Муҳокимаи муаммои эктремизм ва терроризм дар матбуот

Дар ҷомеаи муосир мавӯи терроризм эҳтимол беш аз ҳама ифода ва муҳокимашаванда бошад, зеро чи медиаи сатҳи глобалӣ ва чи сатҳи минтақавию маҳаллӣ ҳадал­имкон ба ин масъалаи хушдордиҳанда зиёд рӯ овардаанд. Нисфи вақти эфирии чунин телекорпор­ат­сияҳои аъзими ҷаҳонию минтақавӣ, мисли CNN, BBC, Evronews, Al-jazira, саҳфаҳои оҷонсиҳои бузург- Associated Press, Reuters, France-Presse (AFP), ИТАР-ТАСС иттилооти фаровон дар ба мавзӯи мубориза алайҳи терроризм аст. Интернет, рӯз­номаҳо, маҷаллаҳо, оҷонсиҳо ва дуконҳои китобфурӯшӣ пуропури маводи иттилоотӣ, таҳлилӣ, нигоришӣ, тафсирӣ ва китобҳо оид ба терроризм буда, дар маҷмӯъ фазои иттилоотиро мисли тори анкабуд печидаанд.

Дар ҳамаи шакл намуди медиа иттилоот оид ба амали террористӣ дар мадди аввал, ҳама дигар навигариҳо пас аз он аст. Ин ҷост, ки хабар хоҳ аз ғасби тайёраи мусофиркаш бошад, хоҳ аз таконидани ягон объект филфавр пахш мешавад. Ҳамеша хабари ҳодисаи мудҳиш таваҷҷуҳи инсонро бештар ба худ ҷалб менамояд. Аз ин рӯ медиа кӯшиш менамояд, ки мавод мутобиқ ба ин завқи истифодабаранда тамошобоб, ҷолиб бошад ва ӯ маводро маҳз аз он бигирад.

Инъикоси мавзӯи терроризм дар ВАО кори басо нозук ва масъулияти басо ҷиддӣ аст. Ин ҷо ҳатто як ҳолати таззодӣ мушоҳида мешавад: аз як ҷиҳат баҳри қонеъ намудани талаботи одамон ВАО сайъ менамоянд ҳарчи зудтар ва ҳарчи бештар оид ба амали террористӣ нависанд ва намоиш диҳанд, аз ҷониби дигар шавқу завқи беҳаду беҳамтои аҳолӣ ба иттилоот оид ба терроризм метавонад бурди террористон гардад. Чунки амали террористӣ имкон медиҳад, ки кори наҳси онҳо дар саҳфаи аввали нашрияҳо ва фаврӣ дар эфири мустақими телевизионӣ бошад. Таззодро бубинед, оқибати амали террористӣ - саҳнаҳои хунин, ҷасадҳои парешон, биноҳои аз таркиш яксон, тайёраҳои лахт-лахти дар замин хобидаро ВАО чун кирдори алайҳиинсонӣ, аҳриманӣ, зишт нишон дода, терроризмро чун барандаи марг, вабои аср, ба ҳаёти инсонӣ хатарзо муаррифӣ намуда, дар як вақт дар вуҷуди кас нафрат ба ин кордор бо тарсу ваҳм ҷой мегирад. Нияти террористон ҳам ҳамин аст, дар инсонҳо тарсу ваҳм, ноилоҷиву ночорӣ дар назди ин неруи маргбор, бенизомӣ дар ҷомеа ва норизоӣ аз сохтори сиёсӣ созанд, яъне “афкори ҷомеа”-ро дар таъсир ба дастгоҳи сиёсӣ истифода намоянд. Пас аз амали террористӣ одатан ҷомеа дар ҳолати таҳайюҷ мемонад ва метавонад осон мутобиқ ба матлаби террористон ба дом афтад, амал намояд. Ҳадафи террористон: аввалан, дар вуҷуди одамон ҷой кардани тарсу ваҳм, баъдан бедор кардани шубҳа ба амнияти худ ва ниҳояд дар ин замина ба вуҷуд овардани амалҳои эътирозӣ аст.

Бад ин-сон мақсади ифротгароён дар муносибат ба ВАО ба даст овардани вақти эфирӣ аз амали террористӣ зуд гӯянду намоиш диҳанд, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ҷалб намоянд. Бино ба мантиқи тафаккури ифротгароён, амали террористӣ – ин услуби бечунучаро расонидани иттилоот аз мавқеи сиёсӣ ва комилан комёб шудан ба он. Дар шароити ҷаҳони муосир боз як ҳолати ҳушдордиҳандаи ВАО ва журналистон ҷой дорад: амали террористиро дар медиа инъикос намуда истода, журналист баъзан убур кардани марзи байни иттилоотонии аҳолӣ ва таблиғи терроризмро нафаҳмида мемонад. Ин ҷо як нуктаи басо нозук аст, фаҳмидани ҳадди иттилоотонӣ ва таблиғ.

Масалан, мусоҳибаи як журналистони собиқадори тоҷик бо роҳбари ҳаракати экстремистии “Салафия” (бо ҳукми Суди олӣ фаъолияти он соли 2014 манъ карда шудааст) дар Тоҷикистон, ки дар радиои “Озодӣ” пахш шуда буд. Дар назари аввал журналист гумон кардааст, ки ӯ аҳолиро бо моҳияти фаъолияти “Салафия” аз забони худи роҳбарияти ин ҳаракати экстремистӣ (дар журналис­тика ба даст овардани эксклюзив аз манбаи аввал бурди касбӣ маҳсуб меёбад) шинос мекунад. Лекин ӯ ҳади байни иттилоотонӣ ва таблиғро бо додани икони ибрози андешаҳои хусусияти ифротгароӣ вайрон кардааст.

Воқеан байни иттилоотонӣ ва таблиғ пардаи шаффоф аст. Чанде пеш яке рӯзномаҳои бонуфузи кишвар мақолаи як муҳаққиқи номдорро оид ба омилҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав чоп кардааст. Албатта мақсади муаллиф нишон додани омилҳои хавфноки гаравидани ҷавонон буд, лекин аз дигар кунҷ ба ин масъала нигоҳ кунем, мебинем, ки муаллиф омилҳои тайёри гаравидани ҷавононро ба ин ҳизбу ҳаракатҳо пешниҳод мекунад.

Дар бисёр ҳолатҳо маводи дар медиа чопгардида – ин нигоҳи субъективонаи муаллифон ба муаммову мушкилот аст, ки хусусияти умумигӯӣ дошта, дар онҳо далелҳои исботкунанда ба назар намерасад. Бо вуҷуди ин маҳз чунин мақолаҳо аз ҷониби аҳолӣ чун манбаъҳои беш аз ҳама боэътимод ва орӣ аз шубҳа пазироӣ мегардад. Ин аз он аст, ки аксари журналистон сайъ доранд, ки амали террористиро ҷолибу ҷозиб, бо ҷумла “рангу бӯяш” инъикос ва намоиш диҳанд.

Ин ҷо аз 11 сентябри соли 2001-ум ёд кардан бамав­рид аст, ки аз мудҳиштарин амали террористӣ дар Амрико буд. Тайёраҳои мусофиркаш миёни биноҳои осмонбӯси Маркази тиҷоратии Ню-Йоркро рахна зада, аз ин таркида, аланга гирифта, майдапораҳои аз таркиш паридаи биноҳо, бо пораҳои тайёра якҷоя бо оташ ба поён давада пас аз чанде омехта бо чангу хок боли сари одамон ва техникаи наздикбуда мерезад. Ҳамаи ин манзараи мудҳиш на филмкатастрофаи Ҳоливуд балки воқеяти талхи ҳаёти реалӣ буд, ки мо онро бо тамоми рангу равишаш аз наворҳои CNN дидем.

Аз як ҷиҳат CNN ин манзараи мудҳиши амали террористиро мустақиман намоиш дода, вазифааш хабаррасониро иҷро кард, зеро маҳз тавассути ин наворҳо инсоният дид, ки ба чи гуна хатари ҷиддӣ сарбасар шудааст. Аз дигар ҷониб нияту мароми террористон буд, ки расонаҳои электронӣ, хосатан CNN ин амали онҳоро ба тамоми ҷаҳон нишон диҳанд, ҳар чи бештар аҳолӣ аз кирдори онҳо хабар шаванд, дар дили мардум тарсу ваҳм пайдо шавад, ҳукмравоён ба ночории худ тан диҳанд. Пас бармеояд, ки инро эҳтимол худи CNN нафаҳмида террористонро ба мақсад расонид.

Амали террористии соли 2002, 23 октябр, ки дар Маркази театрии Дубровкаи Маскав равшан нишон дод, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо метавонанд кӯмак кунанд, балки баъдан дар мубориза алайҳи терроризм зарар расонанд. Чи оқибат дод мустақиман нишон додани амалиёти кормандони мусаллаҳи хадамотҳои махсус дар муҳосира кардани бинои театр, ки террористон аз бинои ғасбкардаашон набаромада аз телевизон мушоҳида мекарданд. Боло ин изҳори телевизионии як журналист дар бораи он, ки гӯё ӯ маълумотҳои саҳеҳ дар бораи ҳара­катҳои террористон аз як нафар шиноси асираш тавассути телефон гирифтааст, ба манфиати террористон шуд. Албатта, пас аз шунидани ин онҳо тамоми асиронро кофтуков карда телефонҳои мобелиро мусодира карданд.

Ё ин ки 3 сентябри соли 2010 тахминан солати 08:05 дақиқа Акмал Каримов бо автомашинаи “Волга” дари даромадгоҳи шуъбаи 6-уми РВКД ҶТ дар вилояти Суғдро рахна карда бомбаи дохили автомашинабударо тарконид. Бар асри он худи ӯ ва 3 нафар кормандони шуъбаи зикршуда ба ҳалокат расида, чанд тан ҷароҳатҳои ҷиддии ҷисмонӣ бардоштанд. Хуҷанд мегополиси калон нест, ин ҷост, ки пас аз чанд дақиқа ба ҷойи ҳодиса журналистони расонаҳои худию хориҷӣ ҳозир шуданд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабти ҷойи ҳодиса ва ворид шудан ба биноро манъ карданд, ки ин аз ҷониби расонаҳо чун маҳдуд кардани озодии сухан ва монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналистӣ маънидод шуд. Дар асл дар ҳар кишвари дунё баҳри таъмини амнияти худи журналистон ва монеъ нашудан ба кори муфаттишон дар ҷойи ҳодиса иштироки журналистон маҳдуд карда мешавад. Хосатан ин кор ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ пиёда сохта мешавад. Маҳдудкунии мазкур дар моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” сабт шудааст.

Террористон аз услубҳои зиёд кор мебаранд. Масалан, аз деинформатсия, ки яке аз услубҳои маъмулу корӣ маҳсуб меёбад. Инсони ҷомеаи муосир ғутидаи иттилооти иҳотакарда аст, чунки ҳамарӯза маҷмӯи фаровони иттилоотро аз манбаъҳои гуногун мегирад, ки худаш наметавонад мустақилан ҳазм намояд. Дар асл ба аксари иттилооти дастрасшуда бовар мекунад: баъзан бо сабаби маҳдудияти ҷаҳонфаҳмӣ, камии дониш, баъзан бо сабаби боварӣ ба ин ё он манбаъ, баъзан бо надоштани имконияти санҷидани сареҳии мавод. Чунки одамон куллан дар қолабҳои муайяни шахшуда зиндагӣ мекунанд ва идеологҳои террористӣ онҳоро хуб омӯхтаанд. Баҳри расидан ба мақсад ин идеологҳо аз хизмати журналистон истифода мекунанд, мусоҳиба меороянд, дар бораашон филм супориш медиҳад. Ҳама воқифанд, ки чанд маротиба террористи рақами 1 Усам бенни Лодан аз хизмати телеширкати қатарии Al-jazira истифода кард. Al-jazira баробари пахши мусоҳибаи террористи рақами 1 ғояҳои ӯро ба омма расонид, ки мақсади террористон низ дар ҳамин буд, ҳарчи бештар аз таълимоти онҳо одамони зиёд бохабар бошанд.

Албатта, барои террористон баромад ба нашрияҳои рейтигаш баланд ва эфири телерадиоҳои кишварҳои қудратӣ ба идеологҳои террористӣ душвор ва ҳатто ғайриимкон аст, лекин як расонаи дигар аст, ки ин мушкилоти онҳоро осон кардааст. Ин Интернет - расонаи зудамали арзон аст, ки тавассути он ба доираи васеъи истифодабарандагон расонидани идеяҳои онҳо осон шудааст. Барои террористон Интернет нисбат ба дигар расонаҳо бартарии зиёд дорад: дастрасии осон; камназоратӣ; имконияти бемаҳдуд барои аудитория; зудпаҳншавии иттилоот; махфияти тамосбароӣ; камарзишии кор дар он ва ғайра.

Айни ҳол тамоми ташкилоҳои террористӣ худро дар Интернет муаррифӣ кардаанд. Чун web-сомонаҳои онҳо ногаҳон пайдо мешаванд, биёр вақт шаклашонро дигар мекунанд ва баъдан ногаҳон аз нав нопадид мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо ин нопадидшавӣ намоишкорӣ аст, зеро танҳо суроға дигар мекунанд, муҳтавои маводашон чизе буд ҳамон мемонад. Мақсади террористон метавонанд ҳаршаклу ҳарранг бошанд. Аммо мақсади асосии онҳо ба мафкураи одамон ҷо кардани ваҳму тарс, бедор намудани ночорӣ дар назди амалҳои террористӣ аст. Азбаски Интернет амалан зери нуфузи сензура нест, пахш кардани иттилоот, тасвир, навор, таҳдид манбаи идеалӣ аст.

Ҷанбаи дигар кори идеологҳои террористӣ дар лонаи интертетӣ кушодани ячейкаҳои террористӣ аст, ки онҳо тибқи барномаҳои тарҳрезишуда онҳоро дар кишварҳои гуногун амалӣ месозанд, байни ячейкаҳои аллакай ниммахфи амалкунанда алоқа барқарор менамоянд. Ҳамзамон, тавассути сомонаҳои худ ҷалб кардани одамон ба сафи ҳаракатҳои террористӣ ва иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳона дар кишварҳои ҷангшудаистода: Сурия, Ироқ, Афғонистон.

Як ҳолати дигар ин дар саҳифаҳои интернетӣ зиёд будани адабиёти хусусияти экстремистию террористидошта аст. Воқеан бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин сомонаҳо на танҳо адабиёт оид ба иттиҳодияҳои террористӣ, кору ғояҳои онҳо, ҳамчунин адабиёти зиёд пиромуни сохтори сиёсӣ (масалан “Давлати исломӣ”) оид ба сохтани дастгоҳҳои тарканда, силоҳи кимиёӣ, тайёр кардани ҳар гуна заҳрҳои шадид (“Раҳнамои тайёр кардани заҳр”) ва ғайраҳо.

Дар як вақт оид ба он, ки ВАО аз амалҳои террористӣ гӯянд ё нагӯянд ва ё чи тавр бояд муносибат намоянд баҳс намуда истода, набояд фаромӯш намоем, ки вазифаи он ба ҷомеа расонидани иттилоот асте, ки амнияти ҷомеа таҳдид менамояд, яъне ҷомеа ҳуқуқ дорад донад, ки чӣ гуна қувва, хатар ба амнияти он дорад. Аз ҷониби дигар ВАО ва журналистон бояд донанд, ки маводи пешниҳодгашта барои пахши мақсадҳои террористон истифода нашавад.

Ҳамин тавр аз омӯзиш ва таҳилии мавзӯи махсусият­ҳои инъикоси маводи марбут ба экстремизм ва терроризм дар саҳифаҳои масс-медиа ва истифода аз масс-медиа аз ҷониби идеологҳои террористӣ мо ба баъзе хулосаву пешниҳодҳо расидем:

Аввалан, инъикоси мавзӯи марбут ба терроризм дар саҳифаҳои медиа дорои махсусиятҳои ба худ хос буда, аз муаллифон санҷиши ҳар сухану ҳар фикрро талаб мекунад. Ин ҷо “зарар нарасон” принсипи корӣ бошад.

Баъдан, дар мавриди инъикоси мавзӯи терроризм дар ВАО фаҳмидани ҳадди иттилоотонӣ ва таблиғи идеологӣ муҳим аст. Фарқияти байни иттилоотонӣ ва таблиғро метавонем ба таври зайл ифода намоем: Иттилоотонӣ хусусияти хабардиҳӣ, маълумотрасонӣ, нишон додани сабабу натиҷаи ҳодиса, ҳатто баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ дорад. Маҳз қисмати баҳогузорӣ ва хулосанамоии иттилоотонӣ метавонад махсусиятҳои таблиғӣ гирад ва ё бо мақсади таблиғ истифода шавад, агар ин хусусияти ангезандаи эҳсосот гардад. Махсусияти таблиғ маҳз дар “бедорнамоӣ”, “ангезидани эсосот” аст.

Аз ин рӯ ҳангмои таҳия ва пешниҳоди маводи хусусияти мавзӯи экстремизм ва терроризмдошта муҳим аст, ки ҳар як қисмати мавод бо назардошти махсусиятҳои иттилоотонӣ ва таблиғӣ санҷида шавад.

Ниҳояд, дар шароити фаъол гаштани иштироки идеологияҳои террористӣ дар паҳну пахши ғояҳои заҳролуди ифротгароӣ тавассути расонаҳои интерактивии интернетӣ андешидани тадбирҳои мушаххаси корӣ ва таҷдиди назар ба тактикаи кори марказҳову хадамотҳои матбуотиву робита бо ҷомеаи мақомоту муассисаҳо пеш омадааст. Дар ин замина воқеӣ ва фаъол будани хадамотҳои кор бо матбуот, робита бо ҷомеаи мақомотҳои иҷроия, ҳифзи ҳуқуқ, субъектҳои муборизабаранда алайҳи терроризм бо ҷалби мутахссисисони касбии огаҳ аз техно­логияи муҳорибаҳои иттилоотӣ, иттилоотӣ-равонӣ, зеҳнӣ, ки қобилияту имконияти гузаронидани мониторинг, назорат, омӯзиш, таҳлил, тавзеҳ ва пешниҳод намудани масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои марбут ба терроризм, экстремизм дошта бошанд. Ҳатмӣ ва ба мафиати кор аст, ки дар марказҳои кор бо матбуот ва хадамотҳои робита бо ҷомеа (дар самти кор бо ВАО, иттилоот) маҳз журналис­тони касбӣ фаъолият дошта бошанд, зеро онҳо нисбат ба дигар мутахассисон заминаи донишҳои ихтисо­сии кор бо иттилоот, таъсир, идора ва назорати иттилооту истифода­баран­даи он, сатҳи прагматикӣ ва гносеологии матни иттило­отӣ, дизинформатсия, вижагиҳои бурдани муҳори­ба­ҳои иттилоотӣ, кашмакашиҳои зеҳнӣ ва дигар воситаҳои кор бо иттилоотро доранд.

Комилов Каримбой, устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ