Наммомӣ пешаи мардони асил нест
Бузургони адабиёти оламшумули форсу тоҷик дар осори гаронмояи хеш муқарраран перомуни масъалаи зарари туҳмату буҳтон ва суханчинӣ ибрози назар намуда, барои исботи оқибатҳои зараровари ин хислати разилаи инсонӣ аз рӯзгори ашхоси мухталиф ривоятҳо нақл кардаанд ва дар байтҳои алоҳида хулосаҳои худро ҷойгузин намудаанд. Аз ҷумла, Шайх Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» фармудааст:
Миёни ду кас ҷанг чун оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Ё ки Камолиддин Биноӣ дар маснавии «Беҳрӯз ва Баҳром» мегӯяд:
З-он ки бошад намима чун оташ,
Кист наммом? Марди ҳезумкаш.
Гузаштагони мардуми тоҷик ҳамеша аз ин хислати пасти инсонӣ парҳез мекарданд ва суханчину суханчиниро маҳкум месохтанд. Аммо имрӯз сомонаҳое мисли «Ахбор» амал менамоянд, ки ошкоро ин амали носавобро роҳандозӣ карда, мардумро ба гумроҳӣ меандозанд. Онҳо гӯё на тарафдори Ҳукумати қонунии Тоҷикистонанд ва на тарафдори мухолифин, аз амалҳои нопоки худ мункир мешаванд. Худро дилсӯзу ғамхори халқи Тоҷикистон нишон дода, гӯё холисона барои таъмини амният, суботу оромии он талош меварзанд. Онҳо худро бетараф меҳисобанд, лекин дар мағз-мағзи афкорашон бадбинӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ҳифозатии он ҷойгузин аст. Онҳо бо ин амали хеш воқеан ҳам наммомонеро мемонанд, ки бо амалҳояшон «оташ» баланд месозанд ва онро бо ҳавсалаи том тамошо менамоянд, бехабар аз он ки рӯзе худ дар коми он «оташ» фурӯ мераванду ба хокистар табдил меёбанд. Беҳуда ниёгони мо нафармудаанд, ки «бо оташ бозӣ макун!» Ин рафтору амал нуҳусатфарҷом аст.
Хуб мешуд сомонаи «Ахбор» ҳамчун расонаи «мустақил», «холис» ва «бетараф» аз дастовардҳои замони истиқлол ва гулгулшукуфии Тоҷикистон иттилоъ медод, мардумро ба ҷодаи худшиносиву созандагӣ раҳнамун месохт, ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо чашми дил назар карда, воқеъбинона таҳлил мекард. Рафтору кирдорҳои мухолифин ва ҳадафҳои носавоби онҳоро ошкор мекард. Дар он сурат расолати худро назди мардуми шарифи Тоҷикистон ба ижро мерасонд. Бо инкор кардани «овозаҳову гуфтугӯйҳои бардурӯғ», чуноне ки худашон мегӯянд, пеши роҳи ин селро наметавон гирифт ва яқин аст, ки ин сел пойдевори чунин сомонаро аз бех барканад.
Садорати факултети филологияи тоҷик