НАҚШИ ИЛМ ДАР РУШДУ СУБОТ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА

Дар ҳама давру замон ва кавну макон илм ва ба амал татбиқ гардонидани он нерӯи тавоно, офаранда, пуриқтидор ва наҷотбахши иҷтимоъ мебошад.Ҳастии инсон бо ниҳоди офаридагорӣ вағановатманди сириштиботинӣ ва таҷаллии симои ибратомӯз тавассути илму дониш ва ақлу хирад зебу зиннат ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгоррокомёб шудааст. Аз ин ҷост ки низому пешрафти иҷтимоъ,таъмини амният, сулҳу суббот,бунёдкорву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии башарба неруи илм ва фазилати инсон алоқаманд мебошанд.

Аз аҳди бостон инсоният ҳамеша дар ҷустуҷӯи илм ва маърифат буда, рози илму ҳикмат мекушоду саодату хушбахтиро ҷӯё мешуд, ки он дар тӯлиҳаётмояи ифтихору ҷуръат ва сарчашмаи шуҷоатқарор мегирифт.Дар ин робита ба манзалат ва мақоми шоиста расидану соҳибилм шудани инсонзаҳмати зиёдро талаб мекард. Тавассути илму дониш ақли инсон ғанӣ гашта,аҷсоми олам намои ободӣ ва созандагӣ мегирад. Илм маҳсули хиради инсонӣ ва ғояи ҳаёти одамӣ ҳамчун роҳи расидани инсон ба саодати ҷовидон аст ва маҷмӯи донишҳоест, ки дорои ҷаҳонбинивуғояи муайяндар бораи олам, табиат ва ҷамъият буда,ба маърифати наву тоза ақли инсонроғанӣ мегардонад ва чун чароғи равшан ба шинохти ҳақиқат раҳнамун месозад.

Илм дар таълимоти мутафаккирону адибон муҷиби бақою пояндагии ҷомеа ва ҷавҳари ҳастии шинохти маърифат буда, падидаи қудсӣ мебошад, ки ҷуяндаву толибгари он мубарро аз ҳама ғуборҳои ботинст ва ҳамеша шоду хуррам аст.Ҳақ бар ҷониби Мавлоно Ҷалолиддини Балхист, ки мефармояд:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз

То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Дар ҷаҳони пуртуғёну зудтағирёбандаи муосир вабархурду ҳамгироии тамаддунҳо нерӯи илм, ғояи таҳаммулпазирӣ ваҳусни тафоҳум дар таъмини сулҳу суббот ва муомилаву муносибати халқҳои сайёра нақши созанда ва аҳамияти хоса дорад.Мафҳумҳои сабру тоқатпазирӣ, таҳаммулгароӣ, масъулиятшиносӣ, сулҳу суббот,некиву накукорӣ , дӯстӣ ва хайру эҳсон сифатҳои арзишманди шахсияти инсон буда, тавассути илму донишба дарки худогоҳию хештаншиносӣ ва устувории ҳаёти маънавию иҷтимоии башарият мусоидат менамуд. Осори пурарзишитамаддуни башарӣ, аз ҷумла донишмандони олами ислом ваЮнону Шарқ кулли масоили табиӣ ва иҷтимоироаз назари илмӣ бо овардани далелҳои мӯътамад таҳлил ва арзёбӣ намуда,хулоса ва натиҷа мебардоштанд.

Таҳсил ва талабиилм аз давраи тифлӣ то лаҳзаи вопасини ҳаёт барои ҳар як фард зарур аст.Мақом ва манзалати илму дониш дар таълимоти пайғамбарон, донишмандон, мутафаккирон ва адибон ҷойгоҳи баланду шарафманддорад. Ба ин маънӣ фармудаанд:

Илму ҳикматро талаб кун, гар тараб ҷуйӣ ҳаме,

То ба шохи илму ҳикмат пуртараб ёбӣ рутаб.

Ҳадисҳои Пайғамбар(с): «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷуй», « Ман фазилати илмро аз фазилати ибодат дӯсттар медорам». «Ҷоҳилонро ба олимон баробарӣ мумкин нест», « Оё баробар ҳастанд касоне ки медонанд ва касоне, кинамадонанд. Ҳаргиз не!Ибрат намегирандмагар аз соҳибақлон», «Илм нур аст ва ҷаҳл қубҳ», «Арзандатарин мерос аз падар барои фарзанд илму дониш аст»«Ҳар ки барои талаби илм дар роҳе қадам мениҳад, Худованд аз барои ӯ роҳе ба сӯи ҷаннат мекушояд», «Беҳтарин садақаҳо он аст, ки марди мусулмоне илмро биомӯзад ва ба мусулмони дигаре таълим бидиҳад» тарғиби талаби пайвастаи илмро меомӯзонад.

Дар ҳар қавну маконе, ки бунёди илму дониш устувор нест, ҷомеароба таассубу ҷаҳолат, тундравӣ, ҷангу бадбахтиҳо ва нобудшавӣмеорад.Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии тамаддунҳо ин ҳаракату ҷараёнҳо вамасъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва иқтисодӣбар асоси бунёди ақидаи солимусаҳеҳ , ҷанбаи амиқи илмӣ ва маърифатӣва ба ҳодиса аз диди воқеӣ баҳо додан бояд арзёбӣ шавад.

Дар робита ба ин маъниҳо Пайғамбар Муҳаммад (с) дар симои Салмони Форс ва Абӯҳанифа форснажодонромиёни дигар ақвом ҳамчун мардуми донишманд, закӣ ва ҳунарманд мешиносад ва таъкид мекунад : «Агар чунончӣ илм дар ситораи Сурайё ҳам бошад, қатъан мардоне аз фарзандони форс онро ба чанг меоранд»….

Бо ифодаи дигарбеҳтарини Аҷамро Форсдониста чунин таъкид менамояд:«Агар,эй араб, шумо аз ин дин руй бигардонед, қавме пайдо хоҳад шуд, ки кори ин динро пеш хоҳад бурд. Асҳоб аз ӯ суол карданд, ки он кадом қавм аст? Дар ин асно Салмони Форс дар паҳлӯи вай нишаста буд. Паёмбар гуфт: қавми Салмони Форс кори ин динро ба шоистагӣ пеш хоҳад бурд».

Осори гаронбаҳои адабиёти форсу тоҷик ганҷинаи пурҳикмат ва гуногунпаҳлӯ буда, пеш аз ҳама ҷанбаи амиқи илмӣ ва маърифатӣ дошта, инсонро пайваста барои пайдо намудани ҷанбаҳои имониву виҷдонӣ ва нерумандии ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ, донишандӯзӣ, худшиносӣ,таҳаммулпазирӣ ва ақлгароӣ ҳидоят менамояд.

Абӯалӣ ибни Синотаъкид менамояд, ки «дар таҳсили илму ҳунар кӯшидан кошонаи димоғро аз шамъи хирад равнақ бахшидан ва оинаи дилро аз ғубори ҷаҳолат мусаффо сохтан» аст. Дар ҳақиқат,«илму ҳунар ҳусули ҷоҳу таҷаммулро (ҳашамат) махзанва таҳсили симу зарро маъдани ҳотам (нигин) , донишу бинишро нигин ва дар таҳзиби (тарбияи)ахлоқи шӯҳрати офоқ чун нигорхонаи Чин, кафили кору бори мамлакати подшоҳон ва сари тоҷи фазилату иззати олимон»аст. Ба ин маънӣ:

Коре , ки туро ба ҳақ расонад илм аст,

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.

Ҷуз илм макун бадарқа дар дори ҷаҳон,

Роҳе ки ба мақсуд бирасонад, илм аст. (1. 25)

Мавлоно Ҷалолиддинӣ Балхӣ дар хотимаи достони «Донишманди забондон ва киштибон» таъкид менамояд:

«Ҳар ки худро доно ҳисоб карду дигаронро нодон, дар рӯзи воқеа ба гил дармемонад ва чун ин донишманди нодону мағрур дар гирдоби фаною нестӣ гирифтор мешавад».

Дар ҷойи дигар орифи шоир илмро муҷиби бақою пояндагӣ ва ҷавҳари ҳастии инсон дониста таъкид менамояд:

Хотами мулки Сулаймон аст илм,

Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Фаридуддини Аттор низ андар фазилати илму ақл мефармояд:

Бе хирад дониш вубол аст, эй писар!

Илм мурғу ақл бол аст, эй писар!

Ҳар ки илме дораду набвад бар он,

Аз тариқи ақл бошад баргарон.

Ҷои дигар дар тақвияти ин маъниҳо менигорад, ки дар торикиимеҳмонсарой, (дунё)илм чун чароғи раҳнамо нурафшон аст ва ҳар ҷо офтоб рахшон аст, соя пинҳон гардад ва«ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,аҳли ақлу илмро дорад азиз».

Ҳаким Низомии Ганҷавӣ низ ба ин маънӣ чунин таъкид менамояд:

Ҷон чароғ асту ақл равғани ӯ,

Ақл ҷон асту ҷони мо тани ӯ.

Ақли беҷон атийяти абадист,

Ҷони боақл зиндаи абадист.

Фазли илм бекарон буда, поён надорад ва мақоми соҳибилм рафеъу (баланд, олӣ)шарафоташ бениёзу беҳисоб аст. Илм махзани амал,ахлоқу маънавият,поктинатӣ ва сирати одамият буда, аз ҳосилашинсон саодат ва шарофати зиндагиропайдо мекунад. Дар ин робита ҳакимону донишмандон таъкид намудаанд, ки ҳазор хатми калом,ҳазорон хайри сарвату ва садҳазор ибодату тоат ба ҳадди эътибори олим ва ҷустуҷӯи амали ӯ намерасад ва таҳқириилму олимонро куфр шуморидаанд.

Дар баробари ин «таҳсил набояд фақат иборат аз пур кардани мағзи ҷавон аз илм бошад, балки дар айни ҳол бояд ахлоқи кудакро таҳрик кунад ва ӯро барангезад, то ба ҳаваси зиндагонии иҷтимоъ пай бубарад». (2. 243).

Таълим ва тарбият ҷузъи фарҳанги миллат буда, василаву абзорест, ки ба воситаи он фарҳанг пойдор мемонад. Чунон ки гӯшту нохунро наметавон аз ҳам ҷудо кард, ин ду мавзӯъ низ ҷудонопазиранд. Аз ин ҷиҳат тасаввури он ки миллатеравиш ё худ суннатҳои таълиму тарбияти миллати дигареро пазируфта зиёне намебинад, иштибоҳи ислоҳнопазир мебошад. Агар миллате аз фарҳанги худ даст бикашад, ин худкушӣ аст. Фарҳанги бегонаро пазируфтан ва худро зери нуфузи он қарор додан навъе худбохтан асту бас.

Фарҳанги ҳар миллате, аз ҷумла халқи соҳибтамаддуни тоҷикиборат аз идеалҳо, армонҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои хос аст, ки назари хоси миллиро дар бораи зиндагӣ ва фарҳанг ифода мекунад. Агар таҳсил ва таълиму тарбият ҷузъи фарҳанги миллат бошад, пас, пазируфтан ва ё корбурди усули таҳсил ва таълиму тарбияти бегонагон ба бунёди ҳувияти иҷтимоӣ ва маънавии миллат теша задан аст. Бинобар ин мо бояд ба он равиши таҳсилу тарбият таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки маҳсули таърих ва фарҳангамон бошад ва бо омолу армон ва суннатҳои халқамон созгору ҳамоҳанг бошад.

Дар замони муосир усули таҳсилу тарбият дар мактабҳо то ҷое аз равиши суннатии омӯзишу парвариш фосила гирифт ва зиёни он дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии мо эҳсос мешавад. Касолати забон, маънавиёти иҷтимоигаро ва бебандубориҳои ахлоқӣ маҳсули гаравидан ба фарҳанги бегона буд. Инак, истиқлоли кишвар тадриҷан истиқлоли фарҳангии моро фароҳам меоварад ва мо рӯзафзун аз таҳсилу тарбияти сиёсатзада канор рафта, ба омӯзиш ва дарёфти арзишҳои маънавии худиву башарӣ рӯ меоварем.

Ба қавли профессори америкоӣ Нейблет, «маънии тарбият дунболаи вазъи рушд ва такомуле аст, ки башар ба он ноил мешавад, сурати аз лиҳози ташаккули ҷисмӣ нуҳ моҳ қабл аз он ки мутаваллид шавем, дар мо нақш мебандад. Вале пас аз он ки мутаваллид шудем, ин фарҳанги ҷомеа аст, ки сурат ва мавқеияти раҳми модарро ба худ мегирад ва дар муҳити иҷтимоъ ин рӯҳ аст, ки шакл мегирад на ҷисм». (3,4.)

Таҳсилу таълим ва тарбият аз ҳар ҷиҳат бо фарҳанг ва ормонҳои иҷтимоии ҳар миллате бояд иртиботи ногусастанӣ дошта, низом ва роҳу усули тозаи он бо асосҳои илмиву методологӣ саҳеҳ ва дақиқ муайян гардидаустувор бошад. Ҳама гуна кӯшишу талоше, ки барои ҷудоии ин масъала ва равишҳо ва худбиниву ходкимиҳои шахсони масъули низоми таҳсилот равона мешавад, омили шикаст ва заволи ҳамоннизом ва дигаргунсозӣ мегардад. Таҳсил, таълим ва тарбият бояд дар заминаи воқеӣ ва имконияти мавҷудаи иҷтимоъ сурат гирад, бозтоби фарҳанги мардум бошад ва омили таҳсилу тарбиятин фарҳангро барои наслҳои оянда ҳифз кунад.

Ба ин маънӣ,Ғуломризо Саидӣ таъкид менамояд, ки таҳсилу таълим ва тарбияте, ки ба фарҳанг ва ормонҳои ҷомеаи миллӣ беэътино бошад, ба вайронӣ ва гусехтани дастгоҳи иҷтимоии он ҷомеъа мусоидат карда, инҳитоти маънавиёти як миллатро боис мешавад. Агар таҳсилу тарбият фарҳанги миллатро дар заминаи кашфиёти илмӣ таҷассум накунад, ба рифоҳи иҷтимоӣ ва пешрафти миллат мусоидат нахоҳад кард. Бадбахтона, таҳсил ва тарбияти мо то ҳол аз мероси бегонапарастӣ, иртиҷоӣ, таассубу хурофот ва шаклпарастӣ фосила гирифта, натавонист унсури кофӣ ва муфидеро барои бунёд ва устувории пояҳои арзишмандиахлоқию маънавии ниёгонро муҳайё созад. Чунин вазъи таҳсилу тарбия дар ҷаҳони имрӯз танҳо хоси тоҷикон набудааст. Муҳаққиқоне, ки дар ин замина изҳори назар кардаанд, бар ин ақидаанд, ки хатарноктарин нуқтаи заъф дар таҳсилоти ҷадид адами итминон ба ҳадафҳова мақсад аст.

Назаре ба таърих ин мавзӯъро рӯшан мекунад, ки дар қадим ҳаётитарин ва муассиртарин равишҳои таҳсил мақсадҳояшонро ба таври қотеъ дар назар доштаанд ва ин мақсадҳо ба сурати сифоти шахсӣ ва муассисоти иҷтимоъӣ махсус будааст. Яъне таҳсил ва ё таълиму тарбият бояд аз назари фикрӣ ба сурате ҷадид дарояд, зеро таҳсил василае аст барои ҳадаф на худи ҳадаф. Ва ҳадаф тарзи тафаккур ва фарҳанги мардум аст, ки дар роҳи хидмат ба мардум амалӣ мешавад. (4, 258).

Дар ин замина бамаврид аст, ки аз донишмандиэронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб иқтибос кунем: «Ин ҷо масъалае, ки дар пеши рӯи мост, ин аст, ки оё дар фарҳанги гузаштаи мо, дар он чи суннат ва адабиёти суннатии мо хонда мешавад, чизе барои дастовез наметавон ёфт, ки бо сатҳи пешрафтҳои аср ҳамоҳанг бошад?Дар ҳақиқат, адабиёти муосири мо низ дар ин замина маводи судманде зиёд дорад, ки барои дарёфти арзишҳои ҳунарӣ ва ҳусну назокати суханварӣ ва ташаккули ҳиссиёти солими зиндагишиносӣ мусоидат карда,дар камолоти маънавии фард ва пешрафти ҷомеа судманд хоҳад буд.

Агар аксари донишмандон ва адибони дунё баъди нон мактабро барои халқ аз ҳама муҳим шинохта бошанд, пас муаллим дар ҳаёти маънавии халқу давлат ҷойгоҳи сониро ба худ ихтисос медиҳад, ки ҳақ аст. Ба ин маънӣ Искандари Мақдунӣ бесабаб нафармудааст, ки ман дар назди устодам камтар аз падараммуваззаф нестам, зеро агар падар ба ман ҳаёт бахшида бошад, Аристотел зиндагии хуби маро фароҳамсохт.

Аз таҷрибаи мактабу маориф бисёр хуб медонем, ки хонандагон чӣ гуна омӯзгорро дӯст медоранд. Албатта, ҳамон омӯзгоре миёни мактабиён иззату обрӯ дорад, ки дониши хуб,илми расо ва омӯзгори шоиста ва инсони комил бошад ва хулқу хӯяш мутобиқи меъёрҳои ахлоқии дирӯзу имрӯз сурат гирад. Фазилатҳои ахлоқии омӯзгор, албатта истисно намешавад, вале беш аз ин рӯ бояд соҳибилм вабосавод бошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки омӯзгороне, ки дониши кофии назарию амалӣ надоранд, дар роҳи корбурди усулҳои судманди таълим низ мӯҳтоҷ мешаванд, дар ҳалли мушкилоти хоси хусусияти адабиётшиносӣ дошта оҷиз мемонанд. Ба ҳамин далел саводнокии омӯзгор ва сифатҳои дигари барои мактаб зарур ба дараҷаи аввал меистад. Агар чунин савияю фазилат набошад, ҳамагуна барномарезӣ, ҳазинагузорӣ ва ҷаҳду ҷадал бенатиҷа хоҳад монд. Ин мушкилот ба хусус имрӯз аҳамияти хос пайдо мекунад, зеро бо сабабҳо ва омилҳои маълум сатҳи маърифатписандии ҷомеъа хеле поин рафта, сифати таҳсилу таълим ва тарбия дар мактаби миёнаву олӣ қонеъкунанда нест. Ин ҳама ба пешрафти мактабу маориф бетаъсир намемонад.

Дар Паёми Президент чиҳати баланд бардоштани неруи илм ва ба амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим,ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, такмили сатҳи касбии омӯзгорон масъалагузорӣ шуда, таъкид шудааст, ки «омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».

Дар ҳақиқат, дар замони муосир бар асри ҳаводиси пуртазод ва зудтағйирёбанда ва наҳзатҳои азими илмӣ ва сиёсӣ воқеияти имрӯз дар назди ҷомеа мабоҳис ва масоли мубрам, тоза ва васеъропеш овардааст. Дар ин замина шинохти манфиат ва таъмини амнияти миллӣ тавассути илму дониш, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти ҳар як афроди иҷтимоъро дар назди имрӯзу оянда зиёд месозад. Пайвастагии илму амал дар хонанда шавқи пурсуҷӯ ва кунҷковӣ фароҳам оварда ӯро ба ҷаҳони инсон будан, яъне дунёи дониш ва озод зистан раҳнамоӣ мекунад. Инсони огоҳу озод ситампазиру бандаи одамиён намешавад. Ҳар чиро мешунавад ва мехонад, кӯркӯрона намепазирад. Мағзашро ба кор мегирад ва пеш аз он ки ҳарфи касеро бипазирад, андеша мекунад. Бояд донист, ки агар таҳсил ва таълим судманд наафтад, мо дастҳои фарзандонамонро кушода, мағзҳо ва андешаҳояшонро мебандем, ақлро зиндониву ҷаҳлро майдонӣ месозем. Агар моҳияти аслии илму дониш ва таҳсилоти асилро ба хонанда расонда тавонем, ӯро инсони комилан дигар месозем. Дигар ӯ асири хурофот ва акмали ифротгаронамешавад, мо ӯро олим сохта, бо аслиҳаи илм, мантиқ ва имон мусаллаҳ месозем. Вақте инсоне ба силоҳи илму мантиқ мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ ҳукм мекунад, бо шуҷоат ва шаҳомот аз ҳақ дифоъ ва бебокона дар зиндагӣ роҳи рост ва дурустро интихоб менамояд. Агар омӯзгор дар равандитаҳсилот ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ нашавад, яқин ки хонандаро ба банди нодонӣ гирифтор сохта, на танҳо ӯро аз чанголи хурофот ва равияҳои бади ахлоқӣ наҷот намедиҳад, балки ӯро аз илму мантиқ дур сохта, оташи таассуб ва лаззатро дар ботини ӯ меафрӯзад.

Мусаллам аст касе, ки хӯи илмӣ дорад, аз зеҳне кунҷкову мантиқе устувор бархӯрдор аст. Ин гуна шогирд пӯёву кордону ҳолшинос ба воя мерасад. Касе, ки хӯи илмӣ дорад, ҳамвора натиҷагириҳои худро дар муқобили далелҳои тозае, ки мумкин аст бо онҳо бархӯрд кунад, қобили таҷдиди назар медонад ва ҳар гоҳ далелҳои тозаро дид, натиҷагириҳои худро дар тарозуи мантиқ бармекашад. Касе, ки хӯйи илмӣ дорад, дар баҳсу мунозира ба далелу мантиқ такя мекунад, бидуни таассуб ва ғараз ҳукму андеша меронад.

Акнун бо таваҷҷӯҳ ба аҳамият ва арзиши таълими адабиёт ва нақши он дар ташаккули шахсияти инсон ба хубӣ метавон хулоса кард, ки вазифаи омӯзгор то чӣ андоза сангин ва пурмасъулият аст. Агар мо дар таҳсил ва таълим ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем, яъне рӯҳи адабиёти инсониро ба хонанда интиқол дода тавонем, он вақт дар роҳи даъвати ҷавонону наврасон ба азхудкунии илму дониш ва ҷаҳони одамият муваффақ хоҳем шуд. Як инсони комилро ба воя хоҳем расонд, ки мазҳари муҳаббат ва одамият бошад, инсоне, ки дар паймони худ вафодор бошад, душмани золим ва ёри ситамдида бошад, қалбаш барои озодӣ ва адолат тапад, аз дурӯғгӯву фиребкор нафрат кунад, ба ҳуқуқи дигарон таҷовуз нанамояд ва монанди беҳтарин симо ва шахсияти инсонҳои комил зиста, ба вижагиҳои ахлоқи онон пайравӣ намояд. Маҳз ҳамин усул роҳро барои тарбияи инсони комил ҳамвор хоҳад кард.

Адабиётигузашта ва имрӯзаи мо дар ин равиш намунаҳои пурарзише дорад, ки мутаассифона, аз он ба дараҷаи лозимӣ истифода намекунем. Ба ҳамин далел омили аввалини ин усули таълим адабиёти бадеист: мафҳумҳои бадеият, ҳунар ва таъсири ҳиссӣ табиати адабиётро ифода мекунанд. Дар ин равиш омӯзгор бояд як нуктаро ба эътибор гирад, ки нависанда ба таври ом аз мардуми дигар бо ниёзу қобилияти иродаи афкор ва эҳсосоташ тафовут дорад. Ироаи афкор ва эҳсосот дар шаклу сурати писандида ба мардум беҳтар фикр кардан ва чира шудан бар мушкилот ва иртиботи саҳеҳ бо якдигарро меомӯзад. Воиз, файласуф ва мақоланавис афкори худро ба таври куллӣ ва муҷаррад бе таваҷҷӯҳ ба эҳсосоти худ ироа медиҳанд, аммо нависанда тамоюле ба ироаи афкори куллӣ ва муҷаррад надорад ва мехоҳад онҳоро ба таври малму (конкрет) тасвир кунад. Дар ин тасвир афкор ва эҳсосот ба таври ҷудоинопазире ба ҳам омехтаанд. Дар ин асос ҷанбаи бадеӣ ва ҳунарии осори адабӣ бояд мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирад. Омили дуюм он аст, ки мо ҳамаи ин фазилатҳои адабиётро барои пешрафти маънавӣ ва ахлоқии шогирдон истифода барем. Истифодаи ин ду омил ба дониш ва малакаи омӯзгор сахт вобаста аст. Омили сеюме, ки усули таълими муваффақи адабиёт ба он такя мекунад, хонанда мебошад. Агар муаллиф ба дили хонанда роҳ ёфта тавонад, суханаш, амалаш ва кирдораш ба дилу рӯҳу ахлоқи хонанда асаре гузошта тавонад, дар нияти худ комёб хоҳад шуд.

Дастурҳо ва усулҳои таҳсил, таълимва тарбият дар ҳеҷ замон маҳдуд набуду маҳдуд нахоҳад монд. Ин равиш бо пешрафти зиндагиву инсонҳо ҳамеша мутағаййир аст ва онро ба таври қотеъ дар ҳеҷ чорчӯбае наметавон маҳдуд сохт. Муаллим дар эҷод ва кашфи тарзи таълиму тарбия ҳамеша бояд озод бошад. Ин озодӣ, пеш аз ҳама, ба соҳибилм, дониш ва таҷрибаи ӯ такя мекунад.

Ба ин маънӣ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар боби мақоми илм ва таълиму тарбият возеҳу сареҳ мегӯяд:

Илм аз сомони ҳифзи зиндагист,

Илм аз асбоби тақвими худист.

Илму фан аз пешхезони ҳаёт,

Илму фан аз хоназодони ҳаёт. (6, 3)

Дар ташреҳи ин абёт бо сароҳат таъкид мегардад, ки «илм абзоре аст барои ҳифзи ҳаёт ва сару сомон додан ба зиндагӣ ва ҳамчунин барои қивом додан тасбияти зоти башар. Илм яке аз васоил ва асбоби кор аст». Хулосаи ин ташреҳ ҳақиқатест, ки таҷрибаи зиндагии башар собит сохтааст, яъне таҳсилу таълим ва тарбият бояд ба инсон зиндагии шарофатмандона, одилона ва маънавиро ато намуда, барои эҳёи зарурати иқтисодӣ, илмӣ ва техникии миллат василае бошад. Дар таҳсилу таълим ва тарбият бояд амалан шӯру шавқе нуҳуфта бошад, то ҳар фарде тавонад суботи иқтисодӣ ва истиқлоли иҷтимоию фарҳангии худро ба даст оварад. Равиши таълим ва тарбияте, ки дар асоси чунин мақсаду ҳадафҳо поягузорӣ шудааст, ба суди инсон ва ҷомеа хоҳад буд.

Рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи амнияти ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад. Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдат,Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рисолати бузурги пуршавқату шукӯҳманд,меъмори қасри тамаддун, бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ ва соҳибқирони самои даврон бо тамоми азму ирода ва нерӯи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста ба рушди илм ва таъмини амнияти миллӣ кард ваэътимоди мардуми кишварросоҳиб гардид.Бешак, танҳо халқи бузург вориси чунин инсони бузург аст ва мо шахсияти нерӯманд ва мӯътабарро шинохта, мақому мартабаи халқро эҳсос мекунем. Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти давлатдориаш баҳри ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамон ҳамеша талошу ҷонбозиҳо кард ва муҷассамаи халқ ва бақоимиллати тоҷикро бунёд сохт.Воқеан, халқи куҳанбунёд ватамаддунофари тоҷик ба истиқболи ҷовидонӣ гардонидани чунин симои фарзонафарзанд ҳамешасаодату пирӯзӣ дорад.

Бузургӣ ва шаҳомати Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки рушди босуботи илму маорифро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва дар таъмини амнияти миллии кишвар масъул ва вазифадор меҳисобад.Дар хақиқат,тавассути соҳибистиқлолу соҳибихтиёрӣва пешрафти илму маориф ормонҳои зубдавуҳадафҳои наҷиби созандагӣ насибамон гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо нуру сафоиэзидӣва башорати покизагӣ соҳибқирони самои даврон гашта,бо раҳнамоиву роҳкушоӣ, пойдории бақои миллатро устувор сохт ва дар раҳи рушди илму фарҳанг муваффақгардид.Бинобар ин, дар ин сафҳаи сарнавиштсози таърихии миллат ваайёми фархундаву фирӯз бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои муҳим ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ бо муҳаббатуиродатмандӣ ҳар як афроди ҷомеаро мебояд,ки кишвари азизамонросидқан ва баробари ҷон дӯст дошта, ватандӯсту меҳанпарасти асил бошанд, шукронаи неъмати бузурги соҳибистиқлолӣ васоҳибватанӣ карда, барои шукуфоӣ ва ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша талош варзанд.

Адабиёт:

  • Мавлавӣ Муҳаммад Ҳусайн. Мебояд дид ва мебояд писандид. Душанбе, Маориф, 2015. - 48саҳ.
  • Ғуломризо Саъидӣ. Андешаҳои Иқболи Лоҳурӣ. -Теҳрон, 1321.
  • Абдусамади Мулло., Кароматуллоҳи Шукрулло. Сабақе дигар,-Душанбе, Аржанг, 2009. -180 саҳ
  • Ғуломризо Саъидӣ. Андешаҳои Иқболи Лоҳурӣ. - 258 саҳ.
  • Абулҳусайни Заринкуб. Аз чизҳои дигар.- Теҳрон, 1379. -263 саҳ..
  • Абдусамади Мулло., Кароматуллоҳи Шукрулло. Сабақе дигар,-Душанбе, Аржанг, 2009. -180 саҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ