Наҷотбахши миллат

22 сол муқаддам дар сарзамини тоҷикон, ки ба ҷанги фалокатбор рӯ ба рӯ буд, бо ибтикор ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо кушишҳои доимӣ ва пайвастаиӯ ба ҷанги бародаркуши таҳмилии шаҳрвандӣ хотима дода шуд ва дар ватани тоҷикон сулҳу оромии сиёсї барқарор шуд. Ин тантанаи ақли солим, хираду заковат бар торикиюзулмот буд. Тоҷикон зери сарварии фарзанди хирадманди миллат барои инсоният тарҳи нави хотима бахшиданро ба ҷангҳои дохилӣ пешниҳод карданд, ки ҳамтои онро инсоният аз замони бостонӣто ба ин рӯз надида буд.

“Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофариниши тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар саҳти ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи нави давлатдории тоҷикон бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро барои амали гардонидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстию якдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт”- изҳор кард Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзиваҳдати миллӣ, 27-уми июни соли 2016.

Тоҷикистон, баъди ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ, мебоист дар фазои оромию осоишӣ ва якдигарфаҳмии аҳли ҷомеа, кувваҳои сиёсии он, давлати навини хуро баъд аз ҳазор соли аз байн рафтани аввалин давлати тоҷикон- Сомониён, бунёд намоянд. Аммо, гурӯҳҳои гуногуни сиёсї ва динии кишвар бо иштироки бевоситаи ҳизби Наҳзати ислом барои амали гардонидани мақсадҳои нопоки худ муборизаи яроқнокро бар зидди Ҳукумати қонунии кишвар барои ҷоҳу мансаб сар карданд, раванди поягузории давлати мустақили тоҷиконро халалдор намуда, мавҷудияти миллату давлатро зери хатар гузоштанд.Дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар шуд, панҷ сол идома меёбад ва сари мардуми бегуноҳ азобу кулфатҳои азмимро овард.

Ҷанги шаҳрвандӣ аз рӯи намуд, ин зӯроварии бераҳмонаи яроқнок, ки дар он зӯрї ба ҷои қонун ва ҳуқуқ, ки барои инсон муқаддастарин мебошад, гузошта мешавад. Љангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ дар замони ҳозира чизи нав нест ва он аз қадим мавҷуд буд. Файласуфи бузурги Юнони бостонӣ Афлотун дар асари худ, “ Қонунҳо” менависад, ки “ ду намуди ҷангҳо вуҷуд дорад: намуди аввалро мо ҳама ҷанги дохилї меномем, ки хеле даҳшатовар ва беҳрамона ҳаст; дуюм намуди ҷанг- ин ҷанг бо душманони қабилаҳои дигар, агар онҳо оромии моро халалдор карда бошанд, ин намуди ҷанг аз аввала хеле беҳтар аст.” Гуфтаҳои Афлотун аз он далолат мекунад, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ – ҷанги бераҳмона ва хеле фоҷиаовар барои мардуми кишвар аст.Маҳз дар Тоҷикистон чунин ҷанг сар шуд, ки онро душманони халқу миллат - доираҳои радикалии исломӣ ба сари мардум оварданд.

Аз 9-уми сентябри соли 1991 то Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вай ҳамчун давлати мутамаддинташаккул наёфт, баръксдар ин давра, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаккулнаёфта ном гирифтан мумкин аст, сохтори сиёсии дар ҷумҳурӣ ташкилёфта аз ӯҳдаи ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ баромада натавонист, ки дар натиҷа, дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба амал омад. Тоҷикистонро буҳрони чуқур дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ ва маданӣ фаро гирифт.

Ба Тоҷикистон хатари аз байн рафтан ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва нест гардидани миллати тоҷик таҳдид мекард. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори хирадманд Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ва сарнагуншавӣ наҷот дод. Кӯшишҳои пайвасти ӯ дар роҳи наҷот додани кишвар аз ҷанг ба он овард, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Москва, 27-уми июни соли 1997 ба анҷом мерасад. Гуфтушунидҳои доманадор бо намояндагони мухолифин бо иштирокибевоситаи Президенти кишвар ва дигар тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат, Тоҷикистонро ба сулҳу субот расонид, ки ба овардани сулҳу ваҳдати миллӣ – ин химати шахсии Президенти мамалакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меъмори комили сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Аз ин ҷост, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми декабри соли 2015 Қонун ” Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро қабул кард, ки дар асоси он Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзандааш дар назди миллат - Пешвои миллат эълон мегардад. Эмомалӣ Раҳмон на фақат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балкиАсосгузори давлати соҳибихтёри тоҷикон мебошад. Маҳз Эмомалӣ Раҳмондавлати ташаккулнаёфтаи Тоҷикистонро ба давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона табдил медиҳад. 26-уми октябри соли 2016 мувофиқи Қонуни конститутсионӣ Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори Тоҷикистони мустақил дониста мешавад. Мувофиқи ҳамин қонун дар мамлакат Фонди махсуси Пешвои миллат, Орден ва Мукофоти Пешвои миллат таъсис дода мешавад.

Хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кори осон нества ҳеҷ вақт набуд. Инсоният шоҳиди ҷангҳои зиёде ҳастанд, ки як қисми он дар давоми даҳсолаҳо давом карда истодааст. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар давлати ҳамсоя Афғонистон зиёда аз 40 сол давом карда истодааст. Аз соли 1979 то 1989 дар амалиётҳои дохили 1,5 миллион нафар кушта шуда ва миллионҳо нафар сокинони Афғонистон ин кишварро тарк намуданд. Давоми 13 соли баъдӣ ба Афғонистон вуруд шудани қувваҳои ҳарбии иттиҳоди давлатҳои Ғарб бо сардории ИМА 21 ҳазор нафар кушташуд, Ба Афғонистон 143,5 ҳазор нафар ҳарбиёнро ворид карданд, аммо ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карда натавонистанд. Ин ҷангророҳбарони Афғонистон аз Бабрак Кормал то Ҳомид Карзай, хотима дода натавонистанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Колумбия аз соли 1964 то ҳоло давом карда истодааст, ки дар натиҷаи он 265 ҳазор кушта ва 45 ҳазор нафар бе ному нишон гум шуданд ва 6,8 миллион нафар ҷойҳои сукунати доимии худро тарк карданд.Дар Судон ҷанги шаҳрвандӣ аз соли 1983 то соли 2005 давом кард, ки дар натиҷаи он 2,5 миллион кушта ва 4 миллион нафар гурезагони иҷборӣ гаштанд. Аз соли 2011 то ҳоло ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия давом ёфта истодааст, ки дар натиҷаи он 450 ҳазор аҳолӣ кушта шуданд ва шумораи гурезагон зиёда аз 8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ дар дохилиҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ як қатор ҷумҳуриҳо ба қисматҳо ҷудо шуданд. Дар натиҷаи ин хел мухолифатҳои сиёсї, аз Ҷумҳурии Гурҷистон, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ, аз Ҷумҳурии Молдавия ҳудуди Назди Днепр, аз Ҷумҳурии Озорбойҷон Қаробоғи Кӯҳӣ ва аз Ҷумҳурии Украина вилоятҳои Луганск ва Донетск ҷудо гардиданд.

Барои ҳамин ҳам, хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кори саҳл ва осон набуд.Дархомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва нигоҳ доштани ягонагии он фақат хизмати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои ӯ барои ба ҳам овардани қувваҳои даргир, мардонагию далерӣ ва шуҷоати беҳамтои ӯ хеле бузург мебошад.Сабаби асосӣ дар он аст, ки барои Пешвои миллаторомию осоишии мамлакат, пешрафти ҳаматарафаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ ва маданӣ баланд гардидани нуфузи кишвар дар ҷомеаи байналхалқӣ, беҳтар гаштани дараҷаи зиндагонии аҳолиимамлакат, аз ҳамаи амбитсияҳои сиёсӣ баланд меистад.Барои ӯ манфиатҳои давлати тоҷикон аз манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, минтақавӣ афзалтар мебошад.

Сарвари давлат барои ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама сифатҳои асосии сиёсатмадории худро, ки дар сахтгирӣ, қатъият ва гузашт карданро ба рақибони сиёсӣ истифода мебарад. Яке аз хулафои рошиддин Алӣ (а) фармуда буд: “ Бузургтарин шуҷоъат – ин гузашт кардан аст”.Азбаски, Пешвои миллат сиёсатмадори шуҷоъва хирадманд аст, ӯ ба мухолифин гузашт кард ва барои пойдор кардани сулҳу оромӣ,чунин роҳҳои мухталифро истифода мебарад: а) роҳи муросо бо мухолифин, ба хотири он, ки онҳо низ тоҷик ҳастанд ва Тоҷикистон ватани ҳамаи тоҷикон ҳаст; б) бо гузаштҳои хеле зиёд ба онҳо ва ба эътибор гирифтани манфиатҳои онҳо; в) бо авф намудани ҷиноятҳои содир кардаи роҳбарони муҳолифин ва размандагони онҳо, ки махсус қонуни авф қабул карда шуд ва онҳо аз ҷазо барои содир кардани ҷиноятҳояшон озод шуданд; г) тариқи квотаи 30% иштироки намояндагони мухолифин дар мақомотҳои идоракунии марказӣ ва маҳаллӣ таъмин карда шуд.Вале, дар оянда роҳбарони собиқ мухолифин, алалхусус роҳбарони ҲНИТ ба халқу давлат хиёнат карданд, ки аввали моҳи сентябри соли 2015 ба исёни зиддиҳукуматӣ даст заданд, ки ин хилофи манфиатҳои халқи тоҷик буд.

Таҷрибаи сулҳофаринишии Пешвои миллат дар таърих ҳодисаи нодиртаринмебошад, ки халқҳои гуногуни олам онро меомӯзанд ва дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ истифода мебаранд ва пеш аз ҳама ба як савол ҷавоб меҷӯянд: Барои чи маҳз ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима диҳад,сулҳу амонӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистонро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намояд. Ба ин муаммоҳо пеш аз ҳама, хислатҳои наҷиби шахсии Пешвои миллат ҷавоб медиҳанд:-шахсияте, ки дороимаҳорати фавқуллода ва барҷастаи идоракунии кишварро дорад ва сиёсатмадори машҳур дар ҷаҳони муосир мебошад;- дорои ҷасорат, мардонагӣ ва нотарсӣ ва қаҳрамонӣ мебошад, ки дар солҳои ноороми сиёсӣ дар мамлакат пурра намоён мегардад. Ба ин мисол шуда метавонад иштироки Пешвои миллат дар вохурӣ бо намояндагони мухолифин ва раҳбарияти Афғонистон дар деҳаи Хосдеҳ моҳи декабри соли 1996, ки ин мавзеъ пурра зери назорати дастаҳои яроқноки мухолифин буд.– Пешвои миллат дорои шуҷоъат, далерӣ ва матонати шахси ҳаст, ки инро дар рӯзҳои ба пойтахт ворид гаштани ӯ баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар пойтахт дастаҳои гуногуни яроқнок амал мекарданд. Ё ин ки воқеаҳое, ки дар вақти сафари ӯ ба Хоруғ ва Рӯшони вилояти Бадахшон рух доданд, далерӣ, нотарсӣ, хирадмандӣ ва оқил будани ӯро исбот менамояд. Намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон аз Сарвари давлат боисрор талаб мекарданд, ба ноҳияи Рӯшон нараванд, чунки маркази ноҳия пурра дар ихтиёри силоҳбадастони мухолифин аст, вале ӯ ба назди мардум рафт, силоҳбадастон ӯро печонида гирифтанд, вале ба ӯ зарар расонида натавонистанд, чунки мардум ӯро тарафдорї карданд.Мардуми оддии Бадахшон дар симои ӯ наҷотдиҳандаи миллатро диданд.

Мардуми шарифи кишвар дар симои Сарвари давлат шахсеро диданд, ки барои миллати тоҷик рисолате чун Мусои алайњисалом дошт, гарчи Худованд Мусоро барои наҷоти аҳли яҳуд аз Фиръавн нозил карда бошад, Худованд барои наҷоти миллати тоҷик аз дасти душманони бехирад Эмомалӣ Раҳмонро чунин рисолат дод, чунки Пешвои миллатамон одами оддӣ нест, ӯ инсони комил ва пок аст. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхї оид ба ин рисолатҳои пайғамбарона фармудааст:

Мо барои васл кардан омадем,

Не барои фасл кардан омадем.

Пешвои миллат, дар тамоми давраи рохнамоиаш ба халқу миллат, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам кардани пояҳои вахдат дар кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад ва борҳо таъкид намудааст, ки истиқлолиятро бе ваҳдат тасаввур кардан номумкин мебошад ва баръакс.Барои ҳамин ҳам, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати комили миллӣ мазмуни асосии инкишофи давлатдории тоҷикон дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти ҷомеа мебошад.

Дар солҳои истиқлолият пешрафти иҷтимої-иқтисодї ва мадании ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ва мустаҳкам кардани робитаи байни онҳо, ҳамеша зери назари Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Муҳимтарин омили мустаҳкам гардидани пояҳои Ваҳдати миллӣ – сохтмон ва азнавсозии роҳҳои ҷумҳурїмебошад, ки тамоми минтақаҳоро ба ҳам мепайвандад, ба монанди шоҳроҳҳои Кӯлоб - Калъаи Хумб – Хоруғ – Мурғоб - Қулма (сарҳади Хитой), Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ (сарҳади Ӯзбекистон), Душанбе – Рашт – Ҷиргатол -Қарамиқ (саҳади Қирғизистон) ва ғайраҳо мебошад, ки барои муносибатҳои иқтисодӣ ва мадании онҳо имкониятҳои фаровон ба амал меоварад. Ба ҳамин муносибат, Пешвои миллат қайд мекунад: “ ... роҳ пайвандгари қалбҳо мансуб ёфта, суннату фарҳанги минтақаҳои гуногуни кишварро ба ҳам наздик менамояд ва дар ташаккули ваҳдати миллӣ нақши муҳиму арзишманд мебозад.

Омили дигари мустаҳкам шудани Ваҳдати миллӣ – ин пешрафти баробари иҷтимої-иқтисодии кишвар мебошад, ки дар ин масъала корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Дар минтақаҳои гуногун садҳо иншоотҳои саноатии ҳозиразамон ба кор даромад, ки ба баланд шудани дараҷаи модии мардуми кишвар сабаб мегардад. Инчунин, ба баланд шудани саҳти фарҳангииминтақаҳо диққати аввалиндараҷадода шуд. Ҳоло ҳар як минтақаи ҷумҳури дорои донишгоҳҳо, бахши донишгоҳҳои пойтахт, паҷӯҳишгоҳҳо ҳастанд. Садҳо иншоотҳои маданӣ-маърифатии ҳозиразамон сохта шуд, ки ба мардуми кишвар хизмат расонида истодаанд.

Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ гарави ҳамаи комёбиҳо ва пешрафтиТоҷикистон ва халқи он дар замони ҳозира ва оянда мебошад, Фақат Ваҳдати миллӣ метавонад орзу ва ормонҳои миллатро амалӣ созад. Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид бааҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ чунин изҳор намуд: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардид.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ