, бо ин рафтори Шумо солҳои 90-уми асри гузашта наздик буд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол қариб аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба нестӣ равад. Инро хуб медонед, пас чаро боз талаботҳои иғвоангез карда мехоҳед оромию осудагии мардумро вайрон созед. Шумо бо ин гирдиҳамоию талаботҳоятон дар назди мардуми Аврупо шарм намедоред.Шумо чӣ ҳақ доред, ки аз беруни кишвар истода ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодии Тоҷикистон ҳамроҳ шавед. Дар тамоми мамлакатҳои дунё шахсе даст ба ҷиноят мезанад, ўро ҳатман ҷазо медиҳанд. Ҷинояткор бояд ҳатман ҷазояшро бинад ва инро Шумо маҳкум кардан ҳақ надоред. Аъзоёни Шумо аз хориҷ истода то амалҳои ҷинояткорие ба амал дода истодаанд, масалан, яке аз мисолҳои оддитарин ба қатл расонидани сайёҳон ин магар ҷинояткорӣ нест. Лаънат ба чунин шахсиятҳо, ки фиристодаи Худовандро чунин ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ин амал на дар ин дунё бахшанда асту на дар он дунё. Барои чӣ Шумо ингуна амалиётҳои ҷинояткориро ба мардуми бегуноҳ раво мебинеду, бо ин кирдоратон мехоҳед обрўю эътибори Тоҷикистони азизи моро дарарсаи байналмиллал паст занед? Ин нисбати мардуми тоҷик хиёнаткорист. Хиёнаткорро ҳеҷ кас ва ҳеҷ вақт намебахшанд. Хиёнаткор чӣ дар беруни кишвар ва дар дохили кишвар бояд ҷазояшро бинад.

Он баромадҳои аъзоёни Шумо дар ҳамоиши дар мамлакати Полша баргузоршуда кӣ будани Шуморо дар асраи байналмилал ҳама шинохта буданд. Шумо чӣ қадар худро бегуноҳ ҳисоб кунед ҳам, хеҷ кас бовар намекунад ва ҳама Шуморо ҳамчун ҷинояткор мешиносанд, чунки ҳар қадами Шумо ҷиноят аст.

Хушбахтона ҷавонон ва мардуми Тоҷикистон аз шароити зист, созандагиву ободкорие, ки дар Ҷумҳури шудааст, хело миннатпазиранд.

Изҳороти устоди факултети математика, Бобохонов Қ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ