Муқтазои табиаташ ин аст
Имрӯзҳо барои ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳадафу мақсади ғаразноки ба ном мухолиф, вале дар асл хоини милату давлат маълум аст, зеро мардуми тоҷик аз ҳамаи ин воқеаву рӯйдодҳо огоҳанд ва хуб медонанд, ки дар ҳар гушаву канор як фарзанди нохалаф пайдо мешавад, чи тавре ки дар урфият мегӯянд “ҳар беша гургу шағоле дорад”. Ва ин шағолсифатон бо ақоиди нопоки худ думболи сайд ҳастанд ва ҳар замоне, ки як ҳодиса рӯй диҳад фурсатро ғанимат дониста нооромиро барпо мекунанд.
Аммо дар асл миллати тоҷик шукронаи обу хоки Ватани азизу соҳибистиқлоли худро мекунад ва ҳамарӯза аз пайи фаъолияти меҳнатӣ, тиҷоратӣ, соҳибкорӣ ва омӯзишу таълим ва тарбияти насли ҷавони тоҷик ҳастанд, ҳатто будану набудани шумо хоинони милат барои онҳо фарқ намекунад, чаро ки онҳо ба давлату ҳукумати Тоҷикистон боварии комил доранд, боварӣ бар он доранд, ки дигар касе ё қудрате ба фазои орому осоиштаи онҳо халал ворид карда наметавонад, онҳо ба қудрати худ бовар доранд. Монд умру амалҳои бесамар ва бенатиҷаи шумо - хоинони миллат!
Дар мавриди Шарофиддин Гадоев бошад, ӯ аз кардаҳои худ пушаймон шуда, ба қадри обу хоки муқадаси ватан расида, бо хоҳиши худ ба ватан бар гашт, ӯ хуб медонист, ки сазои аъмолаш зиндон аст, боз ҳам ба ин нигоҳ накарда, худро таслими кормандони мақомоти қудратӣ кард ва зиндонӣ будан дар ватанро аз озод будан дар хоки бегонаро афзалтар донист.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мухолифони сиёсиро авф карда, дар идораи давлат онҳоро ҳамроҳ карда буд, вале боз ҳам ин ақрабсифатон аз рӯи одат намакдонро поймол карда, аз пайи бесуботии давлати тозабунёд шуданд ва хушбахтона ба мақсади нопоки худ нарасиданд “неши ақраб на аз баҳри кин аст, муқтазои табиаташ ин аст”. Шумо ҳам монанди Гадоев аз кардаҳои худ пушаймон шаведу тавба кунед! Аз ҳамоқатҳои худ даст бардошта дар пешгоҳи миллати тоҷик тавба кунед!
Ин роҳи ҳал нест, ки думболи ҳар баҳоне аз дур ба корҳои давлату ҳукумат бини халонда, худро шармандаву расвои олам насозед, мо боварӣ дорем, ки аз дасти шумо ҳеҷ гоҳ коре намеояд, зеро шумо қудрату тавоне барои амалӣ кардани афкори зишти худ надоред.
Шарипова М.З.-дотсент, номзади илмҳои филологӣ