Наҳзатиҳо барои худ унвони муносиб ёфтаанд
Як замоне буд, ки қариб тамоми Осиёи Миёнаро босмачиёни шӯришгару ғоратгар ба таври худ гӯиё “ғасб” намуда буданд. Вале ҳамаи ин шӯр ангехтану мардумро ба ҷанг андохтан ва нотинҷ кардани вазъияти ин ё он минтақа аз диди бархе мухолифон хуш буд. Аниқтараш онҳоро ҳамчун равшанзамирон медонистанд. Албатта “равшанзамирон” е, ки барои ҷангҷӯён қуввати дил ҳастанд. Аммо дар асл онҳо босмачию манфиатҷӯёне буданд, ки ҳамеша ба хотири муашаниҷ намудани вазъ талош мекарданд.
Имрӯз низ наҳзатиҳо ва зумрае аз мухолифону душманони миллат низ бо ҷонибдорӣ аз ҳамон босмачиёни “ҳақиқатгӯ” ба худ унвони хос касб кадаанд, ки худро давомдиҳандагони насли онҳо донистаанд. Ҷоизи қайд аст, ки дар ҳақиқат айнан ба мисоли ҳамон босмаҷиён ҳастад, ки беҳуда ва бо суханони бӯҳтонангези худ мардумро шӯр меандозанд ва бар зидди қонунҳои дохили давлатӣ таҳрик менамоянд. Аз тарафи дигар ба нуқтаҳои дарҷгардида дар баёни муаллифе, ки бобати сиёсати дохилии Тоҷикистон сатҳи иқтисодиёт, қонунҳои амалкунандаи кишвар ва маросимҳои давлатамонро зери танқид гирифтааст, бояд донад, ки ин ҳамаи тадбирҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар барои некӯаҳволии мардум аст ва барало мушоҳида шуда истодааст, ки он воситаи хуби зиндагонии мардуми Тоҷикистон гашта шуда истодааст. Ва ин тадбири амали намудаи Пешвои миллатро кулли мардум хуш пазируфтаанд. Ин танҳо аз диду нигоҳи шумост, ки барзидди мардум равона шуда бошад. Ва ин танҳо бӯҳтонҳои ношукроне ба мисоли шумост, ки пешрафти иқтисодиёт ва илму техникаро чашми дидан надоред.
Хоса миллати тоҷик аз ҳамаи иқдомҳои давлату Ҳукумат, ки барои нафъу беҳбудии зиндагонии онҳост, хело хуш пазируфтааст. Ва хуб дарк мекунад, ки маҳз ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба зиндагии осудаҳолона шарафёб гардид.
Маърифат Мавлонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд