Нахустмаҳфили инноватсионии донишҷӯён доир гардид

Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои замонавии Барномаи рушди инноватсионӣ барои солҳои 2011-2020 ва ҷалби бештари донишҷӯён ба равандҳои инноватсионӣ, ки муҳимтар аз ҳама ба ташаккули низоми миллии нерӯи зеҳнӣ замина ва шароитҳои мусоид фароҳам месозад, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тадбирҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин замина, нахустмаҳфили инноватсионии донишҷӯён дар назди факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гашт.

Дар маҳфил донишҷӯёни факултет, аз қабили Нилуфар Раҳматуллоева, Отабек Пирназаров, Абдумалик Додоев, Қодирқул Маматқулов бо муаррифии лоиҳаҳои “Замимаи мобилии “Китоби таърихи халқи тоҷик”, “Барномарезӣ дар микроконтроллери Arduino”, “Корти тахфифӣ барои марказҳои сузишворӣ (дар мисоли ширкати ГазЭкспресс)” ва “Mathgame - бозии бачагонаи математикӣ” баромад карданд.

Баъдан устодону донишҷӯён доир ба ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаҳои ироагашта табодули андеша намуданд.

Макрази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ