Монеаофарии шаҳрвандони Қирғизистон бар зидди муносибатҳои мусолиҳатомезонаи Тоҷикистон

Ҳодисае, ки дар минтақаҳои марзии ҷамоати деҳоти Овчи қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуҷуд омад, боиси ташвиши кулли сокинони вилояти Суғд гардид. Ин навбат сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон бунёди боз як иншоотро дар ҳудуди заминҳои баҳсӣ ба нақша гирифта, барои татбиқи амалии он шуруъ намуданд. Воқеист, ки сокинони маҳалҳои наздик барои ин амали ғайриқонунии қирғизҳо муқовимат намуданд. Таи ду соли охир аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон барангехтани низоъҳои сарҳадӣ зиёд ба мушоҳида расида истодааст. Зеро қабл аз ин бар хилофи қарордодҳои дуҷониба, дар марзҳои баҳсталааб сокинони Қирғизистон сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуда, буданд, ки он ҳатто ба хунрезӣ оварда расонида буд.

Масъалаҳои сарҳаду ҳимояи манфиатҳои маданию миллии кишварҳои ҳамҷавор метавонад дар муносибатҳои байниҳамдигарии Тоҷикистону Қирғизистон мушкилиҳо ва мухолифатҳоро пеш гузоранд. Аммо раванду ҳаводиси рўзҳои охир нишон медиҳанд, ки на ҳама вақт муносибатҳо дар сатҳи зарурию дилхоҳ ба вуқӯъ меоянд. Ҳолати мазкур бори дигар тақозо менамояд, ки густариши робитаҳо ва муносибатҳо ба фоидаи тарафайн бояд сурат бигиранд. Дар муносибатҳои байниҳамдигарии ин ду кишвари ҳаммарз масъалаҳо кам нестанд. Ҷониби Қирғизистон бояд дарк намояд, ки вазъияти бавуҷудомада на танҳо масъалаҳо, балки монеаҳои зиёдеро садди роҳи такмили муносибатҳои байниҳамдигарии кишварҳоро ба миён меоварад. Яке аз монеаҳои рушди муттасили муносибатҳо ба соҳаи сиёсию ҳарбӣ марбут аст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки имкониятҳои вусъати муносибатҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон мавҷуданд. Ҳар ду кишвар метавонанд дар сохтмони ҳаёти нав, такмили муносибатҳо ва таҳкими равандҳои демократӣ ва истиқлолияти воқеӣ ба ҳамдигар мусоидат намоянд.

Комилова Зилола омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ