Мо набояд ба суханҳои бардурӯғи хоинони ватан гўш андозем

Дар ҳар давру замон шахсоне вуҷуд доранд, ки оромию суботи ҷомеаро намехоҳанд ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунанд. Мисоли гуфтаҳо имрўзҳо дар сомонаҳои интернетӣ аз тарафи хоинони ватан ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ ва пайравони онҳо босмачиёнро ҳимоя мекунанд. Аз таърих ба мо маълум аст, ки дар ибтидои асри ХХ ҳаракати босмичигарӣ зуҳур намуд. Босмачиён – ҳамон авбошоне буданд, ки таҳти шиорҳои динӣ мардуми осоиштаро ғорат намуда, мардумро хонавайрон намудаанд. Он замон пешвоёни босмачиҳо мардумро барои ҷиҳод даъват намуда, аз баъзе кишварҳо дастгирии молиявӣ дар шакли лавозимоти ҳарбӣ ва пулӣ нақд мегирифтанд. Ин ҳаракат ва таҷрибаи бадастомада баъдтар аз ҷониби босмачиёни муосир – Ҳизби ба ном наҳзати ислом моҳирона истифода карда шуд.Онҳо ҳаракати босмачигариро аз нав эҳё намуданд. Дар ҳар ду ҳолат – ҳам ибтидои асри ХХ ва ҳам ибтидои солҳои навадум ваҳшонияти босмачигарӣ аз ҳам фарқ надошт – ба гурўҳҳо тақсим намудани мардум, истифода аз арзишҳои динӣ, қатлу куштори мардуми бегуноҳ мисоли гуфтаҳои боло мебошанд.

Таҷрибаи чандин кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар мамлакатҳо ба шарофати чунин ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ авҷ гирифта, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст. Аз ҳама мисоли рӯшан Афғонистон аст, ки тӯли беш аз 40 сол мардумаш аз ақидаҳои мухталифи динӣ ранҷи бениҳоят мекашанд.

Боиси нигаронист, ки дар баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иғвоангези «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувваи бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату буҳтон мерезанд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш роҳу усулҳои зиддиинсониро истифода мебурданд, инҳо низ дар ин самт аз ҳаммаслакони як аср пешинаи хеш ҳеҷ камие надошта, баръакс аз онҳо мегузарониданд.Мо набояд ба суханҳои бардуруғи хоинони ватан, ки берун аз кишвар истода оромиву суботи кишварро дида наметавонанд гўш андозем. Мо бояд истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Наимҷон Бердишукуров, мудири кафедраи

умумидонишгоҳоии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ