Мо тарафдори сулҳ ҳастем
Воқеаҳое, ки имрӯзҳо дарВилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рух медиҳанд, ҳамаи халқи тоҷикро ба ташвиш андохта истодааст, чункиҳамаи даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳоло ҳеч кас фаромўш накардааст.Хушбахтона, дар кишварамон тинҷӣ, оромӣ барқарор шуд. Мақсади баъзе «лидер»-они ғайрирасмӣ ба ҳама аён аст. Онҳо барои манфиати ғаразнокии худ аз баъзе ҷавонони гумроҳ истифода бурда истодаанд. Оё он ҷавонон оқибати ин митингбозиҳоро дарк намекунанд?Оё онҳо аз шароити зисти халқи Афғонистон бехабар ҳастанд?
Дар куҷое, ки ба қонунҳо амал намекунанд, дар онҷо касоне пайдо мешаванд, ки аз сабабӣ манфиатҳои ғаразнокӣ худро «лидер»эълон мекунанд.Хушбахтона, ҳукуматихудро дорем, ки аз ҷонибиҳамаидавлатҳо эътирофкардашудааст ва роҳ намедиҳад, ки ҳеҷ кас сулҳу оромии кишварро вайрон кунад.Қонун барои ҳама як аст, кормандони ВКД дар Хоруғ вазифаи худро иҷро карда истодаанд. Мо халқи Бадахшонро, ки бениҳоят бомаърифат ҳастанд, эҳтиром мекунем вабоварӣ дорем, ки онҳорафтори баъзе «лидер»ҳои ғайрирасмиро дастгирӣнамекунанд.
Аъзоёни кафедраи методикаи
таълими забони хориҷӣ