НБО-и Роғун бузургтарин дастоварди энергетикаи тоҷик

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бевосита гул-гулшукуфии мамлакат ва сарсабзии ҳаёти мардум ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр кард, ки ҳамаи дастовардҳо аз истиқлолияти давлатӣ ваВаҳдат аст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин рўзҳои фараҳбахшу хотирмон қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар пур аз ифтихору сарбаландист. Дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон – ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун воқеаи беназир мебошад.

Ба истифода дода шудани чархаи дуюми НБО-и Роғун ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор вазифаи стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ ва инчунин саноатикунонии мамлакат матраҳ гашт. Имрўз босарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.

Акнун, чархаи дуюми НБО-и Роғун бо ҳузури Пешвои муаззами миллат ва меҳмонони олиқадр ба истифода дода шуд, ва мо боварӣ дорем Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикиро ба даст меоварад. Бо бунёди комили НБО Роғун ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд ва бояд эътироф намуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меистад.

Ба истифода додашудани агрегати дуюми НБО Рогун аҳамияти минтақавӣ, байналмилалӣва миллиро дорост. Барқи Роғун ба хонаи ҳар яки мо ворид гашта, онро рўшан месозад, зиндагиамонро шукўҳу шаҳомати нав мебахшад.

Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашиданд. Онҳо хуб медонистанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар рўзи чаншгирии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани чархаи дуюми НБО Роғун моҳиятан рамзиву амри воқеъият аст.

Мо, мардуми сарбаланди тоҷик аз Сарвари хеш ифтихор дорем, мекўшем то ба боварии он кас содиқ бошем,сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем. Зеро, бо заҳматҳои шабонарузии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат ва мардуми баору номуси тоҷик ҷумҳурии мо ба яке аз мамлакатҳои тараққикардаистодаи индустриалӣ- аграрӣ табдил ёфта истода,тамоми мақсадҳои Ҳукумат,Сарвари давлатва орзую умеди мардум амалӣ гардида истодааст.

Бердишукуров А.А. Мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ